Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп барои бунёди девор дар марзи Мексика $8,6 миллиард мехоҳад


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп дар чаҳорчӯби мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи муахаддир барои бунёди девор дар марз бо Мексика аз Конгресс 8,6 миллирад доллар мехоҳад.

Ин рақам шаш баробар бештар аз ҳаҷми маблағест, ки барои тарҳҳои марбут ба ҳимояи марз дар соли равон ва соли оянда ҷудо шудаанд. Талаби Трамп барои тахсиси ин маблағ охири соли гузашта ба "шатдаун" ё қатъ шудани фаъолияти ҳукумат расонд, ки 35 рӯз идома кард ва тӯлонидарин дар таърихи Амрико буд.

Биноба ба маълумоти The Washington Post 5 миллиардро Доналд Трамп аз буҷаи Вазорати амнияти дохилӣ ва 3,6 миллиардро аз буҷаи Пентагон дастрас карданист.

Демократҳо мухолифи девор буда, онро харҷи беҳуда ва ғайриахлоқӣ медонанд ва азбаски назорати Палатаи намояндагон бо демократҳост, баъид аст, ки онҳо дархости Президентро қонеъ кунанд. Лидери демократҳо дар Конгресс Нэнси Пелоси ва Чак Шумер аз ҳоло раҳбари давлатро аз муқовимати навбатӣ ҳушдор доданд.

Бунёди девор дар марз бо Мексика дар маъракаи пешазинтихобтии соли 2016 аз ваъдаҳои номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп буд. Шиори "ба анҷом расонидани девор" ҳоло аз шиорҳои аслии Трамп барои интихоби дуборааш дар соли 2020 аст.

XS
SM
MD
LG