Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“На Эронем, на Куриёи Шимолӣ”. Эътирози садҳо нафар дар Русия


Садҳо нафар рӯзи 10-уми март дар баъзе аз шаҳру минтақаҳои Русия алайҳи "инзивои Рунет" (бахши русии Интернет) дар ин кишвар тазоҳурот карданд.

Бино ба қонуне, ки моҳи феврали имсол аз тарафи Думаи давлатӣ қабул шуд, Русия имкони техникиеро фароҳам меорад, то бахши русии Интернет (Рунет) ҷудо аз Интернети ҷаҳонӣ фаъолият кунад.

Рӯзи якшанбе дар Хабаровск даҳҳо нафар гирдиҳам омаданд. Дар Маскав пеш аз баргузории эътироз мақомҳои пулис чанд нафар, аз ҷумла фаъолони ҳизби сабтнашудаи Либертарианиро боздошт карданд. Тазоҳурот дар Воронеж ва минтақаҳои дигар низ дар назар аст.

​Лоиҳаи қонуни "инзивои Рунет" моҳи декабри соли 2018 вориди порлумони Русия шуда буд. Тарҳро раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия Андрей Клишас ва вакили Думаи давлатӣ Андрей Гуловой омода кардаанд.

Мақомоти Русия гуфтанд, ин иқдом ба хотири рӯзи мабодо ва бо нигаронӣ аз эҳтимоли "ҳамлаҳои густардаи киберӣ аз тарафи Ғарб" гирифта шудааст.

Беш аз 300 вакили Думаи давлатӣ аз ин қонун пуштибонӣ карда, наздики 50 нафар зидди он раъй доданд. Тахмин зада мешавад, ки барои ҷудо кардани Рунет аз Интернети ҷаҳонӣ 20 миллиард рубл зарур аст.

Мухолифони “инзивои Рунет” дар Русия рӯзи 10-уми март дар изҳороти расмии худ гуфтаанд, “мо, шаҳрвандони Русия, аз фишории пайваста барои тангтар кардани фазои озодӣ ва ҷорӣ кардани қонунҳои таъқиботӣ хаста шудем. Русия на Эрон ва на Куриёи Шимолист. Мо бахше аз дунёи мутамаддин ҳастем."

Мухолифон ҳукумати Путинро муттаҳам кардаанд, ки ҳама корро мекунад, то Русия ба ақибмондагии худ аз Ғарб идома диҳад. Онҳо мегӯянд, "анкабути сензура" ба ҳама бахшҳои ҳаёти онҳо тор танидааст.

Александр Исавнин, яке аз ташаббускорони гирдиҳамоии рӯзи якшанбе дар хиёбони Сахарови Маскав дар суҳбат бо бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, "Интернет бо он ҷолиб аст, ки дар он метавон табодули иттилоъ кард, ба тиҷорат машғул шуд ва суҳбат намуд. Қонуне, ки вакилони мо дар хониши аввал қабул карданд, ба онҳо имконият медиҳад, ҳарчӣ дилашон хост бикунанд. Дар ҳолати беҳтарин будҷаро кам мекунанд ва дар ҳолати бадтарин ба мо як Куриёи Шимолӣ месозанд.”

Қонуни "инзивои Рунет" дар расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва миёни ширкатдорони бозори мобилӣ як сол сол боз танқид мешавад.

XS
SM
MD
LG