Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ аз Покистон хост, ки зидди террористон иқдом кунад


Ҳасани Рӯҳонӣ
Ҳасани Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, аз Покистон хостааст, ки дар мавриди ҳамлаи интиҳории як моҳи пеш дар минтақаи марзӣ иқдоми қотеона карда, гунаҳкоронро ҷазо бидиҳад. Хабаргузории давлатии ИРНА навишт, ин суханонро Рӯҳонӣ дар суҳбат бо Имрон Хон, нахуствазири Покистон рӯзи нуҳуми март баён кардааст. Ӯ афзудааст, ҳеч иқдом накардани Покистон шояд равобити миёни ду кишварро ба хатар биандозад.

Дар ҳамлаи интиҳории рӯзи 13-уми феврали имсол дар минтақаи марзии миёни Эрону Покистон 27 узви Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ кушта шуданд. Масъулияти ҳамларо гуруҳи тундрави “Ҷайш-ул-адл” ба уҳда гирифтааст. Ин гуруҳ муддаӣ аст, ки талош дорад шароити зиндагӣ барои ақаллияти балуҷ беҳтар гардад.

Ба гузориши ИРНА, Имрон Хон ба Ҳасан Рӯҳонӣ гуфтааст, нерӯҳои Покистон ба паноҳгоҳҳои террористон наздик шудаанд ва “хабари хуш барои Эрон дар роҳ аст”.

Ба асоси гузориш, Рӯҳонӣ рӯзи шанбе гуфтааст, нерӯҳои эронӣ омадаанд, то дар ҳамоҳангӣ бо Исломобод ба террористон посухи қатъӣ бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG