Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ аз сарнaвишти занҳои рӯзноманигори зиндонӣ ёдовар шуд


CPJ - Харитаи хабарнигорони зиндонӣ
CPJ - Харитаи хабарнигорони зиндонӣ

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигрон, мақараш дар Ню Йорк, дар Рӯзи Байналмилалии Занон таваҷҷӯҳи ҷаҳонро ба сарнавишти журналистони зан ҷалб кард, ки дар робита ба фаъолиятҳои хабарнигорӣ зиндони шудаанд.

Ин созмон рӯзи 8 март бо нашри як блог навишт, ки аз 251 рӯзноманигори зиндонӣ, ки моҳи декабр дар зиндон қарор доштанд, 33 нафараш зан буд.

CPJ мегӯяд, ҳади ақал яке аз онҳо - хабарнигор ва наққоши турк Зеҳра Доган, ки бо ҷурми фаъолиятҳои зиддидавлатӣ зиндонӣ шуда буд, моҳи гузашта раҳо шуд.

Туркия аз бузургтарин маҳбускунандаи хабарнигорон дар ҷаҳон, аз ҷумла занон аст. Аз 68 хабарнигори зиндонӣ дар ин кишвар 14 нафар занҳо буданд. Яке аз онҳо - Хадиҷа Думан бо иттиҳоми узвият дар ҳизби мамнуи Маркстистӣ Ленинӣ ва Коммунистӣ барои якумр зиндонӣ шуд, иттиҳоме, ки Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон баъди омӯзиши санадҳои додгоҳи беасос мешуморад.

Чин ҳафт зани рӯзноманигорро дар зиндон нигаҳ медорад. Се нафари онҳо барои пӯшиши сарнавишти мусалмонҳои уйғур дар Шинҷон зиндонӣ шудаанд.

Арабистони Саудӣ чаҳор хабарнигори занро зиндонӣ кард, ки хонаводаи салтанатиро барои манъи ронандагии занон танқид карданд.

Дар Исроил бошад ду зани блогнавис барои танқид, ки ҳукумати Исроил, мақомоти Фаластин ва гурӯҳҳои тундрави исроилиро ҳадаф гирифта буд, аз озодӣ маҳрум шуд.

Ветнами Коммунистӣ ду зани рӯзноманигорро барои "таблиғоти зиддидавлатӣ" ва Миср ду хабарнигорро бо иттиҳоми марбут ба "фаъолиятҳои зиддиавлатӣ" ва пахши хабарҳои "тақаллубӣ" равонаи зиндон кард.

Гуфта мешавад, ки дар Сурияи ҷангзада соли 2009, ягона зани журналист Талал ал- Маллоҳӣ бо иттиҳоми гӯё "ҷосусӣ ба фоидаи ИМА" ба зиндон рафт.

Созмони ҳимоят аз рӯзноманигорон мегӯяд, хабарнигорони зан дар зиндон мавриди бадрафторӣ, хушунат, аз ҷумла хушунати ҷинсӣ ва латтукӯб қарор мегиранд.

XS
SM
MD
LG