Вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу гуфт, кишварҳои ҳампаймон дар НАТО набояд дахолат кунанд, ки Анқара аз кӣ силоҳ мехарад.
Дар ин бора расонаҳои туркӣ рӯзи чоршанбе иттилоъ доданд. Департаменти давлатии ИМА ахиран Туркияро барои харидории маҷмаи зиддимушакии С-400 аз Русия танқид карда буд.
Човушоғлу вокуниши Вашингтон ба харидории маҷмаи зиддимушакӣ аз Русияро "ҳайратовар" номид. Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Туркия, Анқара маҷбур буд, аз Русия сохтори зиддимушакӣ бихарад. Ӯ ҳарчанд аз ИМА ном набурд, вале гуфт, баъзе аз кишварҳо солҳо инҷониб ба Туркия монеа эҷод мекарданд, ки ҳама гуна навъи силоҳро харида натавонад.
Мавлуд Човушоғлу афзуд, кишварҳое, ки ба Туркия силоҳ нафурӯхтанд, ҳаққи дахолат ба силоҳхарии Анқараро надоранд.
Департаменти давлатии ИМА чанде пеш бо нашри як изҳорот ба Туркия ҳушдор дод, ки аз харидории маҷмаи зиддимушакии С-400 даст кашад. Дар изҳорот омадааст, ки агар Анқара қарордодро бо Русия бекор накунад, Вашингтон барномаи интиқоли ҳавопаймоҳои ҷангии F-35 ба Туркия бознигарӣ хоҳад кард.
Туркия соли 2017 барои харидории маҷмаи зиддимушакии С-400 бо Русия қарордод имзо кард. Анқара ҳамчунин охирҳои соли гузашта барои харидории маҷмаи зиддимушакии "Патриот" бо ИМА ба маблағи 3,5 млрд доллар шартнома баст.