Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Салом, ба шумо нома расид". Достони зани хаткашони тоҷик. ВИДЕО


Майрам Шомаҳмадоваро дар ноҳияи Рӯдакӣ хурду бузург мешиносанд. Ӯ хаткашон аст ва инак 35 сол аст, ки ба хонаҳои сокинони маҳаллӣ номаву барқия ва нашрияву маҷалла мерасонад.

  • Нақши фаъоли интернет дар зиндагии мардум ва истифодаи фаровони сокинон аз паёмрасонҳои телефониву почтаи электронӣ ҳаҷми кори хаткашони 55-соларо чандон кам накард.

Тафовут ин аст, ки ба фарқ аз гузаштаҳо, сокинони маҳаллӣ бештар аз кишварҳои дури мисли Аврупову Амрико номаҳо ва идораҳои давлатӣ мисли гузаштаҳо санаду ҳуҷҷатҳои кориро дар конверт ё хат дарёфт мекунанд.

Ҳар фасли сол як бор ва ё соле се-чаҳор бор бояд пойафзоли нави бепошта бихарад, то ки ҳангоми роҳгардӣ азият нашавад. Пиёдагардии зиёдро барои худаш аслан мушкил намедонад ва мегӯяд, ин ҳам як варзиши бадан аст

Майрам Шомаҳмадова баъди беш аз се даҳсола кор, аз вижагиҳои кори хаткашонҳои тоҷик шинохти худро дорад. Масалан, мегӯяд ӯ, агар дар солҳои шӯравӣ дарёфт кардани номае аз хориҷаи дур як ҳодисаи камназир буд ва паёмрасонӣ бештар дар ҳудуди Иттифоқи Советӣ анҷом мешуд, ҳоло бештари номаҳои хаттие, ки мерасанд, аз хориҷаи дур – Ғарбу Аврупо ҳастанд. Аксари мухотабони номаҳои шакли қадима солмандон мебошанд, ки дӯстону ҳамсояҳо ва наздиконашон ба Аврупову Ғарб кӯчида, аз қораҳои дури сайёра барояшон аз тариқи почтаи маъмулӣ нома мефиристанд:

“Ин номаҳо бештар аз Ҳолланд, Амрико ва Украинаву Русия меоянд. Соли гузашта ман ба се хонавода номаҳои табрикотии фарзандонашонро расонидам, ки онҳо аз Амрико фиристода буданд. Дар ноҳия мардуми рустабор ҳам кам нестанд ва ба онҳо ҳам пайвандонашон аз Русия аз тариқи почта мактуб ирсол мекунанд. Ҳарчанд номаҳои берун аз Тоҷикистон зиёд нест, аммо ҳар рӯз дар дохил то 20 мактубро ба соҳибонашон мерасонам.

Ба гуфтаи ӯ, дар солҳои пеш кори хаткашонҳо мушкил буд ва рӯзномаву маҷалла ва мактубҳо зиёд буданд ва дар як сафар намешуд ҳамаи онро расонд. "Борхалта оддӣ буд, онро мебардоштам, то 40 кило ҳам вазн дошт, гоҳи дигар маҷбур мешудам онро ду тақсим карда ду бор ба деҳаҳо равам",-таъкид кард ӯ.

Майрам Шомаҳмадова - хаткашоне аз ноҳияи Рӯдакӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00

Мактубу паёмҳои хаттии ӯ дар баробари мардуми деҳоти мухталиф, бояд ба додгоҳ, додситонӣ, идораи андоз ва дигар сохторҳо бирасад. Як вазифаи дигари ӯ - ирсоли маблағ ба маҳбас аст. Бархе волидони кӯҳансол пулҳои худро ба Майрами хаткашон бовар мекунанд, чунки медонанд, ки бо дасти ӯ пайғомашон ҳатман ба дасти азизони зиндониашон мерасад.

Зимнан, ба кори хаткашонӣ Майрам Шомаҳмадова дар 15-солагӣ, бо нигоҳ ба кори як хаткашони руси маҳаллӣ, ошиқ шудааст. Мегӯяд, солҳои охири 1970 оғози 1980-ум, замоне, ки писарҳо дар артиш хидмат мекарданд ваё фарзандон барои таҳсил ба Маскаву шаҳрҳои дури Иттиҳоди Шӯравӣ мерафтанд, омадани хаткашон барои хонаводаҳо ид буд.

Вақте мактабро хатм карду натавонист дар донишгоҳ таҳсил кунад, корро ба ҳайси коромуз дар почтаи ноҳияи Рудакӣ (Ленини собиқ) шуруъ кард. Баъдан омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияро хатм кард ва кори хаткашонии худро идома дод. Ӯ мегӯяд, он замон миёни ҳашт хаткашонзани рус ягона духтари тоҷик буд ва бисёриҳо ба ӯву кораш бо ҳайрат менигаристанд.

“Вақте ки кори почтаи тоҷик хуб буд, аз 20 то 40 кило номаву нашрияҳоро дар борхалтаҳо бор карда ба кӯча мебаромадам. Шавҳарам борҳо бо шӯхӣ мегуфт, ки мисли гадоҳо бо борхалта дар кӯчаҳо нагардам, аммо ман ки ин касбро дуст медоштам, мегуфтам, ки кор мекунам. Орзу доштам, ки фарзандонам дар донишгоҳ дохил шуда таҳсил кунанд. Ба ҳамин орзуям ҳам расидам ва ин кор ҳам аз баракати хаткашонӣ буд"-, мегӯяд ӯ.

Даҳҳо километр роҳ дар як рӯз

Имрӯз ҳам Майрам Шомаҳмадова ҳар субҳ аз хона берун шуда аз пайи кор мешавад. Ҳамарӯза даҳҳо километр роҳро пиёда тай мекунад. Ҳаво гарм аст ё сард, барф аст ё борон, вазифаи аслии ӯ бурда расонидани номаву барқияҳо ба соҳибонаш аст. Ӯ моҳона бештар аз 400 сомонӣ муодили 45 доллар маош мегирад. Ин маблағ барои таъмини рузгор кофӣ нест, аз ин рӯ харҷи асосии рӯзгор аз ҳисоби писари муҳоҷираш дар Русия ва шаҳвараш мебошад.

Маоши ӯ бештар сарфи хароҷоти худаш мешавад: кори хаткашон гашту гузори зиёдро талаб мекунад, аз ин рӯ, ба ҳисоби хонум Майрам, пойафзолаш фарсуда мешавад. Ҳар фасли сол як бор ва ё соле се-чаҳор бор бояд пойафзоли нави бепошта бихарад, то ки ҳангоми роҳгардӣ азият нашавад. Пиёдагардии зиёдро барои худаш аслан мушкил намедонад ва мегӯяд, ин ҳам як варзиши бадан аст.

"Рисолати ҷиддӣ дорам"

​Майрам Шомаҳмадова мегӯяд, ба унвони як шахси паёмрасон рисолати хеле ҷиддӣ дорад. Ҳодисаҳои зиёдеро шоҳид шудааст, ки номаҳои расондаи ӯ хонаводаеро мотамзада кард ва дар чунин лаҳзаҳои сахту фоҷеабор бархе ба паёмрасони "хабарҳои шум" ҳам гӯё душман шуданд.

“Ин хел ҳолатҳо бисёр буд, ки бояд хабари марги як узви хонаводаро бо мактуб ба пайвандонаш мерасондам.Ё номаҳое, ки аз суд ё зиндонҳо ба волидонашон ирсол мешуд. Барои ман расонидани ин мактубҳо осон набуд, то бурдани он ғамгин мешудам, баъзан гиря мекардам. Ҳолатҳое ҳам буд, ки онҳо маро дар марги пайванди худашон гунаҳкор мекарданд ва фикр мекарданд номаро ман навиштаам”.

Чунин қиссаҳо дар давраи ҷанги дохилии Тоҷикистон зиёд буд, мегӯяд хаткашон. Дар он давраи бесарусомонӣ ҳам ӯ корро тарк накард, деҳа ба деҳа гашта, ба мардум номаву паём мебурд ва барои сокинони кӯҳансоли деҳот нафақаи ҳармоҳаро ҳам тақсим мекард. "Он замон ҳар нафар интизори омадани хаткашон буд",- мегӯяд ӯ.

Подоши кори паёмрасони хабарҳои шод

Вале боз ҳам дар бештари ҳолатҳо натиҷаи кори ӯ лаҳзаҳои хушҳолкунандаи бештар доштааст. Мегӯяд, чандин ҳодисае шудааст, ки номаи овардааш як хонаи ғамзадаву мотамгирифтаро рӯшан ва хушбахт кардааст. Масалан, рӯзе номае аз фарзанди чандин сол бедаракшудае дар Русия баробар бо хабари таваллуди тифли нав буд. Майрам Шомаҳмадова мегӯяд, ки дар рустоҳо имрӯз ҳам анъанаи қадимаи қадрдонии хаткашон ҳифз шудааст: ба ӯ ҳатман як нони гарм ва ширинӣ медиҳанд.

Ҳамкорон ҳам Майрам Шомаҳмадоваро эҳтиром мекунанд ва мегӯянд, ки ба фарқ аз бисёр хаткашонҳои дигар ӯ ба сахтии кору камии маош нигоҳ накарда, ба касбаш содиқ монд. Абдумаҷид Яхшибеков, сардори муассисаи алоқаи почтаи ноҳияи Рудакӣ мегӯяд, Майрам Шомаҳмадова тамоми кунҷу канори ноҳияро азёд медонад ва ҳар кӯчаву рақами хонаро ҳам дар хотир дорад. “Майрам кучаҳоро аз ёд медонад. Ҳатто як вақт хонаҳо рақам надошт ва мо вақте дилхоҳ манзилро мегуфтем, ӯ медонист, ки соҳибаш кӣ аст",-мегӯяд ӯ.

Майрам Шомаҳмадова як корманди ширкати "Почтаи тоҷик" аст, ки аз соли 2017 танҳо ширкатест, ки иҷозаи хаткашониву муросилотро дар Тоҷикистон дорад. Баъди ду сол пеш қатъ шудани фаъолияти почтаҳои байналмилалии босуръати DHL, UPS, TNT ва Pony Express, ки аз ҳаққи идомаи кор маҳрум шуданд, масъулияти ирсоли номаву муросилот ба дӯши ширкати "Почтаи тоҷик" гузашт. Ин тасмим боиси интиқоди зиёд шуд ва ба ҷараёни додугирифти босуръат ва замонавии муросилоти кориву муҳим аз хориҷа таъсир расонд.

Майрам Шомаҳмадова мегӯяд, дар бораи шеваи кори почтаҳои замонавии байналмилалӣ хабар надорад ва ҳаминро медонад, ки дар наздиктарин солҳо кори мисли ӯ хаткашонҳои собиқадор кам намешавад.

XS
SM
MD
LG