Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолонро барои шиорпартоӣ бар зидди Сталин боздошт карданд


Зане дар Русия ба ҳайкали Сталин таъзим мекунад. 5 март, 2019
Зане дар Русия ба ҳайкали Сталин таъзим мекунад. 5 март, 2019

Дар маъракаи бахшида ба 66-умин солгарди даргузашти Иосиф Сталин дар майдони Сурхи шаҳри Москва ду фаъоли тарҳи "Декоммунизатсия"-ро боздошт карданд. Фаъолон бо ҳаво додани гулҳо ба пайкараи Сталин фарёд заданд, ки "дар оташи ҷаҳаннам бисӯз, ситамгари мардум ва қотили занону кӯдакон".

"Имрӯз дар майдони Сурх базми бадиҳо буд. Ба назари ман, вақте бадиро мебинед ва садо баланд намекунед ё ҳадди ақал онро шарҳ намедиҳед, пас шумо ҳам дар он шарикед", - гуфт фаъоли "Декоммунизатсия" Евгений Сучков ба хабарнигори НВ баъди раҳоӣ аз шуъбаи пулис.

Ҳизби коммунисти Русия ҳамасола 5 март иқдоми "Ду гули мехак ба рафиқ Сталин"-ро баргузор мекунад. Фаъолон ба назди оромгоҳи Ленин замоне омаданд, ки дар онҷо коммунистҳо ҷамъ шуда буданд ва миёни онҳо муноқиша сар зад. "Вокунишҳо хеле тунду сахт буданд. Ба ман гуфтанд, даф шав аз инҷо", - гуфт Сучков.

Дар натиҷа кормандони пулис фаъолонро боздошт карда, ба шуъба бурданд. "Худи маъмурони пулис намедонистанд, ки чаро моро боздошт мекунанд. Онҳо танҳо дастурро иҷро мекарданд. Ман дидам, чи гуна корманди Хадамоти федеролии муҳофизин ба маъмури пулис маро нишон дода, гуфт, ки ӯро боздошт кунед. Вақте ман гулро ҳаво дода, золим гуфтам, дастур дод, ки дастгираш кунед", - изҳор дошт фаъоли боздоштшудаи дигар Олга Савченко.

Маъмурони ҳифзи ҳуқуқ танҳо пас аз ҳозир шудани намояндаи Ҳизби коммунисти Русия ба шуъбаи пулис ва навиштани шикоят ба фаъолони боздоштшуда хабар додаанд, ки ба "майдаавбошӣ" айбдор мешаванд. Фаъолон 500 рублӣ ҷарима ва озод шудаанд.

Дар ҳамоише, ки Ҳизби коммунистии Русия бахшида ба солгарди даргузашти Сталин дар пойтахти он кишвар баргузор кард, ҳудуди 500 нафар иштирок доштанд.

Иосиф Сталин, ки ҳудуди 30 сол давлати шӯравиро раҳбарӣ кард, 5 марти соли 1953 даргузашт. Таъқибҳои даврони шӯравӣ маҳз дар давраи раҳбарӣ ва бо имзои ӯ сурат гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG