Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷойгоҳи миллиардерҳои Қазоқистон дар феҳристи Forbes боло рафт


Динара Қулибоева -духтари президент Назарбоев
Динара Қулибоева -духтари президент Назарбоев

Ҷойгоҳи панҷ сарватманди қазоқистонӣ дар маҷаллаи амрикоии Forbes, ки ҳамасола рӯйхати сарватмандтарин одамони сайёраро нашр мекунад, боло рафт.

Дороии умумии зану шавҳар Қулибоевҳо - духтари миёна ва домоди президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев - ба 6,4 миллиард доллар расидааст.

Соҳиби ширкати KAZ Minerals plc ва корпоратсияи "Казахмис" Владимир Ким дар як соли охир дар раддабандии маҷалла чанд зина боло рафт. Ӯ имсол мақоми 424-ро касб кард дар ҳоле, ки соли гузашта дар мақоми 776 буд. Сарвати Ким дар як сол 1,5 миллиард доллар афзоишӯ ёфт ва ба 4,6 миллиард доллар расид.

Дар як соли охир сарвати Қулибоевҳо - духтар ва домоди президент Назарбоев, тағйир наёфт ва дар сатҳи 6,4 миллиард доллар боқӣ монд. Маҷаллаи амрикоӣ менависад, аз сарвати умумӣ 3,4 миллиард ба Динора Қулибоева ва ҳамин миқдори дигар ба ҳамсараш тааллуқ дорад. Соли гузашта зану шавҳар дар раддабандии маҷалла дар ҷойи 729 қарор дошта, имсол ба мақоми 715 расидаанд.

Духтар ва домоди Назарбоев чанд ширкат, аз ҷумла ширкатҳои нафту газро дар ихтиёр доранд.

Булат Утемуратов, мудири пешини корҳои президент аз мақоми 924-уми соли пешин ба мақоми 645 расид. Дороиҳои ӯ дар як сол аз 2,6 ба 3,5 миллиард доллар расид. Утемуратов бо тиҷорати амвол машғул буда, радио телевизион, расона ва бонки худро дорад.

Мавқеи Алиҷон Ибрагимов - сарватманди дигари қазоқистонӣ, ба навиштаи маҷалла, дар як соли охир тағйир наёфт. Ӯ 2,3 миллиард доллар дорад.

Ҳаҷми умумии сарвати миллиардерҳои Қазоқистон 16,8 миллиард доллар ҳособ шудааст.

XS
SM
MD
LG