Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқоти рӯзноманигорон: "Тройка Диалог" дар пулшӯӣ иштирок дошт


Сергей Ролдугин
Сергей Ролдугин

Таҳқиқоти рӯзноманигорон аз Тарҳи байналмилалии бозҷӯии ҷиноятҳои мутташакил ва фасодкорӣ (OCCRP) мегӯяд, ки "Тройка Диалог" - бонки хусусии сармоягузорӣ, ки як замон аз бонкҳои бузурги Русия буд, дар тарҳи пулшӯи иштирок дошт ва ҳудудан $9 миллиардро "шустушӯ" дод.

Дар гузориши таҳқиқотӣ, ки рӯзи душанбе нашр шуд, рӯзноманигорон мегӯянд, схемаи пулшӯӣ ё ба гуфтаи онҳо "Тройка- Laundromat", ба афроди марбут ба олами ҷиноӣ ва фасодкорон имкон медод, ки аз пардохти молиёт фирор ва дороиҳои худро дар хориҷ пинҳон кунанд.

Дар байни онҳое, ки аз схемаи пулшӯӣ истифода карданд, аз ғижакнавоз Сергей Ролдугин ном мебаранд, ки аз дӯстони президент Путин гуфта мешавад. Ролдугин дар таҳқиқоти дигари OCCRP - "Авроқи панама" низ буд, ки мегӯяд ҳудуди 2 миллиард доллар тавассути офшор ба номи Ролдугин ворид шудааст.

Таҳқиқоти OCCRP аз баракати берун омадани санадҳои бонкӣ имконпазир шуд. Дар таҳқиқот ҳамчунин сомонаи литвагии 15min.lt иштирок кард.

"Тройка Диалог", омадааст дар таҳқиқот, миёнаҳои солҳои 2000-ум шабакаи 75 ширкати офшориро таъсис дод, ки аз ҷумла дар бонки литвагии Ukio Bankus ҳисоб боз карданд. Ин банк соли 2013 баста шуд. Пулҳо аз Русия дар ҳамин бонк "шустушӯ" мешуданд. Муомилаҳои бонкӣ ба сурати умум тақаллубӣ буданд ва барои коло ва хадамоти набуда интиқол меёфтанд. Ин пулҳо баъдан аз бонки литвагӣ ба ҳисоби бонкҳои ғарбӣ мерехт. Иддао мешавад, ки тавассути ҳисобҳои марбут ба Ролдугин 69 миллион доллар берун бурда шуд.

Ба маълумоти таҳқиқотгарон, "Тройка Laundromat" ҳамчунин дар берун бурдани маблағҳое истифода шуд, ки ҳуқуқшинос Сергей Магнитский сарнавишти онҳоро пайгирӣ мекарад. Магнитский дар боздошгоҳи Русия даргузашт. Ин схема ба намояндагони доираҳои сиёсӣ ва тиҷоратии Русия имкон медод, ки ба таври пинҳонӣ саҳҳоми ширкатҳои давлатӣ шаванд ва дар хориҷ амволи ғайриманқул харидорӣ кунанд, омадааст дар таҳқиқот.

Саҳмиядори аслии "Тройка Диалог" бонки сармоягузории Рубен Варданян буд. Соли 2012 "Тройка Диалог" ба "Сбербанк" фурухта шуд ва Sberbank CIB унвон гирифт.

XS
SM
MD
LG