Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри акс ва видеои нав аз Мирҳусейн Мӯсавӣ ва ҳамсараш


Мирҳусейн Мӯсавӣ ва Заҳро Раҳнавард
Мирҳусейн Мӯсавӣ ва Заҳро Раҳнавард

Акси нави Мирҳусейн Мӯсавӣ ва ҳамсараш Заҳро Раҳнавард, аз фаъолони мухолифон дар Эрон, ки ҳашт сол боз дар ҳабси хонагӣ ба сар мебаранд, ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Онро рӯзи севуми март бори аввал канали марбут ба вебсайти мухолифон – "Калима" – дар "Телеграм" нашр кард.

Бисёре аз хабарнигорон ва фаъолон дар дохили Эрон ҳамчунин навореро паҳн карданд, ки дар он Мирҳусейн Мӯсавӣ ҳангоми адои намоз тасвир ёфтааст. Гуфта мешавад, видео дар манзили хоҳари Мӯсавӣ сабт шудааст.

Бино ба гузоришҳо, мақомоти Эрон дар моҳҳои охир ба Мирҳусейн Мӯсавӣ ва занаш иҷоза додаанд, ки бо хешовандони наздики худ дидор кунанд.

Мӯсавӣ ва рӯҳонии ислоҳталаб Меҳдии Каррӯбӣ дар ҷараёни интихоботи президентии соли 2009 дар Эрон аз раҳбарони мухолифон буданд.

Мӯсавӣ, Каррубӣ ва, инчунин, ҳамсари Мӯсавӣ, профессори донишгоҳ Заҳро Раҳнавард, баъди борҳо ба чолиш кашидани мақомоти Эрон дар мавриди интихобот ва ҳуқуқи инсон моҳи феврали соли 2011 ба ҳабси хонагӣ гирифта шуданд.

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, ба хотири онки натавонист ваъдаи додаи худро дар интихоботи солҳои 2013 ва 2017 иҷро кунад ва ин се нафарро аз банд озод намояд, бо танқиди ислоҳталабон рӯ ба рӯ шуд.

Ахиран Вазорати корҳои хориҷии Амрико аз идомаи ҳабси Мӯсавӣ, Раҳнавард ва Каррубӣ интиқод кард ва озодии онҳоро талаб намуд.

Роберт Палладино, сухангӯи Департаменти давлатии Амрико рӯзи 14-уми феврал гуфт, "мо озодии фаврии онҳо ва озодии ҳамаи зиндониҳоро тақозо мекунем."

XS
SM
MD
LG