Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони айби нав зидди додситони собиқ Рашид Қодиров


Рашид Қодиров понздаҳ сол додситони кулли Узбекистон буд ва ҳоло дар курсии айбдорӣ нишастааст
Рашид Қодиров понздаҳ сол додситони кулли Узбекистон буд ва ҳоло дар курсии айбдорӣ нишастааст

Алайҳи Рашид Қодиров, додситони пешини Узбекистон, ки баррасии парвандааш дар Додгоҳи Юнусободи шаҳри Тошканд идома дорад, айби нав эълон шуд.

Мақомот ин дафъа ӯро ба ташкили “иттиҳоди ҷиноӣ” муттаҳам карданд. Дар ин бора ба бахши узбекии Радиои Озодӣ рӯзи якуми март яке аз ҳуқуқдонҳои огоҳ аз ҷузъиёти парванда хабар додааст.

Рашид Қодиров, ки аз соли 2000 то 2015 додситони кулли Узбекистон буд, моҳи феврали соли 2018 ба ҳабс гирифта шуд. Вай ба тамаъҷӯӣ, сӯиистифода аз мақом ва ришвагирӣ муттаҳам буд ва ҳоло ба ба ин феҳраст ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ҳамроҳ шуд.

Барои ташкили иттиҳоди ҷиноӣ дар Узбекистон аз понздаҳ то бист соли маҳрумӣ аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Мурофиаи додгоҳии додситони кулли собиқи Узбекистон рӯзи 7-уми январи имсол оғоз шуд ва паси дарҳои баста мегузарад. Дар курсии айбдорӣ ҳамроҳи ӯ 12 корманди собиқи Хадамоти махсус, додситонӣ ва идораи андози Узбекистон нишастаанд.

XS
SM
MD
LG