Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия донишманд Фахриддин Аббосовро ба Озарбойҷон депорт кард


Фахраддин Абосзода

Русия донишманди талиштабор ва раҳбари ҷумбиши миллии талишҳо Фахиддин Аббосовро ба Озарбойҷон депорт кард. Ӯ баробари бозгашт аз Маскав дар фурудгоҳи Боку боздошт шуд. Дар ин бора Хадамоти амнияти Озарбойҷон рӯзи панҷшанбе хабар дод. Аббосов бо ҷурми "фаъолиятҳои зиддиозарбойҷон" дар ҷустуҷӯ қарор дошт.

Пештар аз ин созмони ҳомии ҳуқуқ - Amnesty International хабар дод, ки Фахриддин Аббосов аз боздоштгоҳи Люберциии Русия нопадид шуд. Ба маълумоти фаъолони ҳуқуқи инсон, 27 феврал бархе аз кормандони ниҳодҳои интизомӣ ба боздоштгоҳ омада, санади озодшавии Аббосовро нишон доданд ва ӯро бо худ ба самти номаълум бурданд.

Мурофиаи парвандаи Аббосов бояд рӯзи 23 феврал баргузор мешуд, аммо додгоҳ ӯро пайдо накард ва мурофиаро ба 18 март гузошт.

"Агар Аббосовро ба хотири таслим кардани ӯ ба мақомоти Озарбойҷон озод карда бошанд, инро метавон ҳамчун нақзи дағалонаи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ арзёбӣ кард",- гуфт раҳбари намояндагии Amnesty International дар Русия Наталя Звягина.

Фаъолони ҳуқуқ пофишорӣ доранд, ки Русия масъулияти ҳимояи ҳуқуқи инсонро риоя ва аз истирдоди нафароне, ки дар кишварҳояшон мавриди шиканҷа қарор мегиранд, худдорӣ кунад. Мақомоти интизомии Русия то ҳол депортатсияи Аббосовро шарҳ надодаанд.

Устоди донишгоҳи Боку Фахриддин Аббосов барои ҳимоя аз фарҳангу суннатҳои талишҳои Озарбойҷон фаъолона мубориза мебурд. Талишҳо як қавми эронитабори Озарбойҷон аст, ки дар Қафқози ҷанубӣ зиндагӣ мекунанд. Боку Аббосовро ба "даъватҳои оммавии зидди давлат" муттаҳам мекунад. Дар хабари хадамоти амнияти Озарбойҷон гуфта мешавад, ки Фахриддин Аббосов ба Арманистон сафар ва алайҳи "Озарбойҷон ва якпорчагии он" суханронӣ кард.

Аббосов соли 2004 бинобар таъқибҳо аз Озарбойҷолн ба Русия фирор кард ва соли 2011 дар он кишвар ҳақи иқомат гирифт. Сарфи назар аз мақоми ҳуқуқиаш ӯ 6 сентябр дар Маскав боздошт шуд.

Гузоришҳои видеоӣ

Умеду ноумедиҳо аз пешниҳоди афв дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:17 0:00
XS
SM
MD
LG