Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгорӣ барои латукӯби духтари туркман муҷозот шуд


Муҳассилон аз Туркманистон дар донишгоҳи омӯзгории Душанбе таҳсил мекунанд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе як ҷавондухтари туркмантабори Тоҷикистонро барои латукуби донишҷӯдухтари шаҳрванди Туркманистонро дар шаҳри Душанбе ҷарима баст. Додгоҳ рӯзи 1-уми март хабар дод, ки Дилфуза Ҷумъаева, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи омузгориро барои авбошӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва латукуби як донишҷӯи туркман дар пушти донишгоҳ 5 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.

Додгоҳ гуфтааст, ки Дилфуза Ҷумъаева рӯзи 12-уми декабри соли гузашта бо Гулмира Нарсаҳатова, донишҷӯи ин донишгоҳ, ки аз Туркманистон омадааст, муноқиша карда ва сипас ӯро зери мушту лагад гирифтааст. Ба гуфтаи додгоҳ, дар ин муноқиша донишҷуи хориҷӣ осеб дидааст. Додгоҳ гуфтааст, бо назардошти соҳиби як фарзанд будан ва доғи ҷиноӣ надоштани Дилфуза Ҷумъаева, додрас амр дод, ки ӯ барои авбошӣ дар назди мардум 5 ҳазор сомонӣ ҷарима пардозад. Назари вакили дифои Дилфуза Ҷумъаева ҳоло маълум нест.

Дар донишгоҳҳои олии Тоҷикистон бар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ садҳо ҷавон аз Туркманистон таҳсил мекунанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Умеду ноумедиҳо аз пешниҳоди афв дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:17 0:00
XS
SM
MD
LG