Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амнияти СММ натавонист қатъномаи Венесуэларо қабул кунад


Ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ
Ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ

Шӯрои Амнияти СММ рӯзи панҷшанбе натавонист, қатъномаи марбут ба Венесуэларо қабул кунад. Пешниҳоди ИМА дар бораи баргузории интихоботи президентии "озоду одилона" дар он кишварро Русия ва Чин вето кардан ва ба раъйдиҳӣ роҳ надоданд.

Аз 15 узви Шӯрои амният танҳо чаҳор кишвар аз тарҳи пешниҳодии Русия пуштибонӣ карданд. Дар ин лоиҳа омадааст, ки буҳрони Венесуэларо бояд сокинони он кишвар ҳал кунанд ва ҳар гуна дахолати хориҷӣ ва таҳдиди истифодаи неруи низомӣ ғайри қобили қабул аст.

ИМА дар лоиҳаи пешниҳодиаш ба иҷозаи иштироки нозирони хориҷӣ дар интихобот ва бардоштани маҳдудияти вуруди кумакҳои башардӯстона даъват карда буд.

Рӯзи шанбеи гузашта ҷонибдорони президенти Венесуэла Николас Мадуро, ки қонунӣ будани ӯро бисёре аз кишварҳо эътироф намекунанд, сӯи корвони мошинҳои кумакҳои башардӯстона оташ кушоданд.

Моҳи январ роҳбари мухолифони Венесуэла Хуан Гуайдо худро президенти муваққат эълон ва баргузории интихоботи озоду одилонаро талаб кард. Аз Гуайдо ИМА, чанде аз кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва аксари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҷонибдорӣ карданд. Русия, Чин, Куба ва Мексико президенти кунуниро эътироф мекунанд. Маскав Вашингтонро ба талоши барканории ҳукумати Венесуэла айбдор мекунад.

XS
SM
MD
LG