Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

NYT: дастрасии Кушнер ба маводи сиррӣ бо амри Трамп сурат гирифт


Ҷаред Кушнер
Ҷаред Кушнер

Ҷаред Кушнер - домод ва мушовири Доналд Трамп, соли 2018 бо амри шахсии президент ба маводи комилан махфӣ дастрасӣ пайдо кард. Дар ин бора нашрияи The New York Times рӯзи 28-уми феврал бо такя ба чаҳор манбаъ гузориш дод. Ба гуфтаи нашрия, Трамп чунин дастурро ба раҳбари вақти дастгоҳи раёсати ҷумҳур Ҷон Келли дода буд. Келли аз ин дастур мақомоти баладпояи дигарро огоҳ кард.

Доналд Макган, ки он замон дар мақоми мушовири Кохи Сафед фаъолият дошт, иддао мекунад, ки фармони Трамп барои таъмини дастрасии Кушнер ба маводи сиррӣ, нигарониҳои аз ҷумла Идораи истихборотро ба бор оварда буд. Макган дар як нома аз Трамп хоҳиш кард, ки қарорашро бекор кунад.

Моҳи январ президент Трамп дар сӯҳбат бо нашрияи The New York Times гуфт, ки дар тасмимгирии дастрасии домодаш ба маводи маҳрамона иштирок надошт. Сухангӯи Кохи сафед Сара Сандерс гуфт, ки маъмурияти президент маълумотро дар бораи дастрасии кормандонаш ба маводи комилан сиррӣ шарҳ намедиҳад.

Маводи комилан маҳрамона аз маълумот дар бораи манбаъҳои истихборотӣ, шеваи дарёфт ва таҳлили онҳо иборат аст. Қарори дастрасӣ ба ин маводро Идораи истихбороти ИМА қабул мекунад. Бо дастрасӣ ба ин манбаъҳо, Кушнер метавонист дар ҷаласаҳое иштирок кунад, ки хадамоти махсуси ИМА барои президент Трамп баргузор мекарданд.

Кушнер баъди оғози фаъолияти расмии Трамп муддати як сол ба санадҳои комилан махфӣ дастрасӣ дошт. Моҳи ферали соли 2018 раҳбари дастгоҳи президент Ҷон Келли тасмим гирифт, ки сатҳи дастрасии Кушнер ба маводи "комилан махфӣ"-ро то "махфӣ" коҳиш диҳад. Ба гуфтаи нашрияҳои амрикоӣ, коҳиши мақоми Кушнер ба тафтиши маълумот дар бораи робитаҳои хориҷӣ ва муомилоти молӣ рабт дошт.

XS
SM
MD
LG