Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷапаров пешниҳод кард, ки вилоятҳои Қирғизистонро ба Ҷопону Амрико ва Русия диҳанд


Намояндаи мардумии Қирғизистон Оқилбек Ҷапаров
Намояндаи мардумии Қирғизистон Оқилбек Ҷапаров

Вакили порлумони Қирғизистон Оқилбек Ҷапаров пешниҳод кард, ки ҳар як вилояти кишварашро ба давлати пешрафтае диҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, Қирғизистон ҳамеша аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои бузурги байналмилалӣ кумаки молӣ дархост мекунад.

"Барои намуна, вилояти Норин ё Бодкандро ба Ҷопон диҳем. Бигзор, он вилояти моро рушд диҳад. Роҳҳоро ободу низоми маорифу тандурустиро пешрафтатар гардонад. Ба Амрико вилояти дигарро медиҳем. Шаш вилоятро ба шаш кишвари бузург бо шумули Русия медиҳем", - гуфт Оқилбек Жапаров дар суҳбат бо радиои маҳаллии "Марал".

Ӯ мегӯяд, дар сурати зарурӣ кишвараш ба ҳудудҳои хурдтари маъмурӣ тақсим шавад ва ба 40 сафорати кишварҳои хориҷие, ки дар Қирғизистон фаъолият доранд, 40 ноҳияро пешниҳод кунанд.

"Қирғизистониҳо набояд хасисӣ кунанд. Метавонанд дар он вилоятҳо парчами Ҷопон, Олмон ё Русияро насб кунанд. Мехоҳам ин пешниҳодро бори дигар ба ҳукумат ироа кунам. Агар боз гӯш накарданд, лоиҳаи қонун таҳия мекунам", - афзуд Жапаров.

Қирғизистон 7 вилоят ва 2 шаҳри бузург дорад.

XS
SM
MD
LG