Раҳбарони Амрико ва Кореяи шимолӣ дуввумин рӯз аз музокироти худ барои ғайриатомӣ шудани нимҷазираи Кореяро дар Ҳаной -- пойтахти Виетнам, оғоз кардаанд.
Доналд Трамп дар оғози ин мулоқот таъкид кардааст, ки ӯ барои даст ёфтан ба як созиши ниҳоӣ "саросема" нест ва Ким Чен Ун гуфтааст, "ҳама талошҳои худро барои расидан ба як натиҷаи мусбат", ба кор хоҳад бурд.
Доналд Трамп дар "Твиттер"-и худ навишт, мулоқоти бисёр хубе бо раҳбари Кореяи шимолӣ дошт ва дар интизори идомаи музокирот дар рӯзи панҷшанбе аст.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва Ким Чен Ун, раҳбари Кореяи шимолӣ, ки рӯзи гузашта мулоқоти кӯтоҳе бо ҳам доштанд ва ҳамроҳи ду тан аз вазирон ва мушовирони худ хӯроки шом хӯрданд, акнун вориди гуфтугӯҳои ҷузъӣ дар мавриди халъи силоҳи Кореяи шимолӣ мешаванд.
Интизор меравад, ки имрӯз, панҷшанбеи 28-уми феврал ду тараф пас аз "субҳонаи корӣ", дар маросими имзои тавофуқи нав, ширкат кунанд. Пас аз он қарор аст раиси ҷумҳури Амрико дар нишасти хабарӣ иштирок кунад ва ба пурсишҳои хабарнигорон посух диҳад.
Расонаҳои давлатии Кореяи шимолӣ субҳи 28-уми феврал навиштанд, ки оқои Ким Чен Ун дар ҷараёни зиёфати шом дар Ҳаной, гуфтугӯи "содиқона ва амиқе" доштаанд. Хабаргузории расмии Кореяи шимолӣ гуфтааст, ки Трамп ва Ким Чен Ун аз пешрафт дар робитаҳои ду тараф аз замони нишасти аввали худ дар Сингапур то кунун, ибрози хушҳолӣ кардаанд.
Расонаҳои расмии Кореяи шимолӣ гуфтаанд, ду тараф роҳҳои дастёбӣ ба натиҷаҳои "ҷомеъ ва таърихсоз" дар музокироти дар пешистода дар Ҳанойро баррасӣ кардаанд. Дувумин мулоқоти Трамп ва Ким Чен Ун дар ҳоле анҷом шудааст, ки дар нахустин даври музокироти онҳо дар Сингапур, ҷонибҳо дар мавриди бастани муассисаҳои ҳастаии Кореяи шимолӣ ба созиш нарасида буданд.
Пхенян ҳарчанд ба таври зоҳирӣ фаъолияти бархе аз таъсисоти ҳастаии худро қатъ кард, аммо талоши муассире дар ин росто анҷом надодааст. Албатта Кореяи шимолӣ тайи ин муддат аз анҷоми размоишҳои ҳастаӣ ва партоби мушакҳои дурпарвоз низ худдорӣ кардааст. Доналд Трамп аз ин масъала истиқбол кардааст.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико борҳо таъкид кардааст, ки таваққуфи озмоишҳо нишонаи хубе аст ва ӯ дар ростои халъи силоҳи Кореяи шимолӣ саросема намебошад. Кин Чен Ун таъкид кардааст, ки раҳбарони ду кишвар барои ҳузур дар нишасти дуввум, монеаҳои зиёдеро аз пеши рӯи худ бардоштаанд.
Доналд Трамп дар "Твиттер"-и худ навишт, мулоқоти бисёр хубе бо раҳбари Кореяи шимолӣ доштааст ва дар интизори идомаи музокирот дар рӯзи панҷшанбе аст.
Рост гуфтед бехтараш салафию доишихоро ихроч кунанд аз ватанамон чунки зарараш зиёдтар ба чомеъа баракси инхо
Шахсоне ки дар комментария менависан ки дохил шудани Тоҷикистон ба иттиҳоди авруосиё ба манфиати Тоҷикистону милати Тоҷик аст хуб бародаро ма тарафдор лекин як чизро намефаҳмам ягон давлате ки ба ҳамин итиҳод ворид шудааст иқтисодаш шикастааст ва қарзи хориҷии ҳамин аъзозои иттиҳоди авруосиё дар замони дар ҳамин итиҳод буданашон боло ба маротиб боло рафта истодааст аз ин маълум мешавад ки аъзои ин созмон будани Тоҷикистон ба миллат фоида надорад ва ба истиклолияти мо халал ворид мекунад
Коршинос бисер афсона нагу дуне бесоҳиб аст дар як ҳафта Тоҷикистон аз харитаи дунё нобуд мешудааст кампирои ғайриштатии қишлоқ борин афсона бузаки ҷингилапоро гуфтанро дуст медори
Дар Точикистон хамаи ракамхо изофаанд
Озоди гапа кушоди шархи қурбонбойа махфи нигоҳ надор суханҳои навишташуда сад фоиз ҳақиқат аст. Агар чоп накуни аз озоди ҳам бовар нест