Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили пешини Трамп алайҳи ӯ дар Конгресс шаҳодат дод


Майкл Коэн
Майкл Коэн

Майкл Коэн, вакили пешини Доналд Трамп, дар баробари Кумитаи назорат ва ислоҳоти Конгресс раиси ҷумҳури Амрикоро ба "дурӯғгӯӣ" ва "нажодпарастӣ" муттаҳам кард.

Ӯ гуфт, Доналд Трамп соли 2016, замони номзадиаш ба мақоми президентӣ, бо инкори фаъолиятҳои иқтисодии худ дар Русия, "ба мардуми Амрико дурӯғ гуфт".

Вакили пешини Доналд Трамп аз ин ки барои ӯ кор карда ва, ба гуфтаи худаш, виҷдонро зери по гузошт, ибрози шарму надомат намуд.

Доналд Трамп рӯзи 27-уми феврал дар Ветнам бо раҳбари Куриёи Шимолӣ мулоқот кард
Доналд Трамп рӯзи 27-уми феврал дар Ветнам бо раҳбари Куриёи Шимолӣ мулоқот кард

Коэн рӯзи 27-уми феврал дар Кумитаи назорат ва ислоҳот, Трампро "найрангбоз" ва "қаллоб" хонд ва гуфт, ки президенти Амрико аз гуфтушуниди сохтмони "Гунбади Трамп" дар Маскав дар ҷараёни интихоботи президентии соли 2016 хабар дошт.

Ин бахши муҳиме аз шаҳодати Коэн алайҳи Трамп дар Конгресс буд. Ва замоне садо дод, ки раиси ҷумҳури Амрико дар Ветнам бо раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ун дидор дошт.

Коен гуфт, аз ин ки тасмим гирифт дар фаъолиятҳои, ба қавли ӯ, ғайриқонунии Доналд Трамп иштирок кунад ва ба садои виҷдон гӯш надиҳад, хиҷолат мекашад.

"Шарм медорам, чунки ҷаноби Трампро медонам, ки кист. Ӯ нажодпараст аст. Ӯ фиребгар аст. Қаллоб аст”, - афзуд вакили пешин.

Майкл Коэн
Майкл Коэн

Аммо Доналд Трамп пеш аз шаҳодати вакили собиқаш, дар "Твиттер" навишт, ки Коэн дурӯғ мегӯяд ва ҳадафаш кам кардани ҳукми зиндон аст.

Трамп рӯзи чаҳоршанбе навишт, "Коэн яке аз чандин вакиле буд, ки аз ман намояндагӣ мекард. Ӯ муштариҳои дигар низ дошт. Ӯ барои дурӯғгӯӣ ва қаллобӣ муҷаввизашро аз даст дод. Ӯ корҳои баде кардааст, ки ба Трамп рабт надорад. Ӯ дурӯғ мегӯяд, то муҳлати ҳабсашро камтар кунад."

Майкл Коэн дар ҷаласаи рӯзи 27-уми феврал иддао кард, Доналд Трамп замоне ки вориди маъракаи интихоботӣ буд, ба гуфтушуниди тарҳи бунёди бинои осмонбӯс дар наздикиҳои Маскав, музокирот пеш мебурд. Ҳарчанд, ба қавли ӯ, дар мазҳари ом эълон мекард, ки дар Русия манфиатҳои тиҷоратӣ надорад.

Трамп, ки дар интихоботи моҳи ноябри соли 2016 ба номзади Ҳизби демократ Ҳилларӣ Клинтон пирӯз шуд, ҳамагуна муомила бо Маскавро рад кардааст. Вай чанд дафъа таҳқиқоти прокурори вижа Роберт Мюллерро низ дар ин замина "шикори ҷодугар" номидааст.

Қарор набуд, ки равобити Трамп бо Русия ба таври мустақим дар ҷаласаи Кумитаи назоратии Конгресс баррасӣ шавад. Вале Коэн ба ин мавзӯъ дар шарҳҳои худ дахл кард.

Вай гуфт, "чандин бор, байни моҳи январи 2016 ва поёни моҳи июн, бо ишора ба тарҳи Гунбади Маскав аз ман мепурсид, ки "корҳо дар Русия чӣ хел аст?" Барои он ки рӯшан шавад: Трамп музокирот бо Маскавро медонист ва онро раҳбарӣ мекард. Ва дар давоми маъракаи интихоботӣ дар ин бора дурӯғ мегуфт."

Вакили пешин дар идома иддао кард, ки Трамп аз ҳисоби шахсии худ ба вай пули нақд додааст, то ба ду зан ҳаққи сукут бидиҳад.

Ӯ ҳамчунин афзуд, дар ҷараёни интиқоли имейлҳои Ҳизби демократ ба "Викиликс" будааст. Майкл Коэн иддао кард, ки дар замони рақобатҳои интихоботӣ як рӯз Роҷер Стоун, муовини пешини Доналд Трамп дар ҳузури ӯ ба Трамп гуфтааст, имейлҳои ҳакшуда ба зудӣ нашр мешаванд ва ин ба мавқеияти Ҳилларӣ Клинтон осеб мерасонад.

Дар ҳоле ки демократҳо дар Кумитаи назорат ва ислоҳоти Конгресс Коэнро дар бораи фаъолиятҳои тиҷоратӣ ва ҳуқуқиаш барои Трамп суолборон мекарданд, ҷумҳурихоҳон ӯро дурӯғгӯ номида ва талош доштанд, эътиборашро заиф кунанд.

Ҷим Ҷордан, вакили ҷумҳурихоҳ ба Коэн гуфт, "шумо собиқаи дурӯғгӯӣ доред". Ва Марк Грин, вакили дигари ҷумҳурихоҳ ин суолро матраҳ кард, ки "то куҷо шоҳид қобили бовар аст?"

Моҳи декабри соли гузашта Коэн бо ҷурми дурӯғгӯӣ дар зери савганд, нақзи таъминоти молии маъракаи интихоботӣ ва сарпечӣ аз пардохти молиёт ба се соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ моҳи феврал оғози давраи адои ҷазои ӯро ба 6-уми май гузаронд.

XS
SM
MD
LG