Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили пешини Трамп алайҳи ӯ дар Конгресс шаҳодат медиҳад


Майкл Коэн
Майкл Коэн

Майкл Коэн, вакили пешини Доналд Трамп, рӯзи чоршанбе дар бораи робитаи эҳтимолии Трамп ба нашри маводи Wikileaks, ки ба рақиби ӯ аз Ҳизби демократ Ҳилларӣ Клинтон дар интихоботи соли 2016 халал расонд, дар Конгресс шоҳидӣ медиҳад.

Ӯ ҳамчунин сарвари давлатро ба қаллобӣ ва нажодпарастӣ муттаҳам мекунад. Тарҳи 20-саҳифагии суханронии Коэнро нашрияи Politico рӯзи 27-уми феврал нашр ва онро хабаргузории Reuters бозгӯ кард.

Трамп субҳи чоршанбе дар Твиттер навишт, ки Коэн дурӯғ мегӯяд ва ҳадафаш кам кардани ҳукмаш аст.

Ҳафтаи равон Коэн розӣ шуд, ки дар чанд кумитаи Конгресси ИМА шоҳидӣ диҳад. Ӯ дар ҷараёни суханрониаш ҳамчунин қавл медиҳад, барои исботи суханонаш, ки президент шахсан дар амалиёти ғайриқонунӣ даст дорад, ба Конгресс санад пешниҳод хоҳад кард.

Ӯ ҳамчунин хоҳад гуфт, бо дастури президент, барои харидани хомӯшии ҳунарманди "порно" Сторми Дэниэлс, оид ба робитаҳои маҳрамонааш бо президенти оянда, ба ӯ $130 000 дод. Ин пардохт метавонад тартиби сармоягузории маъракаи интихоботиро нақз кунад.

Майкл Коэн ҳамчунин хоҳад гуфт, ки президенти оянда замоне ки вориди маъракаи интихотӣ буд, ба гуфтушуниди тарҳи бунёди бинои осмонбӯс дар наздикиҳои маркази Маскав, музокирот пеш мебурд, ҳарчанд дар мазҳари ом эълон мекард, дар Русия манфиатҳои тиҷоратӣ надорад.

Вакили пешин ҳамчунин хоҳад гуфт, ки мушовири сиёсии Трамп, Роҷер Стоун, ки чанде пеш боздошт шуд, аз қабл Коэнро аз гуфтушунид бо бунёдгузори Wikileaks Ҷулиан Ассанҷ, нашри мукотибаҳои Ҳилларӣ Клинтон ва таъсири ин амал ба маъракаи интихоботии номзади Ҳизби демократ огоҳ карда буд.

Коэн ҳамчунин дар бораи суханони нажодпарастонаи Трамп дар бораи аҳолии сиёҳпӯсти Амрико сӯҳбат хоҳад кард.

Аз сӯи дигар, дар тарҳи суханронии Коэн гуфта мешавад, ӯ далели мустақими робитаи ситоди пеш аз интихоботии Трамп бо Русияро, ки прокурори вежа таҳқиқ мекунад, дар даст надорад.

Моҳи декабри соли гузашта Коэн бо ҷурми дурӯғгӯӣ дар зери савганд, нақзи таъминоти молии маъракаи интихоботӣ ва сарпечӣ аз пардохти молиёт ба се соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ моҳи феврал оғози давраи адои ҷазои ба 6-уми май гузаронд.

Доналд Трамп қаблан тамоми иттиҳомоти пешнависи суханронии Коэнро рад карда буд. Роҷер Стоун музокирот бо Ассанҷро такзиб мекунад.

Трамп рӯзи чоршанбе гуфт, "Коэн яке аз чандин вакиле буд, ки аз ман намояндагӣ мекард. Ӯ муштариҳои дигар низ дошт. Ӯ барои дурӯғгӯӣ ва қаллобӣ муҷаввизашро аз даст дод. Ӯ корҳои баде кардааст, ки ба Трамп рабт надорад. Ӯ дурӯғ мегӯяд, то муҳлати ҳабсашро камтар кунад."

XS
SM
MD
LG