Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади бунёдгузори НТВ дар меҳмонхонаи Испания ошкор шуд


Игор Малашенко
Игор Малашенко

Хабари марги сиёсатшинос ва мудири расона Игор Малашенко дар Испания шоми гузашта пахш шуд.

Бунёдгузори шабакаи телевизиони НТВ зоҳиран худкушӣ кардааст. Дар ин бора чанд манбаи наздик ба хонаводаи Малашенко ба нашрияи "Коммерсант" хабар доданд.

Вақтҳои ахир Игор Малашенко даргири баҳси додгоҳӣ бо ҳамсари собиқаш Елена Пивоварова буд, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад. Онҳо се фарзанд доранд. Пивоварова барои тақсими дороиҳои хонаводагӣ ба додгоҳи Амрико муроҷиат кард.

Божена Ринска, блогнавис ва ҳамсари ахири Малашенко дар бораи ин баҳс дар Фейсбук бисёр матлаб нашр мекард. Ӯ аз ҷумла навишта буд, ки Пивоварова 80 дар сади дороиҳои ҳамсари собиқашро талаб кардааст.

Миёнаҳои моҳи феврал Ринска аз пайравонаш дар Фейсбук, ки теъдодашон ба 200 ҳазор мерасад, кумак хост ва аз эҳтимоли марги ҳамсараш ҳушдор дод. Ринска навишт, ки барои "пешгирӣ аз куштори ҳамсараш" тасмим гирифт аз мавқеи ҷамъиятии худ истифода кунад.

Ӯ Малашенкоро ҳамчун шахси "моил ба зиндагибезорӣ ва дорои руҳияи ноуствор" тасвир кард. Миёнаҳои моҳи феарал Малашенко бо бемории асаб ба бемористон афтид.

Елена Пивоварова баҳси додгоҳӣ бо ҳамсари собиқаш ва ҳамин тавр хабари марги ӯро шарҳ надод.

Игор Малашенко соли 1993 шабакаи телевизионии НТВ-ро таъсис дод ва чанд соли баъдӣ мудири кул ва президенти ин шабака буд. Соли 1996 ӯ раҳбари ситоди интихоботии президенти пешини Русия Борис Елтсин шуд. Баъди пирӯзии Елтсин ба ӯ вазифаи раҳбари маъмурияти президентро пешниҳод карданд, аммо ӯ қабул накард.

Авоили соли 2000-ум баъди пароканда шудан ва ба ихтиёри Кремл гузаштани НТВ, Малашенко аз Русия ба Ню-Йорк рафт ва 9 сол дар онҷо зиндагӣ кард. Дар ин муддат ӯ мудири кулли шабакаи RTVI, саҳоми "Эхо Москвы" ва сомонаи Newsru.com буд. Аз соли 2010 Малашенко раҳбари ширкати "Интер ТВ" буд. Ӯ соли 2012 ба Русия баргашт ва соли гузашта ситоди интхоботии Ксения Собчакро раҳбарӣ кард.

Ҳамкорони собиқаш ба марги ӯ вокуниш ва аз ӯ ҳамчун корманди ҳирфаӣ ситоиш карданд.

XS
SM
MD
LG