Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангии Ҳинд ба Кашмири зери назорати Покистон


Покистон мегӯяд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Ҳинд марзи ин кишвар дар Кашмирро убур карданд, аммо ба вокуниши артиши Покистон рӯбарӯ шуданд. Дар ҳамин ҳол, хабаргузориҳои ҳиндӣ навиштанд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии он кишвар "шуморе аз пойгоҳҳои террористон" дар Кашмири таҳти контроли Покистонро, бамборон намуданд.

Ин ҳодиса 11 рӯз баъд аз ҳамлаи интиҳорӣ ба корвони сарбозон дар Кашмири зери назорати Ҳинд рух дод. Дар ин ҳодиса 41 нафар кушта шуданд. Аз он замон то ба ҳол, танишҳо миёни Исломобод ва Деҳлӣ боло гирифтааст.

Ҳинд ҳукумати Покистонро айбдор мекунад, ки аз гурӯҳҳои шӯришӣ дар Кашмир пуштибонӣ мекунад. Покистон ин гурӯҳҳоро "нерӯҳои муқовимат" меномад.

Генерал-майор Осиф Ғаффор, сухангӯи артиши Покистон рӯзи 25-уми феврал дар сафҳаи "Твиттер"-и худ навишт, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Ҳинд ба минтақаи Музаффаробод -- маркази Кашмири зери назорати Покистон ворид шуданд. Сухангӯи артиши Покистон ҳамзамон гуфтааст, ки ин ҳамла хисорот ва зиёне дар пай надоштааст.

Мақомоти Ҳинд то ба ҳол дар мавриди ин гуфтаи мақомоти Покистон вокунише нишон надодаанд. Аммо хабаргузории ҳиндии ANI гузориш додааст, ки 12 ҳавопаймои ҷангии Mirage-2000 ба "пойгоҳҳои террористон" дар хоки Покистон ҳамла карданд.

Дар ҳамлаи интиҳории рӯзи 14-уми феврал дар ноҳияи Пулвама, ки масъулияти онро гурӯҳи мазҳабии "Ҷайши Муҳаммад" -- пойгоҳаш дар Покистон аст, ба ӯҳда гирифт, 41 сарбози ҳиндӣ ҷон бохтанд.

Дар ҳамла ба корвони нерӯҳои ҳиндӣ дар Кашмир даҳҳо нафар кушта шуданд.
Дар ҳамла ба корвони нерӯҳои ҳиндӣ дар Кашмир даҳҳо нафар кушта шуданд.

Рӯзи 22-юми феврал вазири умури хориҷии Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ дар номае ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид хост, ки дар пасманзари ҳодисаи Пулвама, ба таҳдидҳо аз сӯи Ҳинд таваҷҷуҳ кунад. Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ ҳушдор дод, ки вазъияти амниятӣ дар минтақа рӯ ба вахомат аст, зеро Ҳинд таҳдид ба истифода аз зӯр алайҳи Покистон мекунад.

Ҳинд ва Покистон пас аз тақсимшавии нимҷазираи Ҳинду-Покистон, бар сари Кашмир ду бор вориди ҷанг шудаанд. Покистон ва Ҳиндустон дар соли 1947 ба ду кишвари мустақил ҷудо шуданд. Аз он замон то ба ҳол ин ду кишвар дар душманӣ ба сар мебаранд. Аксари мардуми Покистонро мусалмонон ва аз Ҳиндро ҳиндуҳо ташкил медиҳанд. Ҳудуди 200 миллион аз аҳолии Ҳинд мусалмонон мебошанд ва аксарияти аҳолии Кашмирро низ мусалмонон ташкил медиҳанд.

Аз соли 1989 ба ин тараф гурӯҳҳои ниманизомӣ дар Кашмири зери назорати Ҳинд, алайҳи ҳукумати он кишвар мубориза мебаранд. Дар ин муддат ҳудуди 70 ҳазор нафар кушта шудаааст. Ҳинд ҳукумати Покистонро айбдор мекунад, ки аз ин гурӯҳҳои шӯришӣ пуштибонӣ мекунад. Покистон ин гурӯҳҳоро "нерӯҳои муқовимат" меномад.

XS
SM
MD
LG