Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Венесуэла нерӯҳояшро дар марз бо Колумбия ҷойгир кард

Фармондеҳии артиши Венесуэла "ба хотири ҳифзи сулҳу амнияти мардум тариқи бастани сарҳад" нерӯҳоро дар марз бо Колумбия ҷойгир кард.

Дар ин бора артиши Венесуэла дар Твиттер хабар дод. Қарор буд, 23 феврал амалиёти интиқоли кумаки башардӯстона ба Венесуэла сурат бигирад.

Муовини президенти Венесуэла Делсӣ Родригес низ тасдиқ кард, ки марзҳо бо Колумбия баста шуданд. "Ҳукумат ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки пулҳои ба номи Симон Боливар, Сантандер ва Унион ба далели таҳдидҳои ҷиддӣ ва ғайриқонунии ҳукумати Колумбия зидди сулҳ ва тамомияти арзии Венесуэла муваққатан баста шуданд", - гуфт ӯ.

Дар шаҳри Кукутаи Колумбия, ки бо Венесуэла ҳаммарз аст, корвони мошинҳои кумаки башардӯстонаи ИМА қарор доранд. Мақомоти Венесуэла дастур доданд, марзҳо бо Колумбия ва Бразилия баста шаванд, зеро ба гуфтаи онҳо, кумаки башардӯстона ба тағйири қудрат дар ин кишвар мусоидат хоҳад кард.

Ба навиштаи хабарнигори "Новая газета", президенти худхондаи Венесуэла Хуан Гуайдо дар шаҳри Кукута қарор дорад. Ӯ 22 феврал дар як консерти хайрия дар Колумбия иштирок кард, ки барои ҷамъоварии кумаки башардӯстона ба сокини Венесуэла баргузор шуда буд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Ҳалокати чор нафар аз вируси роҳи нафас дар Чин

Пекин, Чин. Рӯзи 21-уми январи соли 2020

Аз сар задани як вируси роҳи нафас дар Чин то кунун чор нафар мурдаанд. Аз рӯи гузоришҳо, то ба ҳол 220 нафар ба ин вирус гирифтор шуда ва он дар Таиланд, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ паҳн шудааст.

Мақомоти Чин пазируфтанд, ки ин вирус ба 15 коркуни соҳаи тандурустии кишвар гузаштааст.

Як марди 89-сола чорумин нафаре, ки дар Вуҳан, маркази Чин аз ин вирус вафот кард, аз ҷое ҳаст, ки аввалин бор моҳи декабри соли 2019 дар бораи сар шудани ин вирус гузориш шудааст.

Гирифтор шудани 15 коркуни тиб нишон медиҳад, ки ин беморӣ аз он чи тасаввур мешуд, хеле тезтар паҳн мешавад. Нигарониҳо дар бораи паҳншавии ин беморӣ бештар мешавад, зеро 25-уми январ Соли Нави Чин аст ва мардуми бисёре дар рӯзҳои истироҳатӣ сафар мекунанд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯзи 22-юми январ дар бораи ин мавзуъ нишасти фавқуллода баргузор хоҳад кард.

Эрон тасдиқ кард, ки ҳавопаймои украиниро бо ду мушак задааст

Созмони ҳавопаймоии Эрон тасдиқ кард, ки ҳавопаймои мусофирбари Украина рӯзи 8-уми январ, пас аз чанд лаҳзаи парвоз аз фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон, бо ду мушак зада шуд.

Ин созмон дар гузориши дувуми худ дар бораи ин фоҷиа, ки боис ба кушта шудани 176 мусофир шуд, гуфт, ҳанӯз фоҷиаро таҳқиқ мекунанд.

Дар ин гузориш омадааст: “Пажуҳишгарон ёфтаанд, ки ду мушаки Tor-M1 ... ба сӯи ҳавопаймо сар дода шудааст".

Роҳбарони Эрон гуфтанд, системаи муҳофизати ҳавоӣ пас аз ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои низоми Амрико дар Ироқ дар ҳолати омодабош буданд ва “нохост” мушакҳои зидди ҳавопаймоиро ба сӯи ҳавопаймои Boeing 737-800 сар доданд.

Акнун муайян шудааст, ки дастгоҳи фиристонандаи паём бо зада шудани мушаки аввал аз кор баромадааст ва сипас аз зарбаи мушаки дуюм, ки 23 сония пас рӯй медиҳад ҳавопаймо сарнагун мешавад.

Созмони ҳавопаймоии Эрон дар гузориши худ эълом карда, ки хотираи асосии дастгоҳи сабти овози халабон аз зарбаи мушак аз дастгоҳи асосӣ ҷудо шудааст.

Музаффар Ашӯриён ба ҷои Рустами Шоҳмурод вазири адлия шуд

Рустами Шоҳмурод бо фармони раиси ҷумҳур аз симмати вазири адлия барканор шуд.

Музаффар Ашуриён, вазири нави адлияи Тоҷикистон таъйин шуд. Дар ин бора фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21-уми январ содир шуд.

Музаффар Ашуриён, вазири нави адлияи Тоҷикистон то омадан ба ин мақом муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент буд.

Бар асоси як фармони дигар, Рустами Шоҳмурод аз мақоми вазири адлия барканор шуд. Ахирӣ аз ҷониби Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шудааст.

Рустами Шоҳмурод дақиқан 8 сол пеш 5-уми январ вазири Вазорати адлияи Тоҷикистон таъин шуда буд. Дар даврони раҳбарии ӯ "Қонун дар бораи иттиҳодияҳои динӣ" қабул шуд. Ҳамчунин вакилони дифоъ мегӯянд, ки дар солҳои ахир фаъолияти адвокатҳо зери назорати ин вазоратхона рафт.

Ҷустуҷӯи 6 нафар бо гумони иштирок дар муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ҷониби Қирғизистон хабар дод, ки мақомоти Тоҷикистон 6 шаҳрванди кишварро барои иштирок дар муноқишаҳои марзӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд. Тарафи Тоҷикистон то ҳол дар ин бора хабар надодааст. Ду ҳафта пеш чаҳор шаҳрванди Қирғизистон бо гумони иштирок дар низоъҳои марзӣ дастгир шуда буданд.

Мирлан Каниметов, муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон, рӯзи 21-уми январ дар ҷаласаи порлумони ин кишвар гуфт: "Маълумоти тасдиқшудае нест, ки ин 6 шаҳрванди Тоҷикистон узви гуруҳҳои ҷиноӣ ҳастанд, аммо дар муноқишаҳо иштирок кардаанд."

Муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон илова кард, "мақомоти интизомии Тоҷикистон чанд шаҳрванди худро, ки ба сӯи шаҳрвандони қирғиз санг партофта ва талош карданд хонаро оташ зананд, таҳти пайгард қарор додаанд". Ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст.

Канибек Имоналиев, вакили порлумони Қирғизистон, гуфтааст, дар доираи шартномаҳо миёни кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) имкони иваз кардани шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, вуҷуд дорад. Ӯ пешниҳод кард, масъалаи мазкур дар ҷараёни гуфтушунидҳои марзӣ баррасӣ шавад.

Шаби 9 ба 10-уми январи имсол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зад, ки дар ҷараёни он садои тир ҳам шунида шудааст. Мақомот гуфтанд, сокинони деҳаҳои наздимарзӣ ба сӯи якдигар санг партофтаанд. Ҷонибҳо дар шурӯи ҳодиса якдигарро гунаҳкор карданд.

Дар пайи муноқиша ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, рӯзи 14-уми январ, бо роҳбарии муовинони нахуствазирони ду кишвар гуфтугӯ карда, масъалаи иваз кардани қитъаҳои марзиро баррасӣ намуданд.

Аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 400 километраш муайяну аломатгузорӣ нашудааст. Ду тараф барои ҳалли масъала роҳҳои гуногун ва харитаҳои гуногунро пешниҳод мекунанд.

Cокинони Жанаозени Қазоқистон бо талаби шуғл ба кӯча баромаданд

Наздики 200 сокини шаҳри Жанаозени Қазоқистон рӯзи 20-уми январ бо талаби кори доимӣ пушти дари ҳукумати маҳаллӣ ҷамъ шуданд. Дар ин бора Нурсултон Нурумов, як сокини маҳаллӣ хабар дод. Ин сокин низ дар баробари дигарон пушти дари ҳукумат рафта буд. "Муроҷиатҳои мо ба ҳукумати маҳаллӣ нодида гирифта мешаванд",-гуфт Нурумов.

Яке аз муовинони раиси ноҳия бо ҷамъомадагон мулоқот кард ва аз онҳо хост, ки барои ҳалли мушкилашон як моҳ муҳлат диҳанд. Аммо сокинон гуфтанд, ки посухи мақомот онҳоро қонеъ накардааст ва сокинон тасмим доранд, ки то замони ҳал шудани мушкилашон ҳамарӯза пушти дари ҳукумат ҷамъ мешаванд.

"Мо то охир хоҳем рафт. Соли 2019 монеаҳои зиёде эҷод карданд, аммо ин садди роҳи мо нашуд. Чи гунае ки талаб мекардем, ҳамон гуна давом хоҳем дод",-гуфт сокини Жанаозен.

Максат Ибагаров, ҳокими Жанаозен дар сӯҳбат бо расонаҳо гуфт, ки намояндаи ҳукумат бо сокинон мулоқот ва рӯйхати онҳоро тартиб дод.

Мақомоти Қазоқистон ба ҳама гуна дигарандешӣ ва ё гирдиҳамоӣ дар Жанаозен бархурди ҳассос нишон медиҳанд. Зеро дар ин шаҳр дар соли 2011 эътирози нафткашҳо бераҳмона пахш шуд. Дар он ҳодиса 17 кас кушта ва бештар аз 100 каси дигар маҷруҳ шуда буданд.

Блогнависи узбек баъди рухсат ёфтан аз бемористон ба хориҷ рафт

Нафосат Оллашукурова, блогнависи узбекистонӣ, ки соли гузашта ҳудуди се моҳ бо қарори додгоҳ дар бемористони касалиҳои руҳӣ табобат гирифт, ахиран Узбекистонро тарк кард. "Ҳамватанони азиз, ман маҷбур будам, ки кишварро тарк кунам. Аммо ман намехоҳам, ки шумо ин иқдоми маро тарсӯӣ ё фирор баҳо гузоред",-навишт вай дар саҳифаи Фейсбук.

Оллашукурова менависад, баъди рухсат ёфтан аз бемористон мақомот талош карданд, ки ӯро дар қайди бемористони касалиҳои руҳии шаҳри Тошканд гузоранд ва ба ин тартиб тавонанд, ки ӯро дар ҳар лаҳза дубора ба бемористон интиқол диҳанд. "Дӯстони азиз, ман ба хулоса расидам, ки блогнависон дар Узбекистон наметавонанд, озодона амал кунанд ва ба ҳамин хотир ман маҷбур будам кишварро тарк кунам",-навишт вай.

Нафосат Оллашукурова, ки пайваста аз фаъолияти мақомоти давлатии Узбекистон интиқод мекард, дар тирамоҳи соли гузашта дар бемористони бемориҳои равонӣ бистарӣ шуд. Додгоҳи вилояти Хоразми Узбекистон 30 сентябр Нафосат Оллашукуроваро баъди 10 рӯзи адои ҳукми маъмурӣ, ба беморхонаи бемориҳои равонӣ иҷборан фиристод.

Нафосат Оллашукурова дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавзуъҳое амсоли фасодкорӣ ва тахриби ғайриқонунии манзилу амволи сокинонро аз сӯи мақомот инъикос мекунад.

Пештар Созмони ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон "Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон" (CPJ) аз Ӯзбекистон хоста буданд, блогнавис Нафосат Оллашукуроваро фавран озод кунад.

Дар ҷаласаи шӯрои СММ пешниҳоди озодии Азимҷон Аскаров садо дод

Қирғизистон дар ҷаласаи Шӯрои СММ дар умури ҳуқуқи инсон ҳисобот дод ва аз аъзои дигари СММ пешниҳод гирифт.

Намояндаи Ирландия аз Қирғизистон хост, ки ҳомии ҳуқуқи зиндонӣ Азимҷон Аскаровро озод кунад. Аскаров бо айби ташкили бетартибиҳо ва иштирок дар куштори корманди милиса дар соли 2010 ба ҳабси абад маҳкум шудааст.

Дар ҷараёни ҷаласаи дар Шӯрои СММ ҳамчунин кишварҳои дигар аз Қирғизистон хостанд, ки фаъолияташро дар бахшҳои ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, озодиҳои динӣ, озодии баён, ҳифзи ҳуқуқи занону кӯдакон беҳбуд бахшад.

Ҳайати Қирғизистонро муовини вазири корҳои хориҷии он кишвар Нуран Ниёзалиев роҳбарӣ кард. Вай гуфт, ки дигарандешӣ ва озодии баён, ки солҳои охир Қирғизистон ба он даст ёфтааст - аз вижагиҳо ва ифтихороти Қирғизистон ҳастанд.

Азимҷон Аскаров баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 бо гумони ташкили бетартибиҳо дар ҷануби Қирғизистон ва иштирок дар куштори корманди милиса боздошт шуд. Бо қарори тамоми зинаҳои додгоҳӣ вай ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст.

Моҳи апрели соли 2016 Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки парвандаи Аскаровро бозбинӣ кунанд.

Додгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон 30 июли соли гузашта парвандаи Аскаровро дубора баррасӣ карда, ҳукми ҳабси якумрии ӯро бетағйир гузошт. Ҳарчанд вакили дифои Аскаров ба бегуноҳии шахси зери ҳимояи худ исрор карда, гуфт, вазъи саломатиаш бад шудааст.

Иҷозаи кор ба 4 корманди Радиои Озодӣ баъд аз муроҷиатҳои батакрор

Барот Юсуфӣ

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баъд аз муроҷиатҳо ва пойфишориҳои пайваста ба чаҳор хабарнигор ва корманди фаннии Радиои Озодӣ барои ним сол аккредитатсия ё парвонаи кор дод. Ин дар ҳолест, ки бар асоси муқаррарот дар Тоҷикистон аккредитатсия ба хабарнигорони доимӣ барои 1 сол дода мешавад.

Мақомоти вазорат рӯзи 21-уми январ гуфтанд, Барот Юсуфӣ (Бароталӣ Назаров), Орзуи Карим (Орзу Бедимоғов), Абдуғанӣ Баротов ва Салоҳиддин Мирзоев то 21-уми июни имсол ҳаққи кор кардан доранд. Ҳоло 7 корманди дигари Радиои Озодӣ дар Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар аз ҳаққи кор маҳруманд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 26-уми июни соли гузашта парвонаи кори Барот Юсуфиро, ки муҳлати анҷомшавиаш то моҳи апрели соли 2020 буд, бозхонд кард. ​

Раҳбарияти Радиои Озодӣ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ба ҳамаи кормандони Радиои Озодӣ аккредитатсия дода шавад, то онҳо битавонанд, вазифаҳои худро анҷом диҳанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ, рӯзи 14-уми январ ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён ва маҳрум кардани дастрасӣ аз манобеи хабарӣ танқид кард. Созмон дар гузорише навишт, "Радиои Озодӣ аз моҳи октябр... зери фишори зиёд қарор гирифт."

Радиои Озодӣ яке аз чанд расонаи ангуштшуморе дар Тоҷикистон аст, ки ахбори дуруст ва бетарафона нашр мекунад ва бинандаву хонандаи зиёде дорад. Вебсайти Радиои Озодӣ аз вебсайтҳои асосии хабарӣ ва пурхонанда дар Тоҷикистон аст. Канали Радиои Озодӣ дар Ютуб бо тақрибан 900 ҳазор пайрав маҳбубтарин канал дар кишвар ба ҳисоб меравад.

Рӯзноманигори қирғиз Турсунбек Бейшенбеков боздошт шуд

Муҳаррири сомонаи хабарии Chyndyk.kg Турсунбек Бейшенбеков боздошт шуд.

Пештар рӯзноманигор хабар дода буд, ки ӯро дубора барои бозпурсӣ ба Додситонии низомии Қирғизистон даъват карданд. Баъди бозпурсӣ ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол ёфтааст.

Бино ба хабари расонаҳо, Бейшенбеков дар доираи парвандаи ҷиноии муовини пешини вазири умури дохилии Қирғизистон Курсан Асанов бозпурсӣ ва боздошт шудааст.

Турсунбек Бейшенбеков 16-уми январ низ ба додситонӣ даъват шуда буд, вале он замон нагуфт, ки дар доираи кадом парванда бозпурсӣ шуд.

Муовини вазири умури дохилии Қирғизистон Курсан Асанов 13-уми августи соли гузашта, баъди амалиёти боздошти президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев бо ҷурми "хиёнат ба манофеи милисаи Қирғизистон" аз мақом барканор шуд.

Мақомоти додситонӣ хабар доданд, ки парванда бо моддаи "Сӯистифода аз мақом" ба он хотир боз шудааст, ки Асанов: ҳангоми ҳамла дастурҳои вазири корҳои дохилиро нодида гирифта; худсарона амал карда; ҳангоми ҳамла ҳайати шахсиро беназорат гузошта ва бо ин рафтораш кормандони милисаро дар хатар гузоштааст.

Тағйирот ба Конститутсияи Русия. Путин чӣ пешниҳод дорад?

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи душанбе лоиҳаи қонуни ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ин кишварро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард. Дар ин бора сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков иттилоъ дод.

Ба огаҳии сомонаи Дума, қарор аст, ба банди 22-уми Конститутсияи Русия тағйирот ворид карда шавад. Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ки ниҳоди нави давлатӣ -- Шӯрои давлатӣ таъсис ёбад. Ин шӯроро президенти Русия бо ҳадафи таъмини фаъолият ва ҳамкории ҳамоҳангшудаи ниҳодҳои давлатӣ, таъйини самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дохилии Русия, самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат таъсис доданист.

Ҳамчунин Думаи давлатӣ бояд ҳаққи тасдиқи номзадии раиси ҳукуматро бо пешниҳоди президент ва номзадии муовинони сарвазир ва вазиронро, ба ҷуз аз раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ бо пешниҳоди сарвазир дарёфт кунад. Раҳбарони ниҳодҳои қудратиро президент дар машварат бо Шӯрои федеролӣ тасдиқ хоҳад кард.

Бар асоси лоиҳаи қонун, калимаи "пайиҳам" аз банди Конститутсия дар бораи давраҳои президентӣ ҳазф хоҳад шуд: "Як одам наметавонад беш аз ду давра Русияро раҳбарӣ кунад". Ин маънои онро дорад, ки Путин баъди соли 2024 дигар президенти Русия шуда наметавонад.

Тибқи ваъда, Путин барои вакилони порлумон, аъзои Шӯрои федеролӣ, вазирон ва додрасҳо маҳдудиятҳоеро ҷорӣ мекунад. Ин афрод ҳаққи дарёфти шаҳрвандӣ ё иҷозати будубоши доимӣ дар кишвари хориҷиро надоранд. Президенти Русия шахсе интихоб хоҳад шуд, ки дасти кам 25 соли ахир дар ин кишвар зиндагӣ кардаааст ва дар гузашта шаҳрвандӣ ё ҳаққи иҷозати доимӣ дар кишвари хориҷиро надошта бошад.

Президенти Русия 15 январ ҳангоми ироаи паёмаш гуфта буд, ки мехоҳад Конститутсияи кишвараш тағйир дода шавад. Ба иттилои РБК, раъйпурсии умумӣ дар ин бора 12 апрел баргузор хоҳад шуд.

Ҳабси як узви гурӯҳи ҷиноӣ дар Ӯш

Додгоҳи шаҳрии Ӯши Қирғизистон узви гурӯҳи ҷиноӣ Умар Маратовро, ки бо лақаби "Қазоқ" маъруф аст, як моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Қарори додгоҳ дар ин бора 19-уми январ содир шуд.

Маратовро 17-уми январ бо гумони иштирок дар латту кӯби Улан Раимбеков, хеши шаҳрдори пешини Ӯш Айтмамат Қодирбоев боздошт карданд.

Пештар аз ин расонаҳо навиштанд, Раимбеков ба додгоҳ арз кардааст, ки нисбати Маратов даъво надорад. Аммо пулис мегӯяд, ин ҳолат боздоштшударо аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод намекунад.

Улан Раимбеков, ки рӯзи 11-уми январ дар шаҳри Ӯш латту кӯб шуд, дар бемористон табобат мегирад.

Маратов пештар бо моддаҳои "дуздӣ" ва "ғоратгарӣ" суд шудааст. Моҳи октябри соли 2019 ӯро бо гумони таҷовузи як ноболиғ боздошт карданд. Аммо рӯзи 8-уми январ додгоҳ ӯро ба ҳабси хонагӣ фиристод.

Таассуфи шоҳзода Гаррӣ аз маҳрум шуданаш аз имтиёзҳои шоҳӣ

Шоҳзода Гаррӣ аз ин ки маликаи Бритониё Елизаветаи II ӯро аз унвони салтанатӣ маҳрум кард, изҳори таассуф намуд. Кохи Букинҳем пештар аз ин хабар дод, ки шоҳзода Гаррӣ ва ҳамсараш Меган Маркл аз унвони салтанатӣ маҳрум шуданд ва дигар наметавонанд аз давлат маош бигиранд.

"Мо умедвор будем, ки минбаъд ҳам ба малика, Иттиҳод ва эътилофи низомӣ бидуни подош хизмат мекунем. Мутаассифона, ин ғайриимкон шуд... Ман амиқан мутаассифам, ки кор ба ин ҷо расид. Баъди солҳои озмоиш моҳҳо гуфтугӯ давом кард. Ман медонам, ки на ҳамеша ҳақ будам, вале ман интихоби дигар надоштам",-гуфт шоҳзода Гаррӣ.

Чанде пеш малика Елизаветаи II розӣ шуд, ба шоҳзода Гаррӣ ва ҳамсараш Гарен Маркл "давраи гузариш"-еро фароҳам созад, ки дар давоми он онҳо метавонанд бо навбат дар Канада ва Бритониё зиндагӣ кунанд.

Малика гуфт, тасмими набераи хурдӣ ва ҳамсарашро дар бораи нақши нави иҷтимоияшон "пурра дастгирӣ мекунад", вале ба назари ӯ беҳтар аст, ки онҳо ҳамчун узви хонаводаи шоҳ бимонанд.

Елизаветаи II изҳор дошт, ки барои ба эътидол овардани муносибатҳои Гаррӣ ва Меган бо аъзои дигари хонаводаи шоҳ корҳои зиёдеро бояд анҷом дод, вале умедвор аст, тасмими ниҳоӣ дар ин бора рӯзҳои оянда гирифта хоҳад шуд.

Гаррӣ ва ҳамсараш ахиран эълом карданд, ки мехоҳанд аз мақоми узви хонаводаи шоҳ даст кашанд. Онҳо дар изҳороти худ гуфтаанд, ки мехоҳанд, вақти худро миёни Бритониё ва Амрикои Шимолӣ тақсим кунанд.

Ба гуфтаи Мегану Гаррӣ, онҳо ба хотири истиқлоли молӣ аз хонаводаи шоҳӣ корро оғоз карданианд.

Онҳо ҳамчунин хабар доданд, ки як бунёди нави хайрияро ташкил кардаанд, вале ҷузъиёти бештареро дар ин бора ироа накарданд.

Шоҳзода Гаррӣ ва ҳунарманди амрикоӣ Меган Маркл 19-уми майи соли 2018 издивоҷ карданд. Ин дувумин издивоҷи Меган Маркл аст. Онҳо 6-уми майи соли 2019 соҳиби писар шуданд.

Юрий Чайка аз мансаби додситони кулли Русия канор рафт

Юрий Чайка

Кремл рӯзи 20-уми январ эълон кард, ки додситони кулли Русия Юрий Чайка пас аз 14 соли кор аз мақомаш канор рафтааст.

Хадамоти матбуотии Кремл гуфт, президент Владимир Путин номзадии Игор Красновро ба мақоми додситони кул пешбарӣ кардааст. Краснов то ин дам дар вазифаи муовини раиси Кумитаи тафтишоти Русия кор мекард. Номзадии ӯро бояд палатаи болоии порлумон баррасӣ кунад.

Ба гуфтаи мақомот, Юрий Чайка 68-сола аст ва аз соли 2006 ба инҷониб дар ин вазифа мебошад.

Пешниҳоди Путин чанд рӯз пас аз он ба миён меояд, ки қонунгузорон дар палатаи поёнии порлумон, Думаи давлатӣ, Михаил Мишустин сарвари начандон хуб шинохташудаи андозро ба ҷойи Дмитрий Медведев, сарвазири пешин, таъйин карданд.

Медведев ва кабинети вай рӯзи 15-уми январ, пас аз суханронии ҳарсолаи Путин дар бораи вазъи кишвар, истеъфо доданд.

Боздошти “як ҷангҷӯи тоҷик” бо шиносномаи қалбакӣ дар Молдова

Мақомоти интизомии Молдова як шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони узвият дар гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дастгир кардаанд. Мақомоти ин кишвар рӯзи 20-уми январ гуфтанд, шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон ҳангоми убури марз бо шиносномаи қалбакии Украина боздошт шуд.

Расонаҳои Молдова аз қавли мақомоти ин кишвар навиштаанд, шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми убур аз марз ҳаяҷонзада буд ва ин чиз шубҳаи марзбононро ба бор овард. Тафтиши санадҳои ин ҷавон нишон додааст, ки шиносномаи украинии ӯ қалбакӣ буда, худаш ҳам ғайриқонунӣ ба воситаи роҳи заминӣ вориди Молдова шудааст.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки номаш зикр намешавад, бо иттиҳомҳои иштирок дар низои мусаллаҳонаи кишварҳои дигар ва иштирок дар амалҳои террористӣ таҳти пайгарди мақомоти тоҷик будааст.

Дар ҳоли ҳозир ин шаҳрванди Тоҷикистон ба боздоштгоҳи Молдова интиқол ёфта, санадҳояш барои баррасӣ ба Тоҷикистон фиристода шудаанд.

Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон наздики 2 ҳазор шаҳрванди кишвар дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат доштанд. Қаблан бархе аз ин афрод дар марзи Украина боздошт шуда, бархеи онҳо ба кишвар истирдлод шудаанд.

Нигаронии Адам Шифф аз дастрас нашудани санадҳо дар бораи Украина

Адам Шифф

Адам Шифф, намояндаи Маҷлиси Намояндагони Амрико аз Ҳизби демократ, Хадамоти махсуси Иёлоти Муттаҳидаро дар пешгирӣ кардани ҳуҷҷатҳои дархостшудаи Конгресс дар бораи Украина айбдор кардааст.

Ин санадҳо ба пажуҳиши нобоварӣ ба президент Доналд Трамп вобастагӣ доранд.

Додситони пешбарандаи кор ва ё роҳбари муҳокима дар миёни ҳафт қонунгузори Маҷлис рӯзи 19-уми январ ба расонаҳои Иёлоти Муттаҳида гуфт, Оҷонсии Амнияти Миллӣ ва Оҷонсии Иттилооти Марказӣ ё CIA “чунин менамояд, ки ба фишори давлати Трамп гирифторанд.”

Вай ба барномаи “Ин ҳафта”-и ABC гуфт, Оҷонсии Амнияти Миллӣ “аз ҷумла додани ҳуҷҷатҳоеро рад мекунад, ки ба уҳдадориҳои назоратии мо дар Украина вобастагӣ доранд ва инчунин ҳуҷҷатҳои муҳимеро, ки шояд сенаторон дар рафти мурофиа дидан мехоҳанд.”

Адам Шифф, раиси Кумитаи иттилооти Маҷлис, ки бисёрии тафтишотро доир ба “нобоварӣ” гузаронидааст, илова намуд: “Нишонаҳое ҳастанд, ки мумкин аст, CIA низ ба ҳамон самти ғамангез равад."

Додгоҳи нобоварӣ ба Трамп рӯзи 16-уми январ сар шуд ва ба таъхир афтод. Рӯзи 21-уми январ дубора оғоз хоҳад шуд.

Узбекистон то соли 2025 содироти гази табииро ба хориҷ қатъ мекунад

Узбекистон тасмим дорад, то соли 2025 содироти гази табииро ба хориҷ қатъ кунад. Дар ин бора Абдулло Орипов, сарвазири Ӯзбекистон хабар дод.

"То соли 2025 талош мешавад, ки содироти гази табиӣ ба хориҷ қатъ ва коркарди он дар дохили кишвар комилан ба роҳ монда шавад",-гуфт Орипов.

Ба гуфтаи вай, то охири соли ҷорӣ ҳамаи масрафкунандагони захираҳои энержӣ бо ҳисобкунакҳои газу барқ таъмин мешаванд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки захираҳои энержӣ сарфа шаванд ва мушкили марбут ба пардохтҳои ҳангуфти масрафи газу барқ ҳал гардад.

Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, Узбекистон дар соли 2018 ба хориҷ 13 млрд метри мураббаъ ва дар соли 2019 бештар аз 15 млрд гази табиӣ содир кардааст.

Ин дар ҳолест, ки бештаре аз сокинони Узбекистон аз норасоии газ шикоят доранд.

Оғози баррасии шикояти хонаводаи Матраимовҳо зидди Радиои Озодӣ

Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек имрӯз, 20-уми январ баррасии шикояти хонаводаи Матраимовҳо зидди бахши қирғизии Радиои Озодӣ, рӯзноманигор Алӣ Токтакунов ва сомонаҳои Kloop ва 24.kg-ро оғоз мекунад.

Хонаводаи Матраимовҳо 9-уми декабри соли гузашта барои ҳифзи обрӯй ва шарафи худ зидди бахши қирғизии Радиои Озодӣ, рӯзноманигор Алӣ Токтакунов, сомонаҳои 24.kg ва Kloop.kg ба додгоҳ шикоят бурданд. Додгоҳ рӯзи дигар ҳисобҳои бонкии расонаҳо, ҷамъан ҳудуди 859 ҳазор долларро ба ҳабс гирифт. Вале дертар ин қарор бекор шуд.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар якҷоягӣ бо Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop.kg қисмати дувуми таҳқиқоти рӯзноманигориро дар бораи ба хориҷ бурдани 700 миллион доллар аз Қирғизистон нашр карданд.

Рӯзи 10-уми ноябр дар шаҳри Истамбули Туркия яке аз чеҳраҳои калидии таҳқиқоти рӯзноманигорӣ - тоҷири чинӣ Айэркен Саймаитӣ кушта шуд. Вай дар суҳбат бо рӯзноманигорон иқрор шуда буд, ки хонаводаи муовини пешини раиси Хадамоти гумрук Раимбек Матраимов дар фасодкорӣ даст дорад.

Матраимов дар навбати худ гуфт, дар интиқоли ғайриқонунии 700 миллион доллар аз Қирғизистон ба хориҷ даст надорад ва маълумоти рӯзноманигорон дар таҳқиқот дурӯғ аст.

Қазоқистон содироти чорворо пурра манъ кард

Вазорати кишоварзии Қазоқистон дар пайи афзоиши содироти бузу гусфанд ва гов ба Узбекистон дар соли гузашта 20-уми январ содироти чорвои зиндаро пурра манъ кард.

"Афзоиши содироти чорвои зинда ба болоравии нархи гӯшт ва коҳиши кори ширкатҳои коркарди гӯшт дар Қазоқистон сабаб шудааст",-қайд намудааст вазорат дар иттилоияи худ.

Ба огаҳии Вазорати кишоварзии Қазоқистон, иқтидори ширкатҳои мазкур дар соли 2019 ба ҳисоби миёна ним баробар поин рафтааст. Сабаби асосӣ камчин шудани маҳсулоти хом дар пайи "афзоиши содироти чорво" ба хориҷ аз ин кишвар гуфта мешавад.

Ба иттилои Gazeta.uz, аз моҳи январ то июни соли 2019 ба Узбекистон ба маблағи 59,3 млн доллар чорвои калон ворид карда шудааст, ки 84,5 дарсади он аз Қазоқистон мебошад.

Мансабдори узбек ба зертобеаш тавсия медиҳад, худро овезад

Нуралӣ Болтаев.

Ба гуруҳи "Telegram"-и бахши узбекии Радиои Озодӣ навори садоие фиристода шудааст, ки дар он шунида мешавад, чи гуна дар Узбекистон як мансабдор ба тобеони худ суханҳои қабеҳ мегӯяд.

Як корманди Нозироти андози ноҳияи Ромитани Узбекистон, ки наворро фиристодааст, гуфт, он моҳи сентябри соли гузашта дар яке ҷаласаҳои марбут ба ҷамъоварии андоз аз сокинони ноҳия сабт шудааст.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, дар навор раҳбари онҳо Нуралӣ Болтаев суҳбат мекунад. Дар он ҷаласа Болтаев нозир Азизбек Ашуровро барои кам ҷамъ кардани пули андоз дашном додааст.

"Ашуров, аз ҷоят хез! Бигӯ, чи қадар пул ҷамъ кардӣ...", - мегӯяд нафаре, ки садояш ба Болтаев монанд аст.

Нозир аз ҷояш нахеста, ба суоли раиси Нозироти андози Ромитан посух мегӯяд. Вале Болтаев ба ғазаб омада, мегӯяд, "барои чӣ ту ... аз ҷоят намехезӣ? Ман ба ту фармон додам, ки аз ҷоят хез? Магар ту ... кар ҳастӣ? Фардо раиси вилоят даъват мекунад, ба ӯ чӣ ҷавоб хоҳӣ дод?", - изҳор медорад Болтаев дар хитоб ба нозир.

Болтаев дар идома кормандашро таҳдид мекунад, ки то охири моҳ "тоб" нахоҳад овард. "Ба ту тавсия медиҳам, ки фардо рав аз бозор банд хар ва худро овез. Гардани ту борик аст, ду метр банд мерасад. Фаҳмидӣ?", - меафзояд сардори Нозироти андози Ромитан.

Ба гуфтаи як вакили дифои узбек, дар Кодекси маъмурии Узбекистон барои суханҳое, ки сардори Нозироти андози Ромитан ба кормандаш гуфтааст, ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

Ду корманди Нозироти андози Ромитан гуфтанд, онҳо борҳо аз рафтори сардори худ шикоят кардаанд, вале ҳар бор раҳбарияти нозироти вилоятӣ шикояти онҳоро нодида мегирад.

Вале худи Болтаев дар як суҳбати телефонӣ дашном додан ва таҳқир кардани кормандонро қотеона рад кард. "Ҳамаи чизе, ки ба шумо гуфтаанд дурӯғ аст. Ба Ашуров ман чизе нагуфтаам. Ингуна суҳбат нашудааст. Ҳоло садоро иваз кардан хеле осон аст",-гуфт ӯ.

Кушта шудани даҳҳо нафар дар ҳамлаи мушакии ҳусиҳо

Мақомоти Яман гуфтанд, рӯзи 19-уми январ дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакӣ ва зарбаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар вилояти Маъриби Яман бештар аз 100 сарбоз кушта шудаанд.

Муҳаммад Ал-Ҳазромӣ, вазири умури хориҷии Яман ҳамлаҳоро, ки назди як масҷид ва ҳангоми намози шом сурат гирифт, "амали террористии номардонае" номид, ки тамоми суннату арзишҳои мазҳабӣ ва инсониро помол кардааст. Аммо Абдулло Маҷолӣ, сухангӯи артиши Яман гуфт, ки дар ҳамлаҳо 76 нафар кушта шудаанд.

Мақомот ошӯбгарони ҳусиро, ки аз тарафи Эрон ҳимоят мешаванд, масъули ҳамла номидаанд, ҳарчанд ҳеҷ гурӯҳе масъулияти онро бар дӯш нагирифтааст. Ҳукумати Яман, ки ҷомеаи байналмилалӣ онро эътироф мекунад ва як эътилофе ба раҳбарии Арабистони Саудӣ ба он кӯмак мерасонанд, аз соли 2014 то кунун бо ошӯбгарони ҳусӣ меҷангад.

Пойтахти Яман шаҳри Санъо ва қисми зиёди шимоли кишвар дар дасти ҳусиҳост. Дар ҷанги панҷсола дар ин кишвари фақиртарини арабӣ бештар аз 10 000 нафар кушта шудаанд.

Эрон "сандуқи сиёҳ"-и ҳавопайморо ба хориҷ намефиристад

Рӯзи 19-уми январ ҳамзамон бо интиқоли ҷасадҳои 11 украинӣ, ки дар ҳавопаймои сарнагуншуда дар Эрон ҷон доданд, мақомоти расмӣ гуфтаанд, ки абзори сабти иттилои парвозро барои таҳқиқ ба хориҷ намефиристанд.

Хабаргузории давлатии ИРНА аз қавли Ҳасан Ризоифар, раҳбари гурӯҳи тафтишотии фалокат навиштааст, "абзорҳои сабти ҳавопаймои "Боинг"-и Украина дар дасти эрониҳост ва мо ҳеҷ нияти фиристодани он ба хориҷро надорем".

Айни замон Канада рӯзи 19-уми январ дигарбора аз Теҳрон хост, ки "сандуқи сиёҳ" ва ё ҳамон абзори сабти иттилои парвозро фавран ба Фаронса ва ё Украина бидиҳад. Франсуа Филип Шампейн, вазири умури хориҷии Канада баъди суҳбат бо ҳамтои эрониаш Муҳаммадҷавод Зариф гуфт, дигарбора ба мавқеи кишвараш таъкид кардааст, ки "сандуқҳои сиёҳ" бояд барои тафтиши шаффоф ҳарчӣ зудтар ба Украина ва ё Фаронса фиристода шаванд, ки таҷрибаи таҳқиқро доранд".

Ҳасан Ризоифар гуфтааст, ки ҳоло бо абзорҳои сабт кор мекунанд ва мумкин аст Эрон онҳоро ба Украина ва ё Фаронса бифристад, вале ҳоло дар ин бора қарори қатъие қабул накардаанд. Ҳавопаймои мусофирбари Украина рӯзи 8-уми январ дар натиҷаи зарбаи мушакӣ ва иштибоҳии нерӯҳои ҳавоии Эрон сарнагун шуд ва тамоми 176 мусофир ва ҳайати парвоз ҳалок шуданд.

Дар Узбекистон ширкати нави ҳавопаймоӣ таъсис мешавад

Дар Узбекистон ширкати нави ҳавопаймоии Humo Air таъсис мешавад. Дар ин бора рӯзи 18-уми январ сарвазири он кишвар Абдулло Орипов хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ширкати мазкур парвозҳои дохилӣ анҷом медиҳад ва чиптаҳоро бо қимати арзонтар ба фурӯш мебарорад. Қарор аст, тарҳи мазкур соли ҷорӣ амалӣ шавад.

Ин дар ҳолест, ки Узбекистон тасмим дорад, рӯзҳои 19-20 феврал яке аз бузургтарин форумҳои ҳавопаймоиро баргузор кунад. Бархе аз расонаҳо менависанд, мумкин аст, ширкати нав дар ҳамин форум муаррифӣ шавад.

Пештар аз ин гуфта мешуд, ки Бонки ҷаҳонӣ омода аст, дар тарҳҳои ислоҳотии бахши ҳавопаймоии Узбекистон ширкат кунад.

Қотили эҳтимолии тарроҳи тошкандӣ боздошт шуданд

Қотили эҳтимолии тарроҳи машҳури тошкандӣ Наримон Григорян боздошт шуд. Дар ин бора аз додситонии Тошканд хабар доданд. Боздоштшударо дар "Куштори барқасдона" айбдор мекунанд.

Ба иттилои мақомот, дар бораи марги тарроҳ 14-уми январ, тақрибан соатҳои 11:50 ба Идораи ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Яшнободи Тошканд хабар дода шудааст. Ҷасади Григорянро, соли таваллудаш 1985, бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дар утоқи зисташ дар меҳмонсарои воқеъ дар кӯчаи Чигил пайдо кардаанд.

Додситонии Яшнобод дар робита ба ин ҳодиса бо банди "куштори барқасдона" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Наримон Григорян ягона узви ҳакамони озмуни байналмилалии рақс аз Узбекистон ба ҳисоб мерафт. Ӯ ҳамчун тарроҳу модел маъруф ва муассиси бренди "Nariman Grigoryan" буд.

Ҳомиёни Трамп "парвандаи нобоварӣ"-ро дахолат ба интихобот номиданд

Ҳар ду ҷониби парвандаи изҳори нобоварӣ ба президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи шанбе барои ҳимояти мавқеъҳои худ далелҳои ҳуқуқиеро пешниҳод карданд.

Дар санади 111-саҳифаии демократҳои Маҷлиси намояндагон, ки қарор аст, ба Сенат пешниҳод шавад, омадааст, Трамп ба қонуншиканиҳое роҳ додааст, ки бояд аз мақоми президентӣ канор равад. Ба гуфтаи демократҳо, Трамп бо ин амалҳояш сохти конститутсионӣ ва амнияти Амрикоро зери хатар гузошт. Трамп дар сӯистифода аз мақом ва монеъ шудан ба рафти тафтишот дар Конгресс айбдор мешавад. Аз ҷумла, гӯё ба хотири манфиатҳои сиёсӣ ба раҳбарияти Украина фишор овардааст.

Ҳомиёни тими президенти ИМА дар як санади 6-саҳифаӣ айбҳои зидди Трампро "ҳамлаи хатарнок" ба амрикоиҳо ва ҳуқуқи интихоботияшон номидаанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳадафи демократҳо бозбинии натиҷаҳои интихоботи президентии соли 2016 ва дахолат дар интихоботи президентии соли равон аст. Дар он ҳамчунин гуфта шудааст, ки президент тамоми айбҳои зиддаш эъломшударо қотеъона рад мекунад.

Ба тими ҳомиёни президенти ИМА додситонҳои махсуси пешин Кеннет Стар ва Роберт Рэй, ки парвандаи изҳори нобоварӣ ба президенти пешин Билл Клинтонро баррасӣ карда буданд, пайвастаанд.

Баррасии парвандаи изҳори нобоварӣ ба Трамп 21-уми январ дар Сенат оғоз мешавад. Барои изҳори нобоварӣ ба Трамп бояд аз се ду ҳиссаи аъзои Сенат раъй диҳанд. Ин дар ҳолест, ки аксари аъзои Сенатро ҷумҳурихоҳон -- ҳамҳизбони Доналд Трамп ташкил медиҳанд. То ҳол ягон ҷумҳурихоҳ аз айбҳои эъломшуда зидди Трамп ҷонибдорӣ накардааст ва ба гуфтаи коршиносон, ба эҳтимоли зиёд Трамп дар мақомаш мемонад.

Духтари Назарбоев бо $45 млн дар Швейтсария замин харид

Динора Қулибоева, духтари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар Швейтсария ба маблағи 44 миллион франк (ҳудуди 45 миллион доллар) замин харидааст. Дар ин бора нашрияи швейтсарии "La Tribune de Genève" хабар дод.

Ба иттилои нашрия, замин дар минтақаи Коллонж-Белриви Швейтсария ҷойгир аст. Он бо ҳудуди қасре бо номи Белрив пайваст аст, ки Қулибоева соли гузашта харидорӣ карда буд.

Замини мазкур ҳудуди якуним ҳектар буда, аз сокин Монако Марк Сёрсок харидорӣ шудааст. Қасре ки духтари Назарбоев харидорӣ кардааст, дар асри 17 бунёд шуда, шомили феҳрасти сарватҳои миллии Швейтсария аст.

Расонаҳои Швейтсария соли гузашта навиштанд, Динора Қулибоева қасри амаки Оқохонро дар он кишвар ба маблағи 62 миллион франки швейтсарӣ харидааст.

Нашрияи "Bilan" 21августи соли 2019 навишт, ки қасри Белривро се сол пеш бо арзиши 120 миллион франки швейтсарӣ ба фурӯш гузоштанд ва ниҳоят чанд рӯз пеш аз ҷониби духтари президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо нархи 62 миллион франк харида шуд.

Нашрия менависад, Динора Қулибоева соли 2009 низ дар Женева бар ивази 75 миллион франк хона харида буд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Муҳокимаи парвандаи нобоварӣ ба Доналд Трамп дар Сенати Амрико
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:40 0:00
XS
SM
MD
LG