Бар асари шикастани яхпора дар обанбори хурде дар рустои Оби Канапои ноҳияи Айнии вилояти Суғд чаҳор навраси аз 14 то 16-сола ҷон бохтаанд. Ҳодиса баъд аз зӯҳри 23-юми феврал ҳангоми бозии наврасон рух дода, ба қавли сокинон, ҷасадҳо танҳо соати даҳи шаб аз даруни об берун оварда шуданд. Маросими дафни наврасон рӯзи 24-уми феврал баргузор шуд.
Ҳусейну Фахрулло ва Нормуҳаммаду Алишер хонандагони мактаби рақами 37-и "Зарафшон-2" буданд.
Навбатдори идораи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Айнӣ ҳодисаро тасдиқ кард, аммо тафсилот надод. Вай гуфт, беҳтар аст, ҷузъиёт аз мақомоти милиса пурсида шавад.
Раиси яке аз маҳаллаҳо рӯзи якшанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сокинон ҷасадҳоро замоне аз об берун оварданд, ки наврасон бар асари сардии аз ҳад зиёд ҷон дода буданд.
"Болои оби ҳавз (обанбори хурд) як қабат ях баста будааст. Як гуруҳ аз наврасон дар болои он бозӣ мекунанд ва ҳангоме як қисми ях мешиканад, чаҳор нафар ба дарун меафтанд. Берун баромада наметавонанд. Об хеле сард аст ва то мардум ба ёрӣ мерасанд, ки дер мешавад", - афзуд ӯ.
Бархе аз сокинони дигар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки наҷотдиҳандаҳо ба ҷойи ҳодиса дер расидаанд.
"Ҳамаи ҷасадҳоро мардум ба танҳоӣ аз дохили об берун овард. Наҷотдиҳандаҳо ва оташнишонҳо коре накарданд. Обанбор шаш метр чуқурӣ ва ҳафтод метр дарозӣ ва 200 куб об дорад. Обаш хеле сард аст", - афзуд ин ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш фош шавад.
Бештари сокинони деҳаи Оби Канапо бошандагони собиқи рустои Махшевати ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ ҳастанд. Онҳо соли 2006 аз селфароӣ хисорот дида, сипас барои зиндагӣ ба ин русто рафтанд.
Ҳар сол дар фасли зимистон, ки авҷи резиши барфи шадид ва фаромадани тарма аст, маъмурони наҷот барои дасткӯтоҳӣ ё таъхир дар наҷоти мардум танқид мешунаванд. Аз аввали имсол бар асари тармафароӣ дар гӯшаҳои кишвар 8 нафар ҷон бохта, ҷустуҷӯи як нафари онҳо дар шаҳри Панҷакент ҳанӯз идома дорад.
Қаблан Амиршоҳ Саидов, сокини ноҳияи Ванҷ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ шикоят карда буд, ки писараш дар зери тарма мондааст, вале барои наҷоти ӯ масъулони идораи ҳолатҳои фавқулода коре накарданд. Ҷасади Ҳукмишоҳ баъди даҳ рӯзи ҳодиса аз тарафи сокинон пайдо ва берун оварда шуд.
Генерал Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ду ҳафта пеш дар суҳбат бо хабарнигорон чунин камбудро эътироф кард ва гуфт, ки чанд нафар масъулро барои "хунукназарӣ" ҷазои интизомӣ доданд. "Минбаъд чунин ҳодиса такрор намешавад", - гуфта буд генерал.
Мунтақидон мегӯянд, бо ҷазои интизомӣ кор ба ҷое нахоҳад расид, балки мақомот ҳайати наҷотдиҳандаҳоро бештар карда ва онҳоро бо таҷзиҳоту техникаи зарурӣ таъмин намоянд.