Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди пулиси Русия барои бадрафторӣ бо муҳоҷирони тоҷик


Мақомоти интизомии Маскав баъди як амалиёт 10 муҳоҷир тоҷикро аз қаламрави Русия ихроҷ кардаанд. Навори боздошти гуруҳе аз ин муҳоҷирон рӯзи 22-юми феврал ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Дар ин наворҳо, ки Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқ онҳоро мунташир кардааст, дида мешавад, ки муҳоҷирон дар сардии шадид дар берун нигоҳ дошта мешаванд.

Каримҷон Ёров мегӯяд, мақомоти интизомии Русия муҳоҷиронро давоми се рӯз азобу ранҷ додаанд. Ба гуфтаи ӯ, нахуст муҳоҷирони тоҷикро дар ҷойи корашон аз субҳ то бегоҳ дар сармо нигоҳ дошта, сипас ба идораи пулис бурданд.

«Баъди ба идораи пулис бурдан муҳоҷирон чанд соат дар дохили автобуси пулис буданд. Дар шуъбаи милиса ба муҳоҷирон ягон хел хӯрока ва об ҳам надоданд. Муҳоҷирон дар дар рӯи фаршҳои сементӣ ва роҳравҳо хоб рафтанд” - гуфт Ёров.

Дар навор дида мешавад ки онҳо дар руйи барфу ях истодаанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, аз вазъи муҳоҷирони тоҷик бохабар ҳастанд. Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, давоми се рӯзи то 22-юми феврал 32 муҳоҷири тоҷикро ба идораи пулис бурданд.

Ба қавли ҷаноби Аҳмадов, аз ин теъдод 22 нафар озод шуда, даҳ нафари дигарро ихроҷ аз Русия мунтазир аст. Ҳамсуҳбати мо афзуд, ин даҳ муҳоҷири тоҷик, ки дар миёнашон занон низ ҳастанд бо сабаби надоштани ҳуҷҷат аз Русия ихроҷ мешаванд.

Иброҳим Аҳмадов мегӯяд, дар ҷараёни амалиёт пулиси Русия на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки зодагони чанд кишвари дигар низ ба идораи пулис бурдаанд.

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, рафтори бади пулиси рус аз ҳама бештар ба зодагони Осиёи Марказӣ аз ҷумла тоҷикон дида мешавад, ки нигаронкунанда аст.

Русия як мизбони аслии муҳоҷирони кории тоҷик ба ҳисоб меравад ва солона ҳудуди 1 миллион шаҳрванди кишвар ба он ҷо барои кор мераванд. Мақомоти Русияро барои бадрафторӣ, нақзи ҳуқуқ ва муносибати сард бо муҳоҷирон пайваста танқид мекунанд.

XS
SM
MD
LG