Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири назари Кохи Сафед. 400 сарбоз дар Сурия мемонад


Кохи Сафед барномаи ихроҷи нерӯҳои Амрико аз Сурияро рӯшан кард ва гуфт, 400 сарбози амрикоӣ ҳамчун нерӯи “посдори сулҳ” дар ин кишвари Ховари Миёна мемонад. Амрико ҳоло дар Сурия ду ҳазор сарбоз дорад.

Қаблан, рӯзи 21-уми феврал Сара Сандерс, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки 200 сарбози “посдори сулҳ” пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия берун намешавад.

Аммо рӯзи 22-уми феврал мақомоти Кохи Сафед гуфтанд, ки ин масъаларо баррасӣ карданд ва пас аз хуруҷ, теъдоди нерӯҳои “посдори сулҳ”-ро дар Сурия тағйир доданд. Онҳо дар дохили як воҳиди низомӣ дар Танф, шимолу шарқи Сурия мустақар мешаванд.

Доналд Трамп, президенти Амрико моҳи декабр гуфт, ки ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави ДИИШ дар Сурия саркӯб шудаанд ва дигар зарурати боқӣ мондани сарбозони амрикоӣ дар ин кишвар вуҷуд надорад. Ӯ гуфт, ки ду ҳазор нерӯҳои амрикоиро аз Сурия берун меоранд.

Ин тасмими Доналд Трампро ҷумҳурихоҳон ва демократҳо танқид карданд. Ба гуфтаи онҳо, бо берун шудани нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия размандагони курд ба хатар рӯ ба рӯ мешавад. Размандагони курд бо кӯмаки Амрико ба зидди ДИИШ мубориза мебарад, вале Туркия онҳоро “террорист” меномад.

Қасри Сафед мегӯяд, Доналд Трамп бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия суҳбати телефонӣ дошт ва ду раҳбар ба натиҷае расиданд, ки “минтақаи амн” дар Сурияро ҳифз мекунанд ва ҳамкориро идома медиҳанд.

Дар Сурия Амрико, Туркия, Русия ва Эрон сарбоз доранд ва ҳар кишвар аз гурӯҳҳои алоҳида пуштибонӣ мекунанд. Нооромиҳо дар Сурия, ки аз соли 2012 оғоз шуд, ҳанӯз поён наёфтааст.

XS
SM
MD
LG