Расонаҳои давлатии Туркманистон дар пасманзари "шикор" ё маъракаҳои маҳви дастаҷамъии сагу гурбаҳои бесоҳиб дар ин кишвар аз оғози ҷамъоварии маблағ барои ҳайвонҳо хабар доданд.
Бонки тиҷории Туркманистон 19 феврал эълом кард, ки барои ҳайвонҳои бесоҳиб пул ҷамъ мекунад. Бино ба хабари расонаҳои расмӣ, Бонки саҳҳомии тиҷории "Рисгал" ба хотири дастгирии молии беморхонаи тозатаъсиси ҳайвонҳо ҳисоби махсусеро боз кардааст. Ин беморхона бахшеро низ барои нигаҳдории ҳайвонҳои бесоҳиб хоҳад дошт.
"Аз соҳибкорони кишвар ва шахсони саховатманд даъват мекунем, ки саҳми худро дар ин кори хайр бигузоранд", - омадааст дар иттилоияи бонк. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки пулҳои ҷамъушда чи тавр харҷ мешаванд.
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 16 феврал дастур дод, дар кишвараш барои ҳайвонҳо "беморхонаи махсус" бунёд карда шавад. Тибқи дастури президенти Туркманистон, маркази тозатаъсис таҳти ҳимояти давлат хоҳад буд.
Таваҷҷуҳи президенти Туркманистон ба ҳайвонҳо бо гузоришҳои Бахши туркмании Радиои Озодӣ дар бораи маъракаҳои маҳви ҳайвонҳои бесоҳиб дар шаҳру навоҳии ин кишвар рост омад. Аз ҷумла, радио 13 феврал, се рӯз пеш аз фармони Бердимуҳаммадов видеоеро аз маркази нигаҳдории ҳайвонҳо дар ҳудуди корхонаи коркарди партов, дар наздикии Ишқобод нашр кард.
Ин навор, ки зоҳиран тобистони соли гузашта сабт гаштааст, нишон медиҳад, ҳайвонҳо дар як шароити хеле бад нигаҳдорӣ шуда, бештарашон беморанд ва ҳатто дар миёни онҳо ҷасади ҳайвонҳои ҳалокшуда низ хобидааст. Ба гуфтаи фаъолони туркман, дастрасӣ ба ин марказ 22 августи соли 2018 маҳдуд ва атрофаш девор бардошта шуд.