Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин фармони Ҳуан Гуайдо ҳамчун раҳбари Венесуэла


Ҳуан Гуайдо, раҳбари мухолифон аз Анҷумани миллӣ, ки худро президенти Венесуэла эълон кардааст, нахустин фармони худро имзо кард. Нусхаи фармон, ки дар Твиттери Гуайдо низ нашр шуд, иҷозаи ворид шудани ёриҳои байналмилалӣ ба ин кишварро медиҳад.

Раҳбари мухолифин Ҳуан Гуайдо рӯзи 23-юми январ дар пайи эътирозҳои оммавӣ худро президенти муваққат эълон кард.

Николас Мадуро, ки аз соли 2013 президенти Венесуэла аст, амали Ҳуан Гуайдоро табаддулоти давлатӣ медонад.

Ҳамчунин Гуайдо қарори Николас Мадуроро, ки марз бо бархе ҳамсоякишварҳоро баста буд, бекор кард. Ба ҷуз ин, Ҳуан Гуайдо кафолати бехатарии хизматчиёни ҳарбиеро дод, ки “ба низоми қонунӣ ва конститутсия” хизмат мекунанд.

Ҳукумати Мадуро чанд рӯз пеш марз бо Бразилияро баст, то аз ин кишвар кӯмакҳои башардӯстона ворид нашавад. Дар гузашта, марз бо Колумбия ва дигар кишварҳо низ баста шуда буд. Николас Мадуро далели бастани марзро ба он вобаста донист, ки эҳтимол бо баҳонаи ёрии башардӯстона ба кишвар силоҳ ворид шавад.

Николас Мадуро қудратро дар Венесуэла соли 2013 ба даст овард. Он замон ӯ дар интихоботе пирӯз шуд, ки пас аз марги раҳбари пешини ин кишвар Уго Чавес сурат гирифт. Мадуро барои риоя накардани меъёрҳои демократӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон танқид мешавад.

Венесуэла ба буҳрони шадиди иқтисодӣ гирифтор аст ва ин вазъ сокинонро бо раҳбарии Ҳуан Гуайдо ба хиёбонҳо кашид. Соли 2018 нишондиҳандаи таваррум дар кишвар аз хатти миллион дар сад гузашт. Се миллион нафар кишварро тарк кард.

XS
SM
MD
LG