Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бернӣ Сандерс гуфт, дар интихоботи президентии ИМА иштирок мекунад


Сенатори мустақил аз аёлати Вермонт Бернӣ Сандерс эълом кард, ки номзадии худро бори дигар ба мақоми президентии ИМА дар интихоботи соли 2020 пешниҳод хоҳад кард. Ӯ дар ин бора 19 феврал бо як радиои маҳаллӣ суҳбат кард.

Сандерс соли 2016 аз ҷониби Ҳизби демократ дар маъракаи интихоботи президентӣ иштирок кард. Вале баъдан номзадиашро ба нафъи Ҳилларӣ Клинтон, ки аз Доналд Трамп шикаст хӯрд, бозпас гирифт.

Сенатор дар суҳбат бо радио гуфт, пеш аз ҳама мехоҳад дар мақоми президентӣ Доналд Трампро иваз кунад. Ӯ президенти кунунии Амрикоро барои кишвараш шармовар номид. Сандерс ҳамчунин мехоҳад, идеяҳоеро амалӣ созад, ки дар интихоботи соли 2016 ваъда дода буд.

Бернӣ Сандерс яке аз авлавиятҳои барномаи интихоботии худро низоми тандурустии дастраси умумӣ, боло бурдани маоши ҳадди ақал ва ислоҳи сиёсати муҳоҷират номид.

Сандерс расман узви Ҳизби демократ нест ва худро номзади мустақил меномад. Нашрияи Politico менависад, ки иштироки сенатор ҳамчун номзади мустақил имконпазир аст, вале ғайриодӣ хоҳад буд. Интихоботи навбатии президентии ИМА 3 ноябри соли 2020 баргузор мешавад.

Интизор меравад, аз ҷониби ҷумҳурихоҳон президенти кунунӣ Доналд Трамп ва раиси аёлати Массачусетс Уилям Уэлд номзадии худро дар он пешниҳод кунанд. Аз демократҳо эҳтимол аст, номзадии сенатори Ню-Ҷерсӣ Корӣ Букер, намояндаи Ҳавайӣ дар Конгресс Тулсӣ Габбард, сенатори Калифорния Камала Ҳаррис ва Элизабет Уоррен аз Массачусетс пешниҳод шавад.

XS
SM
MD
LG