Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Пешниҳоди вакил: касоне, ки алимент намесупоранд, дар шабакаҳо шарманда карда шаванд. ВИДЕО

Порлумони Қирғизистон лоиҳаи тағйирот ба қонун "Дар бораи вазъи судиҷрочиён" ва Кодекси оиларо баррасӣ мекунад. Муаллифи тарҳ вакили порлумон Максат Собиров аст.

Вакил пешниҳод дорад, ки иттилои қарздорони алимент дар шабакаҳо нашр, ҳуҷҷатҳои ронандагиашон гирифта ва иҷозаи шикорашон бекор шавад. Дар лоиҳа омадааст, ки чунин шаҳрвандон ҳамчунин аз ҳаққи ба хориҷ рафтан маҳрум шаванд. Дар ин бора рӯзи 19 феврал ТВ "Настоящее время" хабар дод.

Собиров мегӯяд, ҷомеаи Қирғизистон суннатист ва анъанаҳои мардумиро дар бисёри маврид нисбат ба қонун бештар риоя мекунанд. Дар ҳоли ҳозир падароне, ки алимент намесупоранд, бо андак ҷарима аз ҷавобгарӣ озод мешаванд. Вакил пешниҳод дорад, чораҳои сахттаре қабул шавад, ки ҳам ба ҷайб ва ҳам ба виҷдони алиментгурезон таъсир расонад.

"Агар 70 дарсади алимент пардохт нашавад, парвандаи ҷиноятӣ боз мегардад. Мо пешниҳод кардем, ки ба Кодекси маъмурӣ тағйирот ворид шавад ва ба ин тартиб, одамоне, ки алимент намепардозанд, аз ҳаққи ронандагӣ ва шикор маҳрум шаванд", - шарҳ дод Собиров.

Тағйирот ба Кодекси оила пешбинӣ мекунанд, ки ҳуқуқи кӯдакон дар дарёфти маълумоти олӣ риоя шавад: ҷуфтҳои аз ҳам ҷудошуда вазифадор мегарданд, ки харҷи таҳсили фарзанди муштаракашонро то синни 24-солагӣ баробар пардохт кунанд. Дар сурати сарпечӣ аз пардохти харҷ волидон ба ҷавобгарӣ ҷалб хоҳанд шуд.

Ба иттилои мақомоти додгоҳии Қирғизистон, дар он кишвар бештар аз 40 ҳазор шаҳрванд аз алимент қарздор ҳастанд. Болоравии шумори қарздорони алимент аз як сӯ ба бештаршавии талоқҳо ва аз сӯи дигар ба афзоиши бекорӣ рабт дорад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Хабарнигорони тоҷик дар интихобот ба чӣ ҳақ (на)доранд?

Акс аз интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистон

Масъулони Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) гуфтанд, ки хабарнигорон метавонанд ҷараёни овоздиҳиро дар интихоботи порлумонии моҳи март сабт кунанд, вале дар ҳудуди нуқтаҳои ройдиҳӣ назарсанҷӣ ё «экзит пол» манъ аст.

Академик Носирҷон Салимӣ, узви доимии КМИР, рӯзи 24-уми январ дар нишасте дар Душанбе гуфт, «аммо хабарнигорон ё намояндагони созмонҳо метавонанд берун аз ҳудуди қитъаи раъйдиҳӣ назари овоздиҳандаро бипурсанд.»

Ӯ афзуд, Кумисюн талош мекунад интихобот шаффоф баргузор шавад ва «хабарнигорон дар инъикоси ин раванди муҳими сиёсии Тоҷикистон нақши умда доранд».

Аммо Аваз Назаров, коршиноси КМИР гуфт, тибқи қонунгузории Тоҷикистон мудохилаи хабарнигорон ба раванди интихобот, бахусус таблиғи раъйдиҳандагон барои овоздиҳии номзаде ҷурм дониста шуда, хабарнигорон бо тасмими комиссияи интихоботӣ аз маҳалли овоздиҳӣ берун карда хоҳанд шуд.

Ӯ афзуд, «хабарнигорон бояд 15 рӯз пеш аз баргузории интихобот дар КМИР ҳуҷҷатҳои худро барои сабти ном супоранд. Хабарнигорони хориҷиро зарур аст аввал дар Вазоарти корҳои хориҷӣ сабти ном шаванд.»

Алишери Муҳаммадӣ, хабарнигори мустақил аз ҷануби Тоҷикистон, ки дар ин нишаст ширкат дошт, гуфт, ҳамасола хабарнигорон ва нозирон нақзи қоидаҳои овоздиҳӣ дар нуқтаҳои ройдиҳиро ошкор мекунанд ва ҳузури онҳо муҳим аст. Маъмулан, як намояндаи хонавода ба ҷойи чанд узви оила овоз медиҳад ва масъулони кумисюнҳои интихоботӣ аз чунин вайрон шудани қоидаи овоздиҳӣ сарфи назар мекунанд.

Ба таъкиди намояндаҳои КМИР, як рӯз қабл аз баргузории интихобот “рӯзи хомӯшӣ” эълон мешавад ва то замони раъйдиҳӣ ҳама гуна таблиғоти номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ манъ карда мешавад. Муҳаммадӣ Ибодуллоев, роҳбари Бунёди ҷамъиятии "Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет" дар ин нишаст гуфт, ба эҳтимоли зиёд риояи ин муқаррарот дар шабакаҳои иҷтимоӣ душвор хоҳад буд. Зеро, ба гуфтаи вай, “таблиғоти номзадҳо, ки рӯзҳои пеш нашр шуда буд, метавонад ба таври ғайричашмдошт дубора дар “рӯзи хомӯшӣ” дар саҳифа пайдо шавад”.

Дар Тоҷикистон барои интихоботи порлумонии рӯзи якуми март 3410 маркази раъйгирӣ ташкил шудааст. Ба гуфтаи Носирҷон Салимӣ, дар баъзе аз марказҳои раъйгирӣ сокинон ҳамзамон вакилони порлумон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллиро интихоб мекунанд.

То интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон беш аз як моҳи дигар мондааст. Интизор меравад, раванди интихоботи порлумониро ҳудуди 500 нозири хориҷӣ назорат кунанд.

Дар гузашта созмонҳо ва кишварҳои ғарбӣ интихоботҳои Тоҷикистонро ғайриозод ва ғайришаффоф эълом кардаанд, бар хилофи нозирони кишварҳои пасошӯравӣ ва Чин, ки аз шеваи баргузории интихоботҳои Тоҷикистон ҳамеша ситоиш кардаанд.

Паёми мухталифи Тоҷикистону Узбекистон ба донишҷӯёнашон дар Чин

Шаҳри Вуҳани Чин. Акс аз 22-юми январи 2020

Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Узбекистон, гуфт, 30 донишҷӯи узбекро, ки дар шаҳри Вуҳан, маркази кашфи вируси нав дар Чин мондаанд, ба кишвар бармегардонанд.

Ӯ дар ин бора рӯзи 25-уми январ дар ҷаласаи навбатии пресс-клуб ваъда дод. Комилов гуфт, "ҳоли ҳозир Вазорати умури хориҷӣ ва Вазорати тандурустӣ дар ин замина кор мекунанд", аммо санаи дақиқи овардани донишҷӯёнро аз Чин нагуфт.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон дар Вуҳан тақрибан 250 шаҳрванди ин кишвар, асосан донишҷӯён, ба сар мебаранд. Бисёре аз донишҷӯён баъди адои даври дигари таҳсил ба кишвар баргашта будаанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони сафорати Тоҷикистон дар Чин рӯзи 26-уми январ дар паёме аз донишҷӯёни тоҷик дар он кишвар хостаанд, "талаботи мақомоти Чинро дар бораи риояи тартиботи ҷорӣ" дар бораи "коронавирус" бечунучаро иҷро кунанд.

Дар паёми масъулони сафорат гуфта шудааст, "агар зарурати воқеии баровардани донишҷӯёни хориҷӣ аз музофоти Хубей ба миён ояд ва чунин тасмим дар сатҳи мақомоти чинӣ гирифта шавад, Сафорати Тоҷикистон ин масъаларо бо Ҳукумати Чин ҳаллу фасл хоҳад кард."

Мақомоти сафорат шумораи донишҷӯёни тоҷикро дар музофоти Хубей ошкор накардаанд.

Қаблан бархе аз донишҷӯёни тоҷик дар Вуҳан ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бештари вақти худро дар хобгоҳ мегузаронанд.

Задухӯрди нирӯҳои амниятӣ ва норозиён дар Бағдод

Яке аз иштирокдорони тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Ироқ. Акс аз 20-уми январи соли 2020

Дар пайи задухӯрди нирӯҳои амниятӣ бо эътирозгарон дар Бағдод, пойтахти Ироқ, дастикам 17 нафар маҷруҳ шудаанд.

Ҳодиса рӯзи 26-уми январ рӯй додааст. Ҳангоме ки, ба гуфтаи манобеи пулис ва шоҳидон, нирӯҳои амниятӣ барои пароканда кардани таҷаммӯи норозиён дар майдони Таҳрир тир кушодаанд.

Як рӯз пеш аз ин дар натиҷаи даргирии эътирозгарон ва нирӯҳои амниятӣ дар шаҳри Носирия 3 нафар кушта шуд.

Набуди ҷойи кор ва хадамоти зарурӣ барои мардум ва фасоди густарда моҳи октябри соли 2019 пойи норозиёнро ба кӯчаҳои Ироқ кашонд. Аз он замон то кунун ба камияш 500 нафар кушта шудаанд.

Эътирозгарон хоҳони ташкили ҳукумат ва порлумони нав дар кишвар ҳастанд.

Вируси нав дар Чин. 56 нафар ҷон бохта, 2 ҳазор кас гирифторанд

Роҳи оҳани Пекин. 24-уми январи соли 2020

Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, гуфт, кишвараш дар вазъияти бади густариши вируси нав қарор дорад. Вай дар ин бора рӯзи 25-уми январ дар нишасти раҳбарони Ҳизби коммунисти Чин ибрози назар кард.

Вирус бори аввал дар шаҳри Вуҳан ошкор шуд. Ин беморӣ то кунун ҷони 56 нафарро гирифта ва наздик ба 2 ҳазор кас дар Чин ба он гирифтор шудаанд.

Сӣ Ҷинпин гуфт, кишвараш тавоноии инро дорад, ки дар набард ба зидди ин беморӣ муваффақ шавад.

Ин буҳрон сабаб шудааст, ки аз соли нави чинӣ, ки таътили бузурге дар ин кишвар ба шумор меравад, таҷлил нашавад. Анҷумани хадамоти мусофирбарии Чин ба ҳама оҷонисҳо гуфтааст, ки сафари гуруҳи сайёҳонро боздоранд.

Ин дар ҳолест, ки миллионҳо нафар дар ин кишвар дар ҷараёни таътили соли нав сафар мекунанд ва имкон дорад равуои онҳо паҳн шудани бемориро суръат бахшад.

Тоҷикистон сафари шаҳрвандонашро ба Чин маҳдуд ва парвози ҳавопаймоҳоро аз Душанбе ба он кишвар муваққатан қатъ кардааст.

Писари Маҳмурод Одинаевро дар боздоштгоҳи Сахарово ёфтаанд

Ҳоҷиакбар Одинаев

Ҳоҷиакбар Одинаев, писари 19-солаи Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро дар боздоштгоҳи "Сахарово" дар Маскав пайдо кардаанд.

Пештар Одинаев хабар дода буд, ки писараш аз 19-уми январ боз бедарак аст. Нигаронии ӯ аз он буд, ки чанд ҳафта қабл гӯиё мақомоти Тоҷикистон аз дӯстони писараш дар бораи Ҳоҷиакбар маълумот хостаанд. Мақомот дар ин бора чизе нагуфтанд.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, рӯзи 26-уми январ дар баёнияи расмӣ "ба ҳамаи онҳое, ки дар кофтукоби Ҳоҷиакбар Маҳмуродов иштирок кардаанд", изҳори сипос кард. Аммо айни замон гуфт, "эҳсоси падарии Маҳмурод Одинаевро дуруст дарк кунед, ки бисёр суханони нохуш изҳор дошт."

Ба иттилои Зоиров, Ҳоҷиакбар Одинаев то даҳ рӯзи дигар дар боздоштгоҳ монда, сипас имкон пайдо мекунад, ки билет харад ва ба ҷойи зисти доимиаш - Тоҷикистон баргардад.

Бо ин ҳол, дақиқ нест, ки писари Маҳмурод Одинаев бо чӣ иттиҳом ба боздоштгоҳи "Сахарово" бурда шудааст. Мақомоти Русия асосан муҳоҷирони тоҷикро бо иттиҳоми ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз ҷумла нақзи қоидаҳои будубош ба ин марказ интиқол медиҳанд.

Маҳмурод Одинаев аз ҳисоби Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон номзадиашро ба интихоботи порлумонии моҳи марти имсол пешниҳод кардааст.

Шумори қурбониёни заминларзаи Туркия ба 31 нафар расид

Имдодгарон дар маҳалли заминларза дар Туркия

Шумори қурбониёни зилзилаи ахир дар Туркия ба 31 нафар расидааст. Замиинларзаи 6,8-дараҷаӣ шоми 24-уми январ шарқи Туркияро такон дод. Дар ин ҳодиса беш аз 1200 нафар захмӣ шудаанд.

Ҳукумати Туркия мегӯяд, дар пайи зилзила, ки шабона иттифоқ афтод, баъзе аз хонаҳо хароб шуда, мардум дар зери вайронаҳо мондаанд.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати умури дохилии Туркия, гуруҳҳои наҷот қурбониёни зилзиларо аз зери вайронаҳо берун кашидаанд, аммо то ҳанӯз даҳҳо нафар нопадид ҳастанд.

Зилзиларо дар Сурия, Лубнон ва Эрон ҳам эҳсос кардаанд.

Туркия дар минтақаи зилзилахез қарор дорад. Дар соли 1999 дар натиҷаи як заминларзаи шадид ҳазорҳо нафар ҷон бохта ва хонаҳояшонро аз даст дода буданд.

Роҳи Душанбе - Хуҷанд дигарбора боз шуд

Роҳи Душанбе-Чаноқ. Акс аз моҳи январи соли 2019

Роҳи Душанбе - Чаноқ, ки рӯзи 26-уми январ бо сабаби фаромадани тарма муваққатан баста шуда буд, дигарбора боз гардид.

Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS, масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳ, 26-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, субҳи якшанбе дар ин масир (аз километри 48 то километри 80-ум) миқдори зиёди тарма фаромада, ҳаракати мошинҳоро ғайримумкин кард, аммо ҳоло роҳ аз тарма пок карда шудааст.

Бархе аз сокинон аз баста будани роҳ ва зуд пок нашудани масир аз тарма танқид карда буданд. Онҳо ҳамчунин аз гаронии нархи билети ҳавопаймо аз Хуҷанд ба Душанбе норизоянд.

Роҳи Душанбе-Чаноқ ягона роҳи заминист, ки пойтахтро бо шимоли кишвар мепайвандад. Ҳар сол дар фасли зимистон ба сабаби фаромадани тарма дар ин роҳ чандин нафар ҷон мебозанд.

Нигоҳубини роҳ аз соли 2009 дар ихтиёри ширкати офшории IRS - Инновейтив роуд солюшнз аст. Бо вуҷуди сару садо ва баҳсҳо дар ҷомеа соҳиби асосии он ба сокинон маълум нест. Дар ин роҳ чанд плазаи толлингӣ – марказҳои пулчинӣ - насб шудааст, ки барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав ва боркашон ҳаққи хидмати роҳ мегирад.

Ин роҳ бо 281 миллион доллар қарзи Чин ва аз тарафи "Корпоратсияи сохтмони роҳу пулҳои Чин" ва ё "China road" сохта шудааст. Тоҷикистон ин маблағро бо 2 дар сад баҳраи солона барои 20 сол аз Чин қарз гирифта ва дар ин муддат онро бояд пурра баргардонад.

Писари фаъоли сиёсии тоҷик дар Русия гум шудааст

Ҳоҷиакбар Одинаев, писари Маҳмурод Одинаев, фаъоли сиёсӣ дар Тоҷикистон

Маҳмурод Одинаев,муовини раҳбари Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон мегӯяд, писараш дар Русия гум шудааст.

Ҳоҷиакбар Одинаеви 19 сола бори охир 19-уми январ бо хоҳараш телефонӣ сӯҳбат кардааст.

Маҳмурод Одинаев мегӯяд, писараш ба хоҳараш гуфтааст, ки кору зиндагиаш хуб аст ва аз ҳеҷ чиз шикоят надорад.

Ӯ мегӯяд, чанд ҳафта пеш мақомоти Тоҷикистон аз дӯстони писараш дар бораи ӯ маълумот хоста буданд.

«Аниқ намедонам, ки писарам куҷост, вале дар ин ҳолат ҳазор гумон мекунӣ. Пештар дар бораи писарам мақомот аз дӯстонаш пурсида буданд, ки ӯ дар куҷо ҳаст ва чӣ кор мекунад. Ҳайрон шуда будам, ки чаро ба писарам таваҷҷӯҳ кардаанд»,--гуфт ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон ва Русия то ба ҳол дар бораи нопадид шудани писари фаъоли сиёсӣ изҳори назар накардаанд.

Манобеи «Независимая газета», нашрияи чопи Русия гуфтаанд, эҳтимол писари Одинаевро барои фишор болои ӯ рабуда бошанд.

Маҳмурод Одинаев аз ҳисоби Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон номзадиашро ба интихоботи порлумонии моҳи марти имсол пешниҳод кардааст.

Дар ҳамлаи мушакии Эрон 34 низомии амрикоӣ ҷароҳат бардоштааст

Пойгоҳи "Айн-ул-Асад" дар Ироқ пас аз ҳамлаи мушакии Эрон

Вазорати мудофиаи ИМА рӯзи 24-уми январ эълон кард, ки дар ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ироқ 34 низомӣ ҷароҳати мағзӣ бардоштаанд.

Хабаргузории Рейтерз хабар дод, ки ин рақам дар қиёс ба эълони пештараи фармондеҳи Марказии Амрико бештар аст.

Фармондеҳии марказии Амрико 16-уми январ эълон карда буд, ки дар пайи ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи низомии "Айн-ул-Асад" дар Ироқ, 11 сарбози амрикоӣ таҳти муолиҷа қарор гирифтаанд.

Аз ин пештар Доналд Трамп, президенти Амрико ва дигар мансабдорони баландпояи ин кишвар эълон карда буданд, ки дар ҳамлаи мушакии Эрон ягон низомии амрикоӣ осеб надидааст.

Ҳафтаи гузашта Пентагон эълон кард, ки 11 низомии амрикоӣ дар ин ҳамла осеби мағзӣ дидаанд.

Сипоҳи посдорони Эрон субҳи 8-уми январ эълом кард, ки дар интиқом ба қатли фармондеҳи нерӯи "Қудс" Қосим Сулаймонӣ, ки 3-юми январ бо дастури Доналд Трамп дар Бағдод кушта шуд, ба ду пойгоҳи низомии мавриди истифодаи Амрико дар Ироқ, ҳамла кард.

Мақомоти амрикоӣ таъйид карданд, ки беш аз 12 мушак ба пойгоҳи Айн-ул-Асад ва як пойгоҳи дигар дар Арбили Курдистони Ироқ, партоб шудааст

Аз макони сухтор дар Томски Русия ҷасади як муҳоҷири дигар пайдо шуд

Макони сухтори манзили муҳоҷирон дар Томски Русия

Аз макони сӯхтори рӯзи 21-уми январ дар вилояти Томски Русия ҷасади як муҳоҷири дигар аз Узбекистон пайдо шудааст.

Шумораи қурбониёни ин сухтор ба 12 нафар расид.

Рӯзи 24-уми январ мақомоти Узбекистон гуфтанд, ки қурбонии охир Музаффарҷон Муҳаммадҷонов, сокини шаҳри Андиҷон аст, ки барои кор ба Русия рафтааст.

Аз 12 нафари фавтида дар ин сухтор 11 нафараш шаҳрванди Узбекистон ва як нафар шаҳрванди Русия будааст.

Пештар дар бораи ҳалокати даҳ муҳоҷир хабар дода буданд.

Мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Русия гуфтанд, ки ин муҳоҷирони корӣ аз ноҳияи Қизилтеппаи вилояти Навоии Узбекистон буда, дар миёни онҳо бародарон низ ҳастанд.

Дар биное, ки сухтор сар зад, муҳоҷирони тоҷик низ зиндагӣ мекарданд. Бар асои иттилои расмӣ ягон муҳоҷири тоҷик дар ин сухтор зиён надидааст.

Кумитаи тафтишоти Русия нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Заминларзаи марговар дар Туркия

Харобиҳои заминларза дар шарқи Туркия

Бар асари заминларзаи шаби 24-уми январ дар вилояти Элязиги Туркия наздики 20 нафар ҳалок шуд.

Дар ин бора хабаргузории Анадолуи Туркия хабар дод.

Қувваи заминҷунби бар ассои ҷадвали Рихтер 6,8 балро ташкил додааст.

Манзили зисти сокинон хароб шудааст ва аксари сокинони ноҳияи Сивриҷи вилояти Элязиг бе ҷойи зист мондаанд.

Онҳо шабро дар боғҳо рӯз кардаанд. Дар бисёре аз навоҳӣ осебдидагонро дар толорҳои варзишӣ ҷой кардаанд.

Бар асоси иттилои Хадамоти геологии ИМА, заминларза қисамтҳое аз Туркия, Ироқ ва Сурияро такон додааст, вале аз ҳама бештар шарқи Туркия осеб дидааст.

Вирус дар Чин 25 нафарро кушт ва 830 нафарро бистарӣ кард

Дар 11 шаҳри Чин пӯшидани ниқоби нафаскашӣ ҳатмӣ шуд

Рафтуои одамон ба камияш дар 11 шаҳри вилояти марказии Ҳубеи Чин манъ гашт. Ин чора барои пешгирӣ аз паҳншавии вируси нав ҷорӣ гашт, ки дар натиҷаи сирояти он наздик ба 25 нафар кушта ва беш аз 830 каси бемор шудаанд.

Дар Вуҳан маркази вилояте, ки 11 миллион сокин дошта, вирус ё ангали беморӣ бори аввал дар он ҷо рӯ зад, субҳи 23 январ равуои аксарияти нақлиёт бас шуд. Аз рӯи гузоришҳо мақомот пӯшидани ниқобро дар шаҳр маҷбурӣ кардаанд ва ба мардум маслиҳат медиҳанд, ки аз издиҳом ва гирдиҳамоиҳо канорагирӣ кунанд.

Расонаҳои давлатӣ, гузориш медиҳанд, ки наздик ба 10 шаҳри дигар дар Ҳубей - Чибӣ, Личуан, Сиантао, Эчжоу, Хуангганг, Сианинг, Сянзян, Ҳуангшӣ, Ҷингжоу ва Дангян кам шудани нақлиёт дида мешавад ва пойтахти кишвар Пекин ҳамаи ҷашнҳои асосии Соли нави чиниро барҳам задааст. Ҳуангшӣ охирин шаҳрест, ки ба маҳдудият дучор шудааст, 24-уми январ нақлиёти ҷамъиятӣ боздошт шуда, пули болои дарёи Янтзе баста шуд. Бандари киштиронӣ низ баста шуд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти тандурустии вилояти Ҳубей, дар наздикии Пекин гуфтанд, ки як марди 80-сола, ки ба ин вирус олуда шуда буд, вафот кард ва ин аввалин марги тасдиқшудаи берун аз вилояти Ҳубей мебошад. Дар худи пойтахт, мансабдорон чорабиниҳои бузургро ба мақсади пешгирӣ аз паҳн шудани вирус ба таъхир гузоштанд.

Трамп гуфт, барномаи сулҳи Ховари Миёнаро ошкор мекунад

Доналд Трамп, президенти ИМА

Президенти ИМА Доналд Трамп мегӯяд, ки нақша дорад то 28 январ, рӯзе, ки вай бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар Вашингтон вохӯрӣ хоҳад кард, барномаи сулҳи Ховари Миёнаи худро ошкор кунад.

Трам рӯзи 23 январ ҳангоми баргаштан аз Швейтсария ба Флорида дар ҳавопаймо ба хабарнигорон гуфт: “Шояд мо онро каме пештар аз боздид нашр хоҳем кард.”

Вай афзуд: "Ин як барномаи олӣ аст. Ин барномаест, ки ҳақиқатан кор хоҳад кард.”

Фаластиниҳо, ки ҳанӯз ба ҷаласаи Кохи Сафед бо Нетаняҳу даъват нашудаанд, фавран ин эъломияро маҳкум карданд.

Набил Абу Рудина, сухангӯи президенти Фаластин Маҳмуд Аббос гуфт: "Мо Исроил ва давлати Амрикоро ҳушдор медиҳем, ки аз хатҳои сурх нагузаранд."

Фаластиниҳо аз ин амал хашмгин шуданд, чун онро амали президент ба тарфдории Исроил медонанд, монанд ба кӯчонидани сафорати Амрико аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас.

Фаластиниҳо мехоҳанд Байтулмуқаддаси Шарқӣ пойтахти давлати ояндаи онҳо шавад. Исроил Байтулмуқаддаси Шарқӣро ба худ ҳамроҳ кард ва тамоми шаҳрро пойтахти худ эълом кард, ки ин амал аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта нашудааст.

Дар Русия то 3300 муҳоҷири узбек дар идораҳои пулис нигаҳдорӣ мешавад

Ҳудуди 3323 муҳоҷири узбекистонӣ дар Русия аз сӯи мақомоти Русия боздошт шудааст. Дар ин бора рӯзи 23-юми январ Бахтиёр Турсунов, раиси Оҷонсии муҳоҷирати хориҷии Узбекистон хабар дод.

"Бисёре аз муҳоҷирон бидуни донистани забон ва ҳунаре ба хориҷ мераванд ва ба мушкил дучор мешаванд. Онҳо нохудогоҳ қонунҳои давлатеро поймол мекунанд, ки дар он ҳузур доранд. Дар натиҷа аз кишвари муҳоҷирпазир ихроҷ мешаванд",-гуфт Бахтиёр Турсунов.

Мақомоти муҳоҷирати Узбекистон гуфтанд, дар соли 2019 панҷ муассисаи консулӣ дар Русия таъсис додаанд, ки вазъи зиндагии муҳоҷирон, шароити кори онҳоро меомӯзанд ва ба онҳо кумаки ҳуқуқӣ мерасонанд.

Қирғизистон воридоти гӯшт аз Чинро манъ кард

Қирғизистон ба таври муваққат воридоти гӯшт ва маҳсулоти гӯштиро аз Чин манъ кард. Дар ин бора мақомоти байторӣ ва амнияти фитосанитарии он кишвар иттилоъ доданд.

Мақомоти байтории Қирғизистон ҳамчунин хабар медиҳанд, дар моҳи декабри соли 2019 аз вилояти Хенони Чин 48 тона гӯшти мурғобӣ ворид ва дар маркази ташхиси байторӣ санҷида шуд.

Вилояти Хенон дар фосилаи 500 километр аз вилояти Хубэй - маркази авҷгирии вируси нав - ҷойгир аст, вале дар ҳар сурат мақомоти Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки воридоти маҳсулоти гӯштиро аз Чин муваққатан қатъ кунанд.

Хабари паҳншавии вируси нав дар Чин бори аввал моҳи декабри соли гузашта расонаӣ шуд. То кунун аз таъсири ин вирус 25 кас ҷон бохта, ҷамъан 830 кас ба он мубтало шудаанд.

Дар марзу фурудгоҳҳои як қатор кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Русия ба хотири пешгирӣ аз сирояту паҳни вируси чинӣ назорати санитарӣ пурзӯр карда шудааст.

Марди қазоқ барои таҷовузи мактабхон 25 сол зиндонӣ шуд

Додгоҳи шаҳри Тарози Қазоқистон 24 январ сокини маҳаллиеро, ки дар таҷовуз ба номуси хонандаи мактаб айбдор мешуд, 25 соли зиндонӣ кард. Додгоҳ ҳамчунин ҳукм кард, ки ӯро ахтаи кимиёӣ кунанд.

Марди 38-сола, ки ному насабаш ифшо намешавад, бар асоси бандҳои "Амалҳои хушунатомези шаҳвонӣ нисбат ба ноболиғ" ва "Таҷовузи ноболиғ" айбдор дониста шуд.

Бар асоси қарори додгоҳ, айбдоршуда ҳамчунин бояд ба ҷониби ҷабрдида 5 миллион танга (ҳудуди 13 ҳазор доллар) ҷуброн пардозад.

15 ноябр дар ҳоҷатхонаи яке аз мактабҳои шаҳри Тарози Қазоқистон, ки дар кӯча ҷойгир аст, хонандаи синфи 7-ум таҷовуз карда шуд. Дар робита ба ин ҳодиса мардеро боздошт карданд. Дурбинҳои назоратӣ гумонбарро ба навор гирифтаанд.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 21 ноябри соли гузашта дар Твиттер навишт, ки шаҳрдори Тароз Кайрат Досаев аз мақомаш барканор шуд. "Ба раиси вилояти Ҷамбил дастур дода шуд, шаҳрдори Тарозро дар робита ба ҳодисаи як мактаби ин шаҳр, ки дар он хонандаи 12-сола осеб дид, аз мақом барканор кунад. Ба худи раиси вилоят огоҳӣ дода шуд", - навишта буд президенти Қазоқистон.

Донишҷӯёни қазоқ наметавонанд, шаҳри Вуҳани Чинро тарк кунанд

Шаҳри Вуҳани Чин. 23-юми январи соли 2020.

Донишҷӯёни қазоқ дар пайи ошкор шудани вируси нав дар шаҳри Вуҳани Чин наметавонанд, он минтақаро тарк кунанд. Мақомоти Чин дар шаҳр карантин эълом ва баромадан аз онро манъ намудаанд.

Волидони донишҷӯён аз мақомоти Қазоқистон дархост доранд, ки дар баргардонидани фарзандҳояшон ба ватан кумак кунанд. "Чизе нахуред. Ками дигар тоқат кун, духтарам",-мегӯяд Рабига Сисенгалиева дар як сӯҳбати телефонӣ ба духтараш, ки дар Чин таҳсил мекунад.

Хабари ошкор шудани вируси нав дар Чин волидони даҳҳо донишҷӯи дигари қазоқ дар он кишварро низ нигарон кардааст. Ин донишҷӯён дар минтақае ба сар мебаранд, ки вируси нав дар онҷо ошкор шудааст. Волидон мегӯянд, фарзандонашон комилан сиҳат ҳастанд ва намехоҳанд, ки ба вирус гирифтор шаванд.

Дар ҳоли ҳозир мақомоти Қазоқистон дар робита ба ҳалли ин мушкил даст ба иқдоме нашудаанд. Сардухтури беҳдоштии Қазоқистон гуфт, бар асоси қоида, бояд донишҷӯён дар ҳамонҷо бимонанд.

Хабари паҳншавии вируси нав дар Чин бори аввал моҳи декабри соли гузашта расонаӣ шуд. То 22-юми январ аз таъсири ин вирус 17 кас ҷон бохта, ҷамъан 571 кас дар 13 вилоят ба он мубтало шудаанд.

Дар марзу фурудгоҳҳои як қатор кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Русия ба хотири пешгирӣ аз сирояту паҳни вируси чинӣ назорати санитарӣ пурзӯр карда шудааст.

Дар Узбекистон марде дар эътироз ба мусодира шудани хонааш худро оташ зад

Сокини 31-солаи ноҳияи Андиҷони Узбекистон Хушнуд Ғоибназаров дар ҳузури маъмурони давлатие худро оташ зад, ки барои мусодираи манзили зисташ омада буданд. Ҳодиса 21-уми январ дар маҳаллаи "Бешбуйнок" рух додааст.

Шоҳидон гуфтанд, ки 50 дарсади бадани мард сӯхтааст. Маъмурони Бюрои иҷрои иҷбории Андиҷон рух додани ҳодисаро тасдиқ, вале аз шарҳи ҷузъиёти он худдорӣ карданд. Ба гуфтаи хоҳари Ғоибназаров - Гулбаҳор Омонова, бародараш вақте худро оташ зад, ки кормандони бюро аз ӯ хостанд, хонаро холӣ кунад.

"Соли 2013 хона ба ҳабс гирифта шудааст. Бародарам аз онҳо хостааст, ки то рӯзи ҷумъа вақт диҳанд, зеро дар ин фасли сармо ҷое барои бурдани фарзандҳояш надорад. Вале кормандони бюро гуфтаанд, ки агар ӯ хонаро холӣ накунад, соҳиби ояндааш вайро оташ мезанад. Дар ин вақт бародарам ба сару рӯяш бензин пошида, худро оташ задааст. Ҳоло дар беморхона бистарӣ буда, вазъаш вазнин аст",-афзуд ӯ.

Дар Бюрои иҷрои иҷбории Андиҷон рух додани ҳодисаро тасдиқ карда, гуфтанд, ки онро хоҳанд омӯхт.

САҲА аз Тоҷикистон хост, ба ҳама хабарнигорони Озодӣ иҷозаи кор бидиҳад

Ҳарлем Дезир, намояндаи хоси САҲА дар умури озодии матбуот.

Ҳарлем Дезир, намояндаи хоси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот аз давлати Тоҷикистон хост, "ба тамом"-и хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ иҷозаи кор бидиҳад. Ӯ гуфт, хабарнигорон бояд имкон дошта бошанд, ки "бе ҳеҷ гуна мамониат кор кунанд".

Ҳарлем Дезир дар ин бора рӯзи 23-уми январ дар саҳифааш дар "Твиттер" навишт. Ӯ барои он ба масъалаи хабарнигорони Радиои Озодӣ дахл кард, ки вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз додани аккредитатсияи яксола ба хабарнигорон ва дигар кормандони дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе худдорӣ мекунад.

Вазорат чанд рӯз пештар ба 4 корманд ва хабарнигор барои 6-моҳӣ иҷозаи кор дод, ҳарчанд бар асоси қонун аккредитатсия барои 1 соли расо дода мешавад. Дар ҳоли ҳозир 7 хабарнигори Радиои Озодӣ мунтазири иҷозатномаи кор аз сӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳастанд.

Ҷейми Флай, мудири Радиои Озодӣ рӯзи 21-уми январ дар номае ба Сироҷиддини Мӯҳриддин, вазири умури хориҷӣ навишт, ки ҳукумати Тоҷикистон ба аҳдаш дар бораи имкон додан ба фаъолияти бемамониати кормандони радио дар Тоҷикистон вафо накардааст ва "ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро барои эҳтиром ба матбуоти мустақил риоя намекунад".

Нашрияи "Вашингтон Пост", Кумитаи ҳимоят аз хабарнигорон ва дигар созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон, амалкарди ҳукуматро беэҳтиромӣ ба озодии матбуот ва василае барои сензура номидаанд.

Даргузашти физикдони маъруфи тоҷик Хурсанд Ибоддинов

Хурсанд Ибодинов.

Физикдон ва кайҳоншиноси маъруфи тоҷик Хурсанд Ибоддинов шаби 23-юми январ дар синни 76-солагӣ бар асари беморӣ дар Душанбе даргузашт. Маросими ҷанозаи Ибоддинов имрӯз дар масҷиди маъруф ба "Хол Машраб"-и маҳаллаи "Якум Советский"-и Душанбе доир мешавад.

Ибодинов аз олимони шинохтаи илмҳои физика ва математика дар кишвар буд. Ӯ барои чандин сол дар мақоми директори Иститути астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон кард кардааст.

Хурсанд Ибодинов соли 1972 рисолаи номзадӣ ва соли 1998 рисолаи докторӣ дифоъ намуда, соли 1975 сазовори унвони ходими калони илмӣ, соли 1999 соҳиби унвони профессорӣ ва соли 2008 узви вобастаи Академяи илмҳои Тоҷикистон мегардад. Солҳои ахир ӯ дар Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кору таҳқиқот машғул буд.

Бархе туркманҳо филми мамнуи "Шабаҳи шаш"-ро тамошо карданд

Лаҳзае аз филми "Шабаҳи шаш".

Сокинони вилояти Лебапи Туркманистон, ки бо Узбекистон ҳамсарҳад аст, 21 январ филми "Шабаҳи шаш"-ро тамошо карданд. Ин филм сару садо ба бор оварда ва намоишаш дар Туркманистон манъ шудааст.

"Шабаҳи шаш"-ро телевизиони "Севимлӣ"-и Узбекистон нишон дод. Мавҷи телевизиони мазкур дар чанде аз ноҳияҳои вилояти Лебапи Туркманистон дастрас аст. Мақомоти Туркманистон ба далели шабеҳ будани сюжаи филм ба воқеиятҳои Туркманистон намоиши онро дар кишвар манъ карданд.

Бинандаҳои филм гуфтанд, дар он номҳои туркманӣ, забони туркманӣ, рамзои давлатии Туркманистон дида мешавад.

"Бинандаҳо дар симои қаҳрамони асосӣ шахсияти Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро шинохтаанд. Зеро қаҳрамони асосӣ тамоми қудратро дар ихтиёр мегирад, мардумро заҷр медиҳад, интернет ва расонаҳоро зери назорат дорад, ҳазорон одам дар ҷустуҷӯи нон ба хориҷ аз кишвар мераванд. Яъне ҳамаи рафторҳои ӯ Бердимуҳаммадовро ба ёд меоранд",-нақл кард як сокини Туркманистон.

Пештар аз ин мақомоти вилояти Лебапи Туркманистон миёни сокинон маъракаҳои бадномсозии Ғарб, ба вижа ИМА-ро ба роҳ монда буданд. Он замон гуфта мешуд, филми амрикоии "Шабаҳи шаш", ки ҳаводис ва қаҳрамонҳои он Туркманистонро ба ёд меоранд, боиси шуруи маъракаи бадномсозӣ шудааст.

Гуруҳи махсуси иборат аз муовинони ҳокими вилоят, кормандони вазорати амнияти миллӣ ва корҳои дохилӣ, намояндагони додситонии Туркманистон бо мардум мулоқот ва зидди кишварҳои ғарбӣ таблиғот мебаранд. Ин мулоқотҳо дар мактабҳо ва хонаҳои фарҳангӣ ноҳияҳову шаҳрҳо баргузор мешаванд.

Мавзуи асосии гуфтугӯ дар ин мулоқотҳо баррасии филми амрикоии "Шабаҳи шаш" ("6 Underground") буд. Шоҳидон мегӯянд, мақомоти Туркманистон Амрикоро "душмани Туркманистон" унвон мекунанд.

"Касоне ки дар ин мулоқотҳо суҳбат мекунанд, аз Амрико ба унвони душмани давлати Туркманистон ёд мекунанд. "ИМА талош дорад, ки кишвари моро маҳв кунад. Возеҳ аст, ки онҳо ҳамаи талошро мекунанд, то эътирози мардумро бедор кунанд", мегӯянд мақомот", - хабар дод як шоҳиди ин мулоқотҳо.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи шоҳидон, мақомоти Туркманистон кӯшиш доранд, пеши роҳи паҳншавии филмро дар дохили кишвар бигиранд. Вале сарфи назар аз ин, бинандагони филм меафзояд.

Дар филми амрикоӣ, ки 13-уми декабр ба намоиш даромад, ҷузъиёте ҳаст, ки Туркманистони муосирро ба ёд меорад. Мавзуи филм аз он иборат аст, ки як миллиардери амрикоӣ талош дорад, ба кишвари хаёлии Туркистон демократия орад ва диктатори ҷаббори онро маҳв кунад.

Ҳавопаймои хатсайри Тошканд-Бишкек аз нимароҳ ба Тошканд баргашт

Ҳавопаймои ширкати Uzbekistan Airways, ки рӯзи 23-юми январ аз шаҳри Тошканди Узбекистон ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон парвоз мекард, маҷбур шуд, аз нимароҳ ба Тошканд баргардад.

Расонаҳо менависанд, сабаби аз нимароҳ баргаштани ҳавопаймо ҳавои номусоид дар фурудгоҳи Бишкек унвон мешавад. Меғ (туман) имкони фурудоии амнро маҳдуд карда буд.

Ширкати ҳавопаймоӣ гуфтааст, умедвор аст, мусофирон ва пешвозгирандагон ин ҳолатро дарк кардаанд.

Малика қонуни бурунрафти Бритониё аз ИА-ро имзо кард

Маликаи Бритониё Елизаветаи II.

Маликаи Бритониё Елизаветаи II лоиҳаи қонуни бурунрафти ин кишвар аз Иттиҳоди Аврупо (ИА)-ро имзо кард. Он қувваи қонунӣ гирифта, бурунрафти Бритониёро аз ИА дар рӯзи 31-уми январи соли равон пешбинӣ мекунад.

Қонун дар асоси созишномае таҳия шудааст, ки пештар миёни сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон ва раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳосил шуда буд. Ин созишномаро Порлумони Аврупо ҳам бояд тасдиқ кунад ва қарор аст, он, 29-уми январи соли равон сурат бигирад.

Бритониё ҳамакнун баъди 3,5 сол аз раъйпурсӣ дар мавриди хориҷ шудан аз ИА иттиҳодро тарк мекунад. Он замон аксари сокинони Бритониё аз бурунрафт аз иттиҳод ҷонибдорӣ карда буданд. Санаи бурунрафти Бритониё ба иллати қабул нашудани созишномаҳо бо ИА дар порлумони ин кишвар се бор ба таъхир афтод.

Борис Ҷонсон, ки соли гузашта сарвазири Бритониё шуд, бо раҳбарони ИА созиш карда, сипас интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ баргузор намуд ва порлумони нав низ созишномаи ӯро ҷонибдорӣ кард.

Пас аз берун рафтани Бритониё аз ИА давраи гузариш оғоз шуда, он то 31-уми декабри соли 2020 идома мекунад. Дар ин мӯҳлат бояд миёни Бритониё ва ИА созишномаи нави тиҷорӣ имзо шавад.

Бишкек мегӯяд, сафири ИМА маҳдудияти сафар барои қирғизҳоро тасдиқ накард

Чингиз Айдарбеков, вазири умури хориҷии Қирғизистон.

Сафири ИМА дар Бишкек Доналд Лу хабарҳо дар бораи онро ки гӯё Вашингтон ҳангоми додани раводид ба шаҳрвандони Қирғизистон маҳдудиятеро ҷорӣ хоҳад кард, тасдиқ накардааст. Дар ин бора расонаҳо бо истинод ба вазири умури хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков хабар доданд. Ба гуфтаи вазир, сафири ИМА дар Бишкек рӯҳи 22-юми январ ба Вазорати умури хориҷии Қирғизистон даъват шудааст.

"Ҷонибҳо роҷеъ ба ин масъала машварат доранд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҷорӣ кардани маҳдудият пешниҳоди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ИМА аст. Президенти ИМА соли 2017 қонунеро имзо кард, ки аз соли 2020 додани раводид ба шаҳрвандони кишварҳоеро, ки шиносномаи биометрӣ надоранд, манъ мекунад. Қирғизистон дар минтақаи пасошӯравӣ яке аз кишварҳое аст, ки сокинонаш шиносномаи биометрӣ надоранд",-изҳор дошт вазир.

Пештар хабар дода шуд, ки маъмурияти президент Доналд Трамп рӯйхати кишварҳоеро, ки вуруди сокинонаш ба ИМА манъ аст, афзоиш медиҳад. Дар ҳоли ҳозир ба ин рӯйхат Эрон, Либия, Сомалӣ, Сурия, Яман, Венесуэла ва Куриёи Шимолӣ шомиланд.

Паёмҳои Пенс ва Путин дар ҳамоиши гиромидошти қурбониёни Ҳолокост

Майк Пенс ва Владимир Путин дар ҳамоиши гиромидошти қурбониёни Ҳолокост дар Байтулмуқаддас, 23-юми январи соли 2020

Дар Исроил, дар шаҳри Байтулмуқаддас, Ҳамоиши ҷаҳонии гиромидошти қурбониёни Ҳолокост баргузор шуд. Ин анҷуман ба 75-умин солгарди озодии асирони урдугоҳи "Освентсим" ё "Аушвитс" дар ҳудуди Лаҳистон дар поёни Ҷанги Ҷаҳонии Дувум бо мадади сарбозони Шӯравӣ бахшида шудааст.

Барои ширкат дар ҳамоиш сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои даҳҳо кишвар, аз ҷумла президенти Русия Владимир Путин, раҳбари Украина Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон, ноиб-президенти Амрико Майк Пенс вориди Исроил шуданд.

Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар расми оғози ҳамоиш гуфт, зарурати пешгирӣ аз ваҳшатҳои Ҷанги Ҷаҳонии Дувум асосу пояи давлати яҳудро ташкил медиҳад.

"Мо худфидоии сарбозон ва халқҳоро ба хотири пирӯзӣ бар Ҳитлер дар ёд хоҳем дошт", - гуфт Нетаняҳу. Ӯ ҳамчунин Эронро "яҳудситезтарин режими рӯйи Замин" номид ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, дар муқобили Теҳрон қад алам кунад.

Президенти Русия дар паёми худ ҷинояти нозиҳоро зидди яҳудиён яке аз сиёҳтарин саҳифаҳои таърих хонд. Ҳамзамон Путин таъкид кард, ки нажодпарастон аз ҳимояти аҳолии Аврупои ишғолшуда бархӯрдор буданд.

Майк Пенс гуфт, ки қудратҳои ҷаҳон бояд зидди яҳудситезӣ муттаҳид шаванд. Вай саҳми кишварҳои ҳампаймонро дар пирӯзӣ бар фашизм ситоиш кард. Ноиб-президенти ИМА ҳамчунин даъват кард, ки кишварҳо зидди Эрон, ки ошкоро ба давлати Исроил таҳдид мекунад, муттаҳид шаванд.

"ИМА ҳаргиз Исроилро танҳо нахоҳад гузошт", - гуфт Пенс.

Пештар маълум шуд, ки президенти Лаҳистон Анҷей Дуда бо сабаби ба ин ҳамоиш даъват шудан ва яке аз меҳмонони асосӣ будани Путин аз ширкат дар он худдорӣ намуд. Ба гузориши расонаҳои Лаҳистон барои Варшава вазъе таҳаммулпазир нахоҳад буд, ки биншинад ва гӯш кунад, ки чӣ гуна "раҳбари Русия ба таблиғи ақидаҳои дурӯғи худ дар бораи Ҷанги Ҷаҳонии Дувум" идома хоҳад дод.

Ин вазъ зимни баҳсҳои ахири ду ҷониб дар бораи таърихи ҷанг ба миён омадааст.

Президенти Украина Владимир Зеленский низ ба Байтулмуқаддас омад, вале дар расми оғози ҳамоиш ширкат накард. Ҳайати украин, тавре ки дар Фейсбук навиштааст, ҷойи худро дар ҳамоиш ба онҳое дод, ки Ҳолокостро аз сар гузарондаанд.

Ёфтҳои бештар

ҲСДТ бо чӣ умед дар интихобот иштирок мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
ҲСДТ бо чӣ умед дар интихобот иштирок мекунад?
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Зиндагии Гулбаҳор дар "Кохи яхин"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00
XS
SM
MD
LG