Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти 16 иёлат аз Доналд Трамп барои эълони вазъияти фавқулодда


Шонздаҳ иёлати Амрико рӯзи душанбеи 18-уми феврал ба таври муштарак аз Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ин кишвар бинобар эъломи вазъияти фавқулодда барои таъмини будҷаи бунёди девор дар марз бо Мексика, ба додгоҳ шикоят бурданд.

Ин иёлатҳо мегӯянд, эъломи вазъияти фавқулодда барои бунёди девори марзӣ, нақзи Қонуни асосии Амрико аст. Тибқи гузоришҳо, ин шикояти 16 иёлат дар додгоҳи федералии Калифорния сабт шудааст.

Маблағи дархосткардаи ҳукумати Доналд Трамп барои бунёди девори марзӣ бо Мексика 5,7 миллиард доллар мебошад.

Додситони кулли Калифорния гуфтааст, ки иёлати Калифорния ва 15 иёлати дигар нигаронанд, ки будҷаи ҷудошуда барои артиш, ҳодисаҳои табиӣ ва дигар маворид, харҷи бунёди ин девор шавад.

Пеш аз ин демократҳо дар Конгресси Амрико низ аз эъломи вазъияти изтирорӣ ибрози нигаронӣ карда ва гуфта буданд, бо ин тасмими Доналд Трамп ба таври қонунӣ муқобила хоҳанд кард. Доналд Трамп рӯзи ҷумъа дар хусуси вазъияти марзҳои ҷанубии Амрико, вазъияти фавқулодда эълон кард.

Кохи Сафед дар ин замина гуфта буд, "шароити кунунӣ дар марзи ҷанубии аз як бӯҳрони иқтисод ва амниятӣ ҳикоят дорад, ки асоси манфиатҳои миллӣ ва амнияти кишварро таҳдид мекунад ва аз ин рӯ зарур аст, ки вазъияти изтирорӣ эълом шавад."

Ихтилофоти ҳукумати Доналд Трамп ва демократҳо дар бораи ҷудо кардани маблағ аз будҷа барои сохтани девори марзӣ дар ҷануби Амрико боис шуд, ки бахше аз идораҳои ҳукумати федералии Амрико ба муддати 35 рӯз фаъолияти худро қатъ кунанд. Ин тӯлонитарин таътили идораҳои давлатӣ дар таърихи муосири Амрико буд, ки дар ниҳоят бо мувофиқати тарафҳо бар сари будҷаи муваққат, ба поён расид.

Доналд Трамп рӯзи ҷумъаи гузашта тарҳи будҷаро, ки Конгресс қабул кард, ба имзо расонд, то монеи қатъи дигарбораи фаъолияти ҳукумати федералӣ шавад. Маблағи дархосткардаи ҳукумати Доналд Трамп барои бунёди девори марзӣ бо Мексика 5,7 миллиард доллар мебошад.

XS
SM
MD
LG