Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳинд баъди ҳамлаи маргбор Покистонро интиқод кард


Ҳинд аз Покистон талаб кард, гурӯҳҳои террористиеро, ки аз хоки ин кишвар фаъолият мекунанд, нобуд кунад. Изҳороти вазорати хориҷаи Ҳинд чанд соат баъди як ҳамлаи пурқурбонӣ дар Кашмир пахш шуд, ки рӯзи 14 феврал рух дод ва ҷони 44 полиси ниманизомиро гирифт.

Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи тундрави “Ҷаиши Муҳаммад” ба ӯҳда гирифт. Вазорати хориҷаи Ҳинд хост, ки Покистон “пуштибонии террористон ва гурӯҳҳои террористиро” хотима диҳад.

Бомбгузории Кашмирро яке аз пурқурбонитарин ҳамлаҳо ба низомиён дар даҳсолаҳои охир меноманд. Ҳинд ҳукумати Покистонро дар он муттаҳам кард, ки ба гурӯҳи “Ҷаиши Муҳаммад” паноҳгоҳ дода ба раҳбараш Масъуд Азҳар иҷоза медиҳад, ки дар хоки Покистон ба сар бурда, дар ҳар нуқтаи дилхоҳи Ҳинд беҷазо ҳамлаҳо анҷом диҳад.

Ба иттилои мақомот, таркиш баъди он рух дод, ки мошини пур аз васоили тарканда ба издиҳоми низомиён бархӯрд.

Рӯзи 15 феврал президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо ҳамлаи маргбор ба ниманизомиён дар Кашмир ба президенти Ҳинд Рам Натх Ковинд изҳори тасаллият кард. Дар барқия омадааст, ки "ин ҳодисаи даҳшатангез боз ҳам зарурати идомаи муборизаи беамони аҳли башарро алайҳи терроризм қотеъона таъкид мекунад".

XS
SM
MD
LG