Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи ихтисосии Радиои Озодӣ бо вазири хориҷии Амрико. ВИДЕО


Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико.
Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи панҷшанбеи 14-уми феврал дар ҳошияи нишасти амниятӣ дар Варшава - пойтахти Лаҳистон бо Радиои Фардо, бо бахши эронии Радиои Озодӣ/Радиои Аврупо Озод, сӯҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Вазири умури хориҷии Амрико дар ин сӯҳбат гуфт, ки дар стратегияи Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико дар баробари Эрон фарқиятҳое вуҷуд дорад, зеро ИМА ба ин бовар аст, "ҳар пуле, ки ба Ҷумҳурии исломӣ бирасад, дар ниҳоят ба дасти Қосим Сулаймон (раҳбари нерӯҳои Қудс - шохаи бурунмарзии Сипоҳи Посдорони Эрон, РО) хоҳад расид ва барои вайронкорӣ харҷ мешавад".

Эрон дар меҳвари нишасти Варшава

Нишасти "Амният ва ояндаи сулҳи Ховари Миёна" рӯзҳои чаҳоршанбе ва панҷшанбе дар Варшава баргузор шуд ва мақомҳои Эрон ин нишастро "зиддиэронӣ" хонданд ва аз қабл онро "шикастхӯрда" гуфтанд.

Дар ин гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Фардо, оқои Помпео гуфт, ки Эрон аз мавзӯъҳое буд, ки дар ин нишаст мавриди баҳс қарор гирифт ва "ҳеҷ кишваре масъалаи воқеӣ будани таҳдиди Эронро инкор накард".

Оқои Помпео афзуд, ки "ин гирдиҳамоӣ бо ҳадафи эҷоди сулҳ ва субот дар саросари Ховари Миёна шакл гирифта ва аз ҳамин рӯ беш аз 60 кишвар гирдиҳам омадаанд, то дар мавриди мушкилоти Яман, Сурия ва хатарҳои амниятие, ки муқобилаи фаластиниҳо бо исроилиҳо дар пай дорад, ба роҳҳи ҳалле даст ёбанд".

Ӯ изофа кард, ки кишварҳои Ховари Миёна ба ин натиҷа расидаанд, ки шаҳрвандонашон дар рӯбарӯи таҳдиди Ҷумҳурии исломӣ ҳастанд, зеро ки ба гуфтаи ӯ, "вақте дар мавриди Ҳизбуллоҳ ҳарф мезанем, бояд дар мавриди Эрон баҳс кунем. Вақте сӯҳбат аз вайронкориҳои ҳусиҳо дар Яман мешавад, боз мебояд дар мавриди Эрон сухан гуфт".

Гуфтугӯи ихтисосии вазири умури хориҷии Амрико бо Радиои Озодӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:17 0:00

Вазири умури хориҷии Амрико дар гуфтугӯ бо Радиои Фардо ёдовар шуд, "рӯшан аст, ки тафовутҳо дар мавриди чигунагии пардохтан ба ин мушкил вуҷуд дорад. Аврупоиҳо ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон пойбанд ҳастанд. Аммо мо тасмими тамоман дигаре гирифтем".

Оқои Помпео дар тавзеи ин мавзӯъ афзуд, "мо фикр мекунем, ҳар пуле, ки ба Ҷумҳурии исломии Эрон бирасад, дар охир ба дасти Қосим Сулаймонӣ хоҳад расид ва харҷи тахрибкориҳо хоҳад".

"Омодаи шунидани хостаҳои мардуми Эрон ҳастем"

Дар ин гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Фардо, вазири умури хориҷии Амрико аз ҷумла гуфт, ки Амрико омода аст садои мардуми Эронро бишнавад. Ӯ гуфт, Амрико хостори "тағйири рафтори ҳукумати Эрон" аст ва "мо мехоҳем кирдори Эрон монанди як кишвари маъмулӣ бошад".

Вазири умури хориҷии Амрико ёдовар шуд, ки кишвараш "ҳар рӯз бо умеди расидан ба чунин натиҷае", бастае аз сиёсатҳоро пайгирӣ мекунад. Ӯ ибрози итминон намуд, вақте ин ҳадаф ба даст омад, "саросари Ховари Миёна ва ҳамаи ҷаҳон ҷое амнтар хоҳад буд".

Оқои Помпео афзуд, "инки ин рафторҳо чигуна бояд тағйир кунад, дар ниҳоят масъалае аст, ки ба мардуми Эрон марбут мебошад, мардум хостаҳои худро матраҳ хоҳанд кард, мардум қудрати худро ҷорӣ хоҳанд кард".

Ширкатдорони нишасти Варшава.
Ширкатдорони нишасти Варшава.

Ӯ гуфт, "мардуми Эрон ҳушманд ва тавонманд ҳастанд. Аз таърихи ғанӣ ва жарфе бархӯрдоранд. Онҳо комилан тавоноии мудирияти умури кишварашонро доранд. Лизо, ҳадаф, тағйири рафторҳое, ки мо ба дунболи он ҳастем, ба вуҷуд овардани амният дар сартосари Ховари Миёна ва зиндагии беҳтар барои мардуми Эрон аст".

Вазири умури хориҷии Амрико таъкид кард, "мо ҳар коре, ки аз дастамон биояд, анҷом хоҳем дод, то хостаҳои мардум аз дохили Эрон матраҳ шавад, то онҳо ба зиндагие, ки талабгори он ҳастанд, даст пайдо кунанд, зиндагие, ки таҳдид ва хатаре ба Ховари Миёна ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон надошта бошад".

Дар бахше аз гуфтугӯ бо Радиои Фардо, аз вазири умури хориҷии Амрико дар мавриди изҳори назари Муҳаммадҷавод Зариф дар бораи дар як замон рух додани ҳамлаи маргбор ба автобуси кормандони Сипоҳи Посдорон ва баргузории нишасти Варшава суол шуд.

Вазири умури хориҷии Эрон дар "Твиттер"-и худ бо ишора ба ҳамлаи маргбор дар Систон ва Балуҷистон гуфта буд, ки "оё ин ҳамзамонӣ нест, дуруст дар рӯзе, ки ҳамлаи террористӣ дар Эрон мешавад, сирки Варшава ҳам оғоз мешавад". Дар посух ба ин пурсиш, вазири умури хориҷии Амрико афзуд, ки "ин мавзӯъ ҳеҷ рабте ба Амрико надорад".

Теҳрон нишасти Варшаваро "зиддиэронӣ" хонд

Нишасти "Амният ва ояндаи сулҳи Ховари Миёна" рӯзҳои чаҳоршанбе ва панҷшанбе дар Варшава -- пойтахти Лаҳистон баргузор шуд ва мақомҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ин нишастро "зиддиэронӣ" хонданд ва аз қабл онро "шикастхӯрда" гуфтанд.

Аз ҷумлаи суханронони рӯзи панҷшанбе Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрико буд, ки дар мавриди афзоиши таҳримҳо алайҳи Эрон ҳушдор дод ва аз муттаҳидони аврупоии ИМА хост, то аз созиши ҳастаӣ бо Ҷумҳурии исломӣ хориҷ шаванд.

Ӯ дар суханронии худ Эронро "бузургтарин таҳдид алайҳи сулҳ ва амният дар Ховари Миёна" донист ва ҳукумати Эронро муттаҳам кард, ки бо "қудратталабиҳо"-и минтақавии худ нақшаи "Ҳолокости нав"-ро дар сар дорад.

XS
SM
MD
LG