Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси барканоршудаи Хадамоти амнияти Узбекистон боздошт шуд


Ихтиёр Абдуллоев
Ихтиёр Абдуллоев

Раҳбари барканоршудаи Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон Ихтиёр Абдуллоеви 53-сола 11 феврал ба муҳлати як моҳ ба ҳабс гирифта шудааст.

Ба гуфтаи кормандони Хадамоти давлатии Узбекистон, дар ҳоли ҳозир Абдуллоев дар боздоштгоҳи муваққатии хадамот ба сар бурда, дар ин ҷо бозпурсӣ мешавад.

Пештар расонаҳои Узбекистон хабар доданд, ки Абдуллоев 8 феврал аз мақоми худ канор рафт. Гуфта шуд, ки тайи як соли ахир ӯ худро хуб ҳис намекард ва ду ҷарроҳиро пушти сар кардааст.

Вале як манбаъ дар ҳукумати Узбекистон 11 феврал гуфт, зидди Ихтиёр Абдуллоев парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба гуфтаи як афсари Хадамоти амнияти давлатӣ, зидди Абдуллоев яке аз хешонаш Алишер Эшонхоҷаев баёнот додааст, ки ба ҳайси мушовири раҳбари хадамот кор мекард. Худи Эшонхоҷаев низ дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳ аст.

Як мансабдори наздик ба раҳбарияти Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон гуфт, Абдуллоев ва Эшонхоҷаев 11 феврал дар асоси баёноти собиқ муовини аввали раиси ХАД Ҷаҳонгир Эгамови 46-сола дастгир шуданд. Эгамов 11 январи соли равон боздошт шуда буд.

Афсари Хадамоти амнияти давлатӣ мегӯяд, фаъолияти Ихтиёр Абдуллоев тайи шаш моҳи ахир зери назорати сахт ҷараён мегирифт. Ба гуфтаи манбаъ, як бахши назоратро ронандаи худи ӯ анҷом медодааст. Раиси барканоршудаи ХАД Узбекистон дар ҳоли ҳозир ба "сӯистифода аз мақом" ва "гирифтану додани ришва" айбдор мешавад.

Манбаи наздик ба ҳукумати Узбекистон гуфт, аз 10 январ то 11 феврали соли равон ҳудуди 100 корманди ХАД боздошт шуда, зиддашон парвандаи ҷиноӣ боз гаштааст. Ба гуфтаи ӯ, Ихтиёр Абдуллоев баъди он ба "ғазаб"-и президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гирифтор шуд, ки ошкор гашт, ХАД суҳбатҳои телефонии хонаводаи ӯро гӯш карда, аъзои ин хонадонро таҳти дидбонӣ қарор додааст.

XS
SM
MD
LG