Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон 5 ҳазор тақвими созмони масеҳиро нобуд кард. ВИДЕО


Бинои Хадамоти гумруки Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон панҷ ҳазор тақвими калисои баптистӣ, як созмони масеҳиро мусодира ва нобуд кардаанд. Ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки дар кишвар назорат аз ҳама гуна фаъолиятҳои мазҳабӣ шадидан назорат шуда, созмонҳои ғайриисломӣ ҳам истисно нестанд.

Раҳмоналӣ Раҳимзода, сардори Раёсати мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ, рӯзи 14-уми феврал гуфт, "тақвимҳо аз ташхиси Вазорати фарҳанг нагузаштанд, хусусияти таблиғи дини бегонаро доштаанд."

Вақте 5 ҳазор тақвим ба кишвар ворид карда мешавад, маълум аст, он танҳо дар дохили иттиҳодияи динӣ истифода намешавад. Ин алакай қонуншиканӣ аст.

Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон нагуфтанд, ки манзур аз таблиғи дини "бегона" чист. Раҳмоналӣ Раҳимзода танҳо гуфт, ки "шомил шудан ба динҳо озод аст, вале тарғиби дини бегона дар асоси хулосаи Вазорати фарҳанг нодуруст будааст."

Панҷ ҳазор тақвими масеҳӣ моҳи декабри соли гузашта аз хориҷа ба Тоҷикистон ворид шуд, аммо дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дармонд.

Мусодираи тақвимҳои созмони насронӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Калисо: "Ин амали нодуруст аст"

Масъулони калисои баптистӣ дар Тоҷикистон рӯзи 13-уми феврал ба як расонаи масеҳӣ гуфтаанд, ки тақвимҳоро моҳи январи имсол дар ҳузури онҳо сӯзонданд ва чаҳор ҳазор сомонӣ, муодили чаҳорсад доллари амрикоӣ, низ ҷарима бастанд.​

Калисои баптистӣ дар Тоҷикистон мусодираи тақвимҳоро "амали нодуруст" хондааст. Ба таъкиди созмон, мақомоти Тоҷикистон ба онҳо гуфтаанд, ки миқдори тақвимҳои воридкардаашон аз теъдоди пайравони ин равия бештар аст.

Мақомоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки бар асоси хулосаи онҳо тақвими созмони масеҳӣ мусодира шудаанд, дар ин бора шарҳе надоданд. Дар Кумитаи дини Тоҷикистон гуфтанд, ки асли баҳс ба шумораи зиёди тақвимҳо рабт дорад.

Мушкил дар шумори зиёди тақвимҳост?

Афшини Муқим
Афшини Муқим

Афшини Муқим, сухангӯи раиси Кумитаи дин, рӯзи 14-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "вақте 5 ҳазор тақвим ба кишвар ворид карда мешавад, маълум аст, он танҳо дар дохили иттиҳодияи динӣ истифода намешавад. Ин алакай қонуншиканӣ аст. Гузашта аз ин, тақвимҳоро, ки муҳтавои динӣ доштанд, бояд пеш аз ворид кардан аз ташхиси динӣ мегузаронданд. Чунин нашуд. Ба ин хотир, Кумита баъд аз мусодира ба он хулосаи манфӣ дод."

Афшини Муқим афзуд, бар асоси қонун, созмонҳои динӣ бояд мувофиқи шумораи пайравони худ ба кишвар адабиёт ворид кунанд. Калисои баптистӣ, ба гуфтаи ӯ, ҳамагӣ дусад пайрав дорад, вале тақвими воридкардааш чанд баробар бештар аз ин рақам аст.

Forum18​: Ин як сензура аст

Сардабири вебсайти Forum18 Феликс Корлӣ, ки ба таҳқиқи вазъи дин ва озодиҳои мазҳабӣ тахассус дорад, гуфт, дар Тоҷикистон ҳама ҷомеаҳои динӣ, новобаста ба ин ки исломӣ ҳастанд ваё аз дигар ҷомеаҳо намояндагӣ мекунанд, таҳти контроли давлат қарор доранд. Корлӣ гуфт, ҳодисаи оташ задани тақвимҳо баёнгари сензура дар фаъолиятҳои динӣ мебошад. Дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ӯ гуфт:

“Дар мисоли мусодираву оташ задани тақвимҳои созмон мо шоҳиди сензура шудем. Ҷомеаҳои ғайримусалмонӣ айнан мисли созмонҳои мусалмонӣ бо маҳдудият рӯбарӯ ҳастанд, вале боз ҳам ҳукумат аз Ислом тарси бештар дорад, чунки аксари ҷомеа мусалмон мебошад”.

Ба қавли Корлӣ, мақомот аз ҷомеаҳои ғайримусалмон тақозо мекунанд, ки дар ҳаҷми шумори пайравон ва аъзои расмиашон китобу дигар мавод ворид кунанд. “Чунки онҳо метарсанд, ки онҳо ақидаҳои динии худро дар байни дигарон паҳн мекунанд. Вале ин чӣ айб дорад? Шумо ҳақ доред, ки дидгоҳҳои мазҳабии худро баён ва дар миёни дигарон паҳн кунед”.

Тоҷикистон дастикам даҳ сол боз назорат аз болои созмонҳои диниро шиддат бахшидааст. Дар ҳоли ҳозир дар кишвар беш аз 70 созмони динии ғайриисломӣ сабтином шудааст. Калисои баптистӣ яке аз онҳост. Дар гузашта теъдоди ин созмонҳо ба беш аз ҳаштод мерасид. Аммо пас аз қабули қонуни озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ дар соли 2009, ин созмонҳо маҷбур шуданд, дубора аз сабтином бигузаранд. Дар натиҷа, чанде аз чунин созмонҳо ё аз қайди давлатӣ нагузаштанд ё маҷбур шуданд, ба фаъолияти худ нуқта гузоранд.

Бархӯрди мақомоти Тоҷикистон бо созмонҳои динии исломӣ ва ғайриисломӣ солҳо боз аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ танқид мешавад.

Аз ҷумла, Амрико дар гузориши соли 2015 аз Тоҷикистон хоста буд, ки ба уҳдадориҳои байналмилалии оид ба эҳтироми озодии дин ва эътиқод пойбанд бимонад ва "сабти номи такрории созмонҳои ғайриисломӣ, маҳдудиятҳо, чоп ва воридоти адабиёти диниро бозбинӣ намояд".

Шарҳҳоро бинед (5)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG