Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Роҳпаймоии хашми модарон" дар саросари Русия


Дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербурги Русия чандин иштирокдори ҳамоиши эътирозии "Роҳпаймоии хашми модарон"-ро боздошт карданд, ки рӯзи 10 феврал бидуни иҷозати мақомот баргузор шуд.

Ба ҷонибдорӣ аз фаъоли "Русияи боз" Анастасия Шевченко, ки бар асоси банди "созмонҳои номатлуб" айбдор мешавад, дар Екатеринбург, Ярославл, Қазон, Махачқалъа, Орёл ва чандин шаҳри дигари Русия тазоҳурот баргузор шуд. Чунин тазоҳурот дар Псков низ баргузор шуд.

Додгоҳ ба Шевченко иҷозат надод, ба аёдати духтари 17-солааш биравад, ки охирҳои моҳи январ дар шуъбаи эҳёгарӣ даргузашт.

"Дар шуъбаи эҳёгарӣ даргузашт ва Анастасияро иҷозат надоданд, ки ба аёдаташ биравад. Зеро ӯ ба хотири мавқеи шаҳрвандӣ дар ҳабси хонагӣ қарор дошт. Имрӯз таъқиби модароне, ки ояндаи беҳтар, созмон додани давлату ҷомеаи беҳтарро мехоҳанд, як кори маъмулӣ ва ҳаррӯза шудааст", навиштаанд иштирокдорони "Роҳпаймоии хашми модарон" дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук.

Созмондиҳандагони ҳамоиши эътирозӣ раҳоии занон ва тамоми маҳбусони сиёсиро дар Русия талаб доранд.

Дар эътирозҳои Маскав садҳо нафар иштирок доштанд. Пулиси Петербург иштирокдорони ҳамоиши эътирозиро, ки аз тахминан 150 нафар иборат буд, бо таҳдиди истифодаи нирӯи ҷисмонӣ хост, пароканда шаванд. Ҷамъшудаҳо масири худро тағйир дода, дар кӯчаҳо ором ва бидуни шиор роҳпаймоӣ карданд. Вале бо вуҷуди ин пулис чанд касро дастгир кард.

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International Анастасия Шевченкоро маҳбуси сиёсӣ эътироф карда, аз мақомоти Русия талаб намуд, ӯро фавран озод кунанд.

XS
SM
MD
LG