Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари аз қабл эълоннашудаи сарпарасти вазорати дифои ИМА ба Афғонистон


Патрик Шанаҳан, сарпарасти вазорати дифои Амрико.
Патрик Шанаҳан, сарпарасти вазорати дифои Амрико.

Патрик Шанаҳан, сарпарасти вазорати дифои Амрико ба таври ғайримунтазира ва эълоннашуда барои дидор бо фармондеҳони артиши Амрико ва мақомҳои афғон, ба Афғонистон рафтааст. Ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки гуфтугӯҳо миёни Вашингтон ва Толибон барои барқарории сулҳ дар Афғонистон идома дорад.

Сарпарасти вазорати дифои Амрико Патрик Шанаҳан дар Афғонистон таъкид кардааст, ки ҳузури ҳукумати марказии Афғонистон дар музокироти сулҳ "муҳим аст". Оқои Шанаҳан мегӯяд, "афғонҳо дар мавриди ин, ки кишварашон дар оянда чӣ шакле хоҳад дошт, тасмим гирифтаанд. Ин мавзӯъ марбут ба Амрико нест, мавзӯе вобаста ба Афғонистон аст".

Раиси ҷумҳури Амрико тасмим дорад шумораи низомиёни кишвараш дар Афғонистон ва Сурияро коҳиш диҳад.

Сарпарасти вазорати дифои Амрико дар идома гуфт, ки аз Кохи Сафед дар мавриди коҳиши нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон, дастуре нагирифтааст. Дар ҳоли ҳозир Амрико дар Афғонистон 14 ҳазор нерӯ дорад. Тибқи гузоришҳо, раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп тасмим дорад дар доираи коҳиши ҳузури низомии кишвараш дар минтақа, шумораи низомиёни кишвараш дар Афғонистон ва низ Сурияро коҳиш диҳад.

Гурӯҳи Толибон то ба ҳол бо ҳукумати марказии Афғонистон мустақиман вориди гуфтугӯ нашудааст. Шуморе аз мақомҳои ҳукумати марказии Афғонистон низ ба таври амиқ аз ин мавзуъ нигаронӣ кардаанд. Раиси иҷроия дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ мегӯяд, Толибон нияти бозгардонидани кишвар ба даврони террор ва ваҳшатро доранд.

Рӯзи якшанбеи 10-уми январ вазорати умури хориҷии Амрико эълон кард, Залмай Халилзод, намояндаи вижаи он кишвар дар умури Афғонистон раҳсипори Белгия, Олмон, Туркия, Қатар, Афғонистон ва Покистон хоҳад шуд. Халилзод дар моҳи гузашта ҳайати кишвараш дар музокироти шашрӯза дар Қатар бо Толибонро раҳбарӣ мекард.

Ашраф Ғанӣ ва Залмай Халилзод.
Ашраф Ғанӣ ва Залмай Халилзод.

Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, "ин сафар бахше аз талошҳои умумӣ барои эҷоди зербинони раванди сулҳ аст. Раванде, ки ҳифозаткунандаи манфиатҳои миллии Амрико бошад ва сабаб шавад то ҳама тарафҳо дар Афғонистон гирдиҳам омада ва дар мавриди ояндаи кишвар ба гуфтугӯ биншинанд."

Шанаҳан дар авохири соли гузашта ба ҷои генерал Ҷим Маттис сарпарасти мақоми вазорати дифои Амрико шуд. Ҷем Маттис дар пайи мухолифат бо сиёсатҳои президент Доналд Трамп аз мақомаш истеъфо дод. Интизор меравад, ки оқои Шанаҳан рӯзҳои 13-14 феврал дар нишасти вазирони дифои кишварҳои узви созмони низомии НАТО дар Белгия ва рӯзҳои 15-17 дар Конференсияи амниятии Мюнхен дар Олмон, ширкат кунад.

XS
SM
MD
LG