Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чилпо" маро аз хонаам бехона кард" ВИДЕО


Қурбонгул Солиҳова
Қурбонгул Солиҳова

Қурбонгул Солиҳова, сокини деҳаи Ҳаёти Нави ноҳияи Хуросон, як ҳафта боз дар манзили худ шабро саҳар намекунад. Тарси ӯ аз як навъ ҳашаротест, ки дар хонаи ӯ пайдо шудааст.

“Шаб, вақте чароғро хомӯш мекунем, пайдо мешавад. Дар рӯшноӣ берун намеояд”, - нақл кард ӯ рӯзи 10-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Сокинони деҳаи Ҳаёти Нав ин ҳашаротро “чилпо” меноманд. Муҳаммадвафо, сокини деҳаи Ҳаёти Нав мегӯяд, дар гузашта чунин кирмҳоро мушоҳида карда буданд, вале дастҷамъӣ ба хона рехтанашон онҳоро ба ташвиш овардааст.

Мақомот ба хонаҳои сокинон барои маҳви “чилпо” заҳр пошиданд, аммо сокинон мегӯянд, фоида накардааст.

“Чилпо” аз навъи ҳашаротест, ки заҳраш марговар нест. Дар сернамӣ ва ҷойи ҷамъшавии пасмондаҳои хӯрок пайдо мешавад.

Ба бехатар будани ин ҳашарот Нурафшон бовар намекунад ва қарор аст то нест шудани он фарзандонашро ба хона наорад. “Хурд ҳастанд. Яке ба гӯшу бинӣ ё даҳон медарояд, магар зарар надорад?” - мегӯяд ӯ.

Тафсилоти бештари ҳодисаро бо навори “чилпо”дар гузориш видеоӣ бубинед:

“Чилпо маро аз хонаам бехона кард”
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

XS
SM
MD
LG