Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Набарди охирин" бо ҷангҷӯёни "хилофат" дар Сурия. ВИДЕО


Нерӯҳои таҳти ҳимояти Амрико дар Сурия ба охирин минтақаи зери назорати гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар шарқи ин кишвар ва дар наздикии марз бо Ироқ ҳамлаи шадид карданд. Намояндаи нерӯҳои демократии Сурия – эътилофи мухолифин, ки дар он нақши асосиро курдҳо мебозанд, дар суҳбат бо хабаргузории "Рейтер" ин ҳамларо "набарди охирин" алайҳи ҷангҷӯён номид.

Трамп гуфт, низомиёни Амрико бо эътилофи муттафиқонаш ва Нерӯҳои демократии Сурия амалан тамоми қаламрави Ироқу Сурияро аз гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" пок кардаанд.

Гузоришҳо аз "даргирии шадид"

Созмони Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Бритониё, рӯзи 10-уми феврал аз даргириҳои шадид байни ду тараф гузориш дод. Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймоҳои эътилофи зери раҳбарии Амрико маҳалли ҷангҷӯёнро ҳадаф қарор додааст.

Баъди танаффуси якҳафтаина ва хуруҷи тақрибан бист ҳазор ғайринизомӣ аз Дейр-аз-зор, Нерӯҳои демократии Сурия муҳорибаи охиринро шуруъ кард. Намояндагони Нерӯҳои демократии Сурия гуфтанд, даргирӣ хеле шадид аст, чун ҷангҷӯёни, ба қавли онҳо, "бисёр ботаҷаруба" аз охирин нуқтаи ҳузурашон дифоъ мекунанд.

Аз соли 2014 то 2017 гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” бахши аъзами қаламрави Сурия ва Ироқро дар ихтиёр дошт. Дар ин муддат ҷангҷӯёни ДИИШ дар Ироқ саркӯб шуда, муборизаи охирин бо онҳо дар Сурия идома дорад.

Боздошти ҷангҷӯёни тоҷик дар натиҷаи поккориҳо

Дар муддати камтар аз 4 соли охир беш аз 1900 шаҳрванди Тоҷикистон низ ба Ироқу Сурия рафта ва бисёре аз онҳо ба сафи гуруҳҳои ифротиву террористӣ ба мисли гуруҳи “Давлати исломӣ” пайвастаанд.

Размандагони курд дар Сурия дар ду ҳафтаи гузашта аз боздошти ду узви тоҷикистонии ДИИШ хабар доданд. Онҳо акси Муҳаммад Давлатализода, сокини 24-солаи шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ва акси Диловар Додоев, сокини 29-солаи шаҳри Исфараи вилояти Суғд ва яке аз афроди наздик ба полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимовро нашр карданд.

Ин ду нафар аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон низ дар пайгард қарор доштанд. Размандагони курд мегӯянд, дар як соли охир беш аз 500 ҷангҷӯи ин созмони тундравро боздошт кардаанд.

Рӯзҳои охирини ДИИШ дар Сурия

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Дар ҳамин ҳол, президенти Амрико Доналд Трамп эълон кард, ки ҳафтаи оянда омода хоҳад буд шикасти гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ"-ро эълон кунад. Трамп гуфт, низомиёни Амрико бо эътилофи муттафиқонаш ва Нерӯҳои демократии Сурия амалан тамоми қаламрави Ироқу Сурияро аз гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" пок кардаанд.

Рӯзи 6-уми феврал дар Вашингтон ҳайатҳои 79 узви Эътилофи зидди ДИИШ ҷамъ шуда буданд. Дар ин нишаст президенти Амрико, "мо мунтазири пешвозгирии сарбозонамон дар Ватан ҳастем".

Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:

Рӯзҳои охирини Доиш дар Сурияву Ироқ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:09 0:00

Моҳи декабри соли гузашта Трамп эълон кард, ки 2000 сарбози амрикоиро аз Сурия ба ватан бармегардонад. Мунаққидон иброз доштанд, ки беруншавии сарбозони амрикоӣ, ки ба нерӯҳои курди Сурия кумак мерасонанд, халои сиёсӣ ба вуҷуд оварда, дар натиҷа гурӯҳҳои ДИИШ ва "ал-Қоида" аз нав ҷамъбандиву ба по хоҳанд хест.

Он замон котиби давлатии Амрико Майк Помпео гуфта буд, беруншавии сарбозони амрикоӣ аз Сурия маънои онро надорад, ки Амрико ҷанг бо ДИИШ-ро хотима мебахшад.

XS
SM
MD
LG