Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар телевизион "бояд таҳлилу танқид бошад", мегӯяд раиси кумита. ВИДЕО


Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мегӯяд, розӣ аст, ки дар ин шабакаҳо бояд матолиби танқидӣ пахш шавад, то ки, ба гуфтааш, мушкилоти ҷомеа ҳалли худро пайдо кунанд. Рӯзи 7 феврал дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеаш Шоҳиён дар посух ба саволи ин ки то куҷо амри таҳия ва пахш шудани гузоришҳои танқидӣ дар шабакаҳои давлатии ТВ ва радио амалӣ мешавад, посухи якранг надод. Шоҳиён нагуфт, ки то куҷо воқеан ҳам онҳо аз паи пахши гузоришҳои интиқодӣ ҳастанд, вале гуфт, ки ҷонибдори нашри матолиби воқеъбинона дар бораи мушкилоти ҷомеа ҳастанд. Ӯ гуфт, ки шахсан худаш феҳристи мавзӯъҳои танқидиро таҳия кардааст:

“Ман қариб 80 мавзӯъ навишта ба шабакаҳои телевизионӣ пешниҳод кардам. Бояд (барномаҳои) таҳлилию танқидӣ бошанд. Сиёҳро сиёҳ ва сафедро сафед бояд гуфт”.

"Дар телевизион бояд таҳлилу танқид бошад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:51 0:00

Шоҳиён кори журналистро бо касби табиб шабоҳат доду гуфт, ки “пеш аз он ки табиб як беморро муолиҷа кунад, бояд аввал сабаби касалии ӯро аввал аниқ кунад. Журналист ҳам ҳамин хел аст. Агар ки аввал таҳлил накунем, он ба дарди касе намехӯрад”.

Ин дар ҳолест, ки шабакаҳои давлатии телевизионӣ дар Тоҷикистон ба унвони дастгоҳи таблиғи сиёсати давлат барои пахши матолиби якҷонибаи таърифӣ “дар бораи дастовардҳои кишвар” интиқод мешаванд. Мунаққидон мегӯянд, ки гузоришҳои барномаҳои хабариву иттилоотӣ бо таърифу тавсиф маҳдуд шуда, мушкилоти марбут ба бахши иқтисоду иҷтимоиёт, масоили муҳоҷират, бекорӣ ва дигар матраҳ намешавад.

Моҳи декабр хабарнигорони телевизионҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла шабакаи “Тоҷикистон” ва “Ҷаҳоннамо” дастур гирифтаанд, ки аз ин ба баъд бештар ба таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва танқидӣ пардозанд. Бино ба нусхаи рӯйхате, ки рӯзи 16-уми декабр дастраси Радиои Озодӣ шуд, ба хабарнигорони ин ду шабака дастикам то ҳафтод мавзӯи таҳлилӣ ва танқидӣ пешниҳод шудааст. Мавзӯъҳо аз сохтмонҳои нотамом гирифта, то таҳсил дар вагонҳо, роҳҳои харобу валангор, баҳси замину ифротгароӣ, ҳиҷоб, камбуди оби ошомиданӣ, партовҳо ва аз фаъолият бозмондани корхонаҳоро дар бар мегиранд. Вале аз он замон то кунун, ба қавли бархе тамошобинон, мӯҳтавои барномаҳои телевизионҳо давлатӣ зиёд тағйир наёфт.

XS
SM
MD
LG