Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович: "Маро аҳмақ карда партофтанд"


Виктор Янукович, президенти собиқи Украина, намояндагони Иттиҳодияи Аврупоро гунаҳкор кард, ки моҳи феврали соли 2014 ӯро фиреб додаанд. Янукович рӯзи чаҳоршанбе гуфт, аврупоиҳо ӯ водор намуданд, ки бо мухолифон созиш кунад, "вале баъдан аз мақом барканор шудани ӯро қонунӣ арзёбӣ намуданд".

"Маро аҳмақ карда партофтанд", - гуфт ӯ дар нишасти хабарӣ дар Маскав.

Раиси ҷумҳури пешини Украина гуфт, чанд рӯз қабл аз як муолиҷаи тиббӣ аз хориҷа ба Русия баргашт. Дар ин муддат дар ғайбаш дар додгоҳи Киев Януковичро бар асоси моддаҳои "хиёнати давлатӣ" ба 13 соли зиндон маҳкум карданд.

Ӯ гуфт, бо вуҷуди гунаҳкор эълон шудан, исми ӯ дар феҳристи афроди мавриди ҷустуҷӯи полиси байналмилалӣ - Интерпол нест ва метавонад ба ҳар кишвар сафар кунад.

Янукович ҳукумати Украинаро мавриди интиқод қарор дод ва президенти кунунӣ Петро Порошенкоро муттаҳам кард, ки намехоҳад дар кишвар сулҳ барқарор шавад. Ба қавли Виктор Янукович, Украина "макони ҷангу бесуботӣ" шудааст ва ба ин моҷаро "беихтиёр пои Иттиҳодияи Аврупо, Амрико ва Русия кашида шуд".

Ӯ, инчунин, сиёсати иқтисодии Украинаро интиқод кард ва гуфт, ки панҷ соли охир "сиёҳтарин" давра дар таърихи ин кишвари мустақил буд. Вай истиқлолхоҳии калисои православии Украинаро низ танқид кард.

Ба бовари Янукович, интихоботи президентии соли 2019 дар Украина одилона ва озод нахоҳад буд.

Виктор Янукович моҳи феврали соли 2014 дар авҷи эътирозҳои хиёбонӣ аз Киев фирор кард ва баъдан бо қарори Рада ё порлумон, аз қудрат барканор шуд. Тамоми ин солҳо ӯ дар Русия зиндагӣ мекунад ва мегӯяд, ки барканориаш ғайриқонунӣ буд.

Ҳукми додгоҳи Киев рӯзи 24-уми январи имсол содир шуд. Дар шарҳи қарори додгоҳ гуфта шуд, амалҳои Янукович боис ба "ғасби Қрим аз ҷониби Русия, шурӯи ҷанг дар Донбасс ва хисороти зиёд барои Украина шуд".

XS
SM
MD
LG