Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худойбердӣ Холиқназарзода ва Сайфулло Сафаров бознишаста шуданд


Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

Худойбердӣ Холиқназарзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, бо сабаби бознишастагӣ аз мақоми худ озод шуд. Хадамоти матбуоти президент рӯзи 5-уми феврал гуфт, Диловар Қодирзода мудири нави Маркази тадқиқоти стратегӣ таъйин шудааст. Вай то ин дам раиси Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат буд.

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, низ аз мақоми худ озод ва бознишаста шудааст.

Сафарови 66-сола аз соли 2001 ба ин тараф ба ҳайси муовин ва муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ кор мекард. Ӯ дар гузашта мушовири президенти Тоҷикистон низ буд.

Номи Сайфулло Сафаров сари чанд вақт дар робита ба шарҳи тасмимҳои ҳукумат ва ҳодисаҳо сари забонҳо мешуд. Вай моҳи сентябри соли гузашта дар нишасти ОБСЕ дар Варшава ҷониби Тоҷикистонро намояндагӣ кард ва бо чанд изҳороти худ, аз ҷумла дар бораи эҳтимоли музокирот бо мухолифон, дар сархатти расонаҳо қарор гирифт.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 5-уми феврал чанд тағйироти дигари кадрӣ сурат гирифт. Бар асоси он, Ибодулло Машраб аз мақоми муовини вазири фарҳанг ва Насриддин Исматулло аз мақоми муовини вазири умури хориҷӣ барканор шудаанд. Ибодулло Машраб ба нафақа баромада, Насриддин Исматулло сафири Тоҷикистон дар Покистон таъйин гардидааст.

Неъматулло Эмомзода аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Эрон ва Абдукарим Зарифзода аз мақоми муовини раиси Оҷонси зидди фасод барканор шудаанд. Сабаби барканории Эмомзода расидан ба синни нафақа гуфта шудааст, вале иллати барканории Зарифзода маълум нест.

Носирҷон Салим низ аз вазифаи раиси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон озод шуда, мудири Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ таъйин шудааст.

Ҳар сол дар моҳи январу феврал, дар остона ва баъди маҷлиси солонаи ҳукумат, тағйироти кадрӣ сурат мегирад. Дар тағйироти қаблӣ раисони ширкати давлатии «Тоҷик Эйр», бонки давлатии «Амонатбонк», вазири саноат ва сардори Сарраёстаи геолгияи Тоҷикистон иваз шуданд.

XS
SM
MD
LG