Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси нафақа дар нишасти хабарии Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ


Сафаралӣ Наҷмиддинов,
Сафаралӣ Наҷмиддинов,

Мизони пасти нафақа дар Тоҷикистон, яке аз масъалаҳое буд, ки имрӯз, 5-уми феврал дар нишасти матбуjтии Сафаралӣ Наҷмиддинов, директори Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар? баҳсҳоеро ба миён овард.

Сафаралӣ Наҷмиддинов дар посухи ба пурсиши хабарнигорон, ки чаро шаҳрвандон 180 сомонӣ -- як нафақаи ночизе мегиранд, иброз дошт, ки ба ин андеша розӣ шуда наметавонад. Ӯ гуфт, ба онҳое 180 сомонӣ нафақапулӣ пардохт мешавад, ки дар ҳеҷ куҷое кор накардаанду ҳиссае надоранд.

Дар ин нишаст, хабарнигорон иловатан пурсиданд, онҳое ҳам, ки cолҳои зиёде кору фаъолият кардаанд, ҳоло то 400-500 сомонӣ нафақа мегиранд ва оё ин маблағ барои рӯзгори онҳо басанда кофӣ аст? Наҷмиддинов шарҳ дод, ки ҳукумат ҳамасола кӯшиш дорад андозаи нафақаро зиёд кунад.

"Вақти гузариш буд, имрӯз муқаррароти нав таъин шуда истодааст, нафақа аз рӯи ҳиссаи сармояаашон таъин мешавад. Мувофиқи дурнамои Стратегияи милли рушди Тоҷикистон, то соли 2030 бояд сатҳи нафақаи минималӣ то 40%-и даромаднокӣ дар ҷумҳуриро ташкил диҳад, яъне то соли 2030 нафақаи шаҳрвандон ҳар сол афзоиш ёфта, на камтар аз 40 фоизи музди меҳнати миёна дар ҷумҳуриро ташкил хоҳад дод".

Бар асоси маълумоти Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, феълан нафақаи ҳадди ақал на камтар аз 180 ва нафақаи миёна бошад 309 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин нишаст масъулини ин ниҳод иброз доштанд, ки афзоиши нафақаи шаҳрванд, аз ҳиссаи маблағҳои ҷамъшудаи ӯ вобастагӣ дорад.

Ба думболи баёни ин муқаррарот, суоли дигар пешниҳод шуд, ки ҳоло шаҳрвандон ҳаҷми нафақаашро аз рӯи ҳиссагузорияш мегирад, яъне ҳар кас худаш барои худаш нафақа омода мекунад, пас аз ҷониби давлат дастгирӣ чӣ аст? Сафаралӣ Наҷмиддинов дар посух гуфт, ба афроде, ки умуман собиқаи корӣ надоранд, солона зиёда аз 180 миллион сомонӣ нафақа пардохт мешавад, ки ин дастгирии давлатӣ аст.

"135 ҳазору 108 нафар аст, ки ягон ташаккули сармоя надоранд, аммо нафақа мегиранд. Шаҳрвандоне ҳастанд, ки андози иҷтимоӣ месупоранд, лекин он маблағҳое, ки месупоранд, барои пардохти нафақаи онҳо кофӣ нест. Масалан, хоҷагии деҳқонӣ аз рӯи патент дар як моҳ 10 сомонӣ андози иҷтимоӣ месупорад, лекин ҳукумат барои таъини нафақа дар як моҳ 180 сомонӣ муайян мекунад, яъне 170 сомонии аз тарафи ҳукумат дастгирӣ меёбад",-афзуд вай.

Масъалаи дигаре, ки атрофаш саволу ҷавоби зиёд сурат гирифт, ин пешбинии имтиёзҳо барои нафақагирон буд. Директори Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таъкид намуд, ки имтиёзҳо ба ятимони кулл, маризони яккаву танҳо, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ пешбинӣ шудааст. "Дар ин самт, масалан, ирсоли онҳо ба истироҳатгоҳҳо ва пардохти кӯмакпулиҳо аст",-афзуд вай.

Теъдоди нафақахӯрон феълан дар Тоҷикистон ҳудуди 680 ҳазор будааст.

XS
SM
MD
LG