Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: "Воридоти мева аз Чин на манъ, балки кам шудааст"


Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон мегӯяд, воридоти меваро аз Чин ба кишвар манъ накардааст, вале воридоти мева аз ин кишвар ниҳоят кам шуда, дар сатҳи ночиз қарор гирифтааст.

Чанд рӯз қабл бархе аз расонаҳо аз қавли масъулони ин кумита навиштанд, ки гӯё воридоти мева аз Чин ба Тоҷикистон ба далели ошкор шудани ГМО дар таркиби он, манъ шудааст.

"Воридоти мева аз Чинро касе манъ накардааст"

Ҷамшедҷон Носиров роҳбари, шӯъбаи назорати фитосанитарӣ ва карантинӣ Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, расонаҳо ба нақл аз ӯ навиштанд, ки гӯё кумита воридоти меваро аз Чин манъ кардааст комилан дурӯғ аст ва ӯ дар ҷое чунин нагуфтааст.

Якрангу як андоза будани меваҳои чинӣ, ки дар танааш ҳатто як хол ҳам надорад, бисёриҳоро ба табиӣ будани он машкук кардааст.

"Мо лабараторияе, ГМО будани меваҷотро ташхис карда аниқ кунад надорем. Чӣ гуна ман метавонам бигӯям, ки дар он мо ГМО ёфтему манъ карда шуд?"-, иброз дошт Носиров.

Бо ин вуҷуд, масъулони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ мегӯянд, воридоти мева аз Чин ба Тоҷикистон дар соли гузаштаи 2018 хеле коҳиш ёфта дар сатҳи ночиз қарор гирифт. То соли 2018 аз Чин ба Тоҷикистон мева ба қадри қобили мулоҳиза ворид мешуд. Бинобар нишондодҳои омор соле қабл аз ин кишвар ба Тоҷикистон беш аз 250 тонна мева ворид шудааст

"Соҳибкорон соли сипаришуда аз Чин бениҳоят кам мева ворид карданд. Чунки бештари мева аз Покистон Туркия ва ҳатто Ҳиндустон ба кишвар омадааст. Лекин дар воридоти мева аз Чин мо ягон маҳудудият нагузоштем, худи соҳибкорон ба меваҳои ин кишвар таваҷҷуҳ накарданд, имсол",-гуфтанд дар Кумиитаи бехтарии озуқаворӣ .

Аксари молу коло аз Чин ба Тоҷикистон тариқи Бадахшон ворид мешавад.
Аксари молу коло аз Чин ба Тоҷикистон тариқи Бадахшон ворид мешавад.

Аз соли 2000 ба инҷониб молу маҳсулоти Чин тадриҷан бозорҳои Тоҷикистонро фатҳ карданд. Шурӯъ аз оддитарин ашёи рӯзгор мисли миқрозу сӯзан то, дегу табақ ва либосу ҷиҳози хона ва мошинҳои сабукрав.

Тоҷикистон, ки як замон бо себу нокҳои шаҳдбораш на танҳо ниёзҳои дохилии худ, балки бозорҳои кишварҳои пасошӯравиро таъмин мекард, ба рақобати боғпарварони Чин тоб наовард. Сарозер шудани ноку себҳои Чин аз соли 2005-уми ба инҷониб, ки намуди зоҳирашон хеле хубу бозоргир аст, авҷи бозорёбии Чин дарТоҷикистон буд.

"Талабот сахттар шуд, аз воридот меваи чинӣ даст кашидам"

Ҳомид Абдиев, як тоҷири тоҷик, ки ба воридоти мева аз Чин машғул буд, мегӯяд, бо фаъолият пардохтани Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ҳангоми воридоти меваҳо дар марз талабот сахттар шуд ва бинобар ин, ӯ аз воридоти мева даст кашид.

"Меваро меорӣ, дар марз якчанд санад талаб мекунанд, қоғаҳое, ки аз Чин медиҳанд, ҳамагӣ ба замони хитоӣ аст, онро бод тарҷума кунӣ. Барои ин вақт ва маблағи зиёд сар мешавад, ки барои мо фоидаоҷвар нест", гуфт ин тоҷири тоҷик.

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, талабот ба меваҳои Чин ҳам дар Тоҷикистон бо мурури замон камтар шуд. Ноку себ ва дигар меваҳои Чин дар оғоз бо намуди зоҳирии худ дар бозори Тоҷикистон пурхарид буданд.

Аммо бо мурури замон сокинон фаҳмиданд, ки меваҳои Чин таъму лаззати меваҳои худи Тоҷикистонро надорад. Якрангу як андоза будани меваҳои чинӣ, ки дар танааш ҳатто як хол ҳам надорад, бисёриҳоро ба табиӣ будани он машкук кардааст.

"Ташвиши сокинон беҷо аст"

Шавкат Саидмуродов, номзади илмҳои биология ва муттахасиси соҳаи бехатарии биологӣ мегӯяд, ташвишу гумони сокинон беҳуда нест, чун мева дар шароити табиӣ наметавонад ҳамагӣ як андоза, бидуни нуқсон ба воя расад.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

"Ҳоло давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон барои фоидовар кардани боғпарварӣ аз технологияи ГМО (тағйир додани сифату шакли меваву сабзавот дар сатҳи ген) васеъ истифода мебаранд. Истифодаи маводҳои кимиёвии нав ба нав низ хеле роиҷ аст. Бархе масъулони идораҳои давлатии мо ГМО -ро шунаванд, заҳр мепиндоранд. Ҳол он, ки ин тавр нест. Барои исботи зараровар будани ГМО ҳар як навъи меваро дар алоҳида санҷидан зарур аст. Танҳо пас аз тахис ва хулосаи асосноки илмӣ метавон гуфт, ки ин ва ё он маҳслуот зиён дорад ва ё не”.

Саидмуродов гуфт, чанд соле пеш ба Ҳукумат пешниҳод карда буд, ки лабараторияи вижаи амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон таъсис дода шавад, ки дорои асбобҳои муосир аст ва метавонад ҳар навъ хӯрок, мева ва ё, хошоки паррандаву чорворо, ки аз хориҷа меояд, ташхис карда муайян намояд, ки то куҷо он ба саломатии шаҳрвандони кишвар бехатар аст.

Ҳукумати Тоҷикистон танҳо соли гузашта дар назди оҷонсии "Тоҷикстандарт" лабараториеяеро таъсис дод, ки қодир аст маводи ГМО-ро ташхис диҳад. Аммо то ин замон ин ташхисгоҳ аз кашфи ГМО хабар надодааст.

XS
SM
MD
LG