Президенти Туркия аз тамосҳо "дар сатҳи поин" байни кишвараш ва мақомҳои ҳукумати марказии Сурия хабар додааст. Анқара аз муҳимтарин мухолифони Башор Асад дар минтақа буд ва аз бархе аз гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати марказии Сурия ҳимоят мекунад.
Ҷанги маргбор ва пурфарозу нишеби дохилӣ дар Сурия, кишварҳои минтақаро ба ду гурӯҳи асосӣ -- яъне тарафдорон ва мухолифони Асад тақсим кард. Туркия дар миёни мухолифони раиси ҷумҳури Сурия қарор дошт -- ҳарчанд тайи ин ҳашт сол таҳаввулоти наве дар Ховари Миёна ва дар сатҳи ҷаҳон, ва низ муносибатҳои Анқара ва дигар кишварҳо рух додааст.
Сухангӯи раёсати ҷумҳури Туркия соли гузашта ҳаргуна тамос байни Анқара ва Димишқро радд карда ва гуфта буд, ки Асад бояд дар ниҳоят аз қудрат биравад.
Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия авохири соли гузашта гуфта буд, кишвараш ва дигар кишварҳо ҳамкорӣ бо Асадро дар сурате, ки ӯ дар як интихоботи демократӣ пирӯз шавад, мадди назар хоҳанд гирифт.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон аммо рӯзи якшанбеи 3-юми феврал дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии TRT -- радио ва телевизиони давлатии Туркия гуфтааст, ки тамосҳое байни ду тараф вуҷуд дорад. Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфтааст, "сиёсати (равобит) хориҷӣ дар баробари Сурия дар сатҳи поин идома дорад."
Ӯ афзудааст, ки кори созмонҳои истихборотӣ аз сиёсатмадорон фарқ мекунад. "Робитаи раҳбарони кишварҳо мумкин аст қатъ шавад. Аммо созмонҳои истихборотӣ метавонанд ба ончи манфиатҳои дуҷониба тақозо мекунад, идома диҳанд",-афзудааст Эрдуғон.
Раиси ҷумҳури Туркия мегӯяд, "ҳатто агар душмане дорӣ, набояд робитаҳоятро комилан қатъ кунӣ. Баъдан ба он эҳтиёҷ хоҳӣ дошт". Эрдуғон айни замон гуфтааст, "мо дар пайи тақсимшавии Сурия нестем". Ӯ мегӯяд, кишвараш ҳамроҳи Эрон ва Русия -- муҳимтарин тарафдорони Башор Асад, таъкид доранд, ки Сурия набояд тақсим шавад.
Раиси ҷумҳури Туркия ҳамчунин таъкид кардааст, минтақаҳое дар шимоли Сурия, ки зери назорати ниманизомиёни курд қарор доранд, наметавонад танҳо тавассути эътилоф бо раҳбарии Амрико контрол шавад ва низ нерӯҳои Туркия бояд дар он ҳузур дошта бошанд.
Минтақаи амн дар марзҳои Сурия ва Туркия пешниҳоде аст, ки барои пешгирӣ аз даргирии эҳтимолӣ байни нерӯҳои Туркия ва ниманизомиёни курд матраҳ шудааст. Ниманизомиёни курд аз ҳимояти Амрико бархӯрдор ҳастанд, аммо Анқара онҳоро гурӯҳҳои террористӣ медонад.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон моҳи гузашта дар ҷараёни сафараш ба Маскав бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар мавриди Сурия гуфтугӯ карда буд. Бинобар гузоришҳо, Путин аз Эрдуғон хостааст, то Анқара ва Димишқ ба иҷрои тафоҳумномаи "Адана" бозгарданд. Ин тафоҳумнома дар охирҳои қарни бистум имзо шуда буд ва паёмадҳои нисбатан муҳиме дар робитаҳои Анқара ва Димишқ, пеш аз ҷанги дохилии Сурия дошт.
Туркия дар ҷараёни ҷанги дохилии Сурия аз иддае аз гурӯҳҳои мухолифи Башор Асад ҳимоят кард. Сухангӯи раёсати ҷумҳури Туркия соли гузашта ҳаргуна тамос байни Анқара ва Димишқро радд карда ва гуфта буд, ки Асад бояд дар ниҳоят аз қудрат биравад.
Дар ҷанги ҳаштсолаи Сурия беш аз ним миллион нафар кушта шуданд. Бино бар омори мавҷуд, дар ин ҷанг афрод аз ҳама бештар байни солҳои 2013 ва 2014 кушта шуданд. Атрофи Димишқ, шаҳрҳои Ҳалаб, Ҳимс, Идлиб, Даръо ва Ҳимо аз ҷумлаи минтақаҳое ҳастанд, ки шоҳиди даргириҳои хунин буданд.