Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон: "Агар дар Венесуэла интихобот эълон нашавад, мо Гуайдаро эътироф мекунем"


Хуан Гуайдо
Хуан Гуайдо

Ба дунболи Амрико, Олмон ва кишварҳои дигари Иттиҳоди Аврупо омодаанд, ки Хуан Гуайдоро раҳбари муваққатӣ ва қонунии Венесуэла эътироф кунанд, агар дар фурсати наздик дар ин кишвар интихоботи нав эълон нашавад.

Тавре намояндаи ҳукумати Олмон Штеффан Зайберт рӯзи 25-уми январ гуфт, Олмон наметавонад президенти феълии Венесуэларо, ки соли гузашта дар интихоботи ноозод ва ноодилона пирӯз шуд, раҳбари қонунӣ эътироф кунад.

Назари ба ин монандро вазири умури хориҷии Испания баён кард. Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Федерика Моғеринӣ қаблан ба баргузории интихоботи озоду одилона даъват намуд.

Николас Мадуро худро президенти қонунии Венесуэла медонад ва аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ суҳбат мекунад, ки ба гуфтаи ӯ мухолифонаш бо кумаки Амрико пиёда мекунанд.

Хуан Гуайдо - раҳбари Ассамблеяи миллӣ - рӯзи сешанбе худро раҳбари муваққатии Венесуэла эълон кард ва Мадуроро ғосиб номид. ИМА, Канада ва аксар давлатҳои Амрикои Лотинӣ ӯро эътироф карданд. Русия, Чин, Туркия ва як идда кишварҳои дигар аз Мадуро пуштибонӣ мекунанд. Мадуро ҳамчунин аз пуштибонии генералҳои кишвараш бархӯрдор аст.

Николас Мадуро қудратро дар Венесуэла соли 2013 ба даст овард. Он замон ӯ дар интихоботе пирӯз шуд, ки пас аз марги раҳбари пешини ин кишвар Уго Чавес сурат гирифт. Мадуро барои риоя накардани меъёрҳои демократӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон танқид мешавад.

Венесуэла ба буҳрони шадиди иқтисодӣ гирифтор аст. Соли 2018 нишондиҳандаи таваррум дар кишвар аз хатти миллион дар сад гузашт. Се миллион нафар кишварро тарк кард.

XS
SM
MD
LG