Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнон созишномаи "Ҷумҳурии Македонияи Шимолӣ"-ро тасдиқ кард


Нахуствазири Юнон Алексис Тсипрас ҳангоми раъйдиҳӣ. 25 январ, 2019
Нахуствазири Юнон Алексис Тсипрас ҳангоми раъйдиҳӣ. 25 январ, 2019

Порлумони Юнон созишнома дар бораи тағйири номи Македония ба Ҷумҳурии Македонияи Шимолиро тасвиб кард. Дар ин бора нашрияи "Нефтемпорики", чопи Афина, рӯзи 25-уми январ хабар дод. 153 намояндаи мардумӣ аз тағйири номи Македония пуштибонӣ ва 146 нафар мухолифат карданд.

Қаблан бинобар баҳсҳои номи нави Македония ҳукумати эътилофии Юнон аз ҳам пошид. Дар эътирозҳои зидди тағйири ном дар Афина бинобар рӯзи боронӣ одами зиёд иштирок накард. Ба тағйири номи кишвари ҳамсоя ба Ҷумҳурии Македонияи Шимолӣ 70 дар сади юнониҳо мухолифат доранд.

Созишномаро соли гузашта нахуствазири Юнон Алексис Тсипрас ва ҳамтои ӯ аз Македония Зоран Завев дар соҳили кӯли Преспа имзо карданд, ки Македонияро аз Юнон ҷудо мекунад. Бо тасвиби созишнома дар порлумони Юнон роҳи Македония ба узвияти Иттиҳоди Аврупо ва НАТО боз мешавад.

Созишномаи Преспа аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ, ки мехоҳанд нуфузи Русияро дар Балкан маҳдуд кунанд, пуштибонӣ ёфт. Аммо ба ин санад асосан миллатгароёни Македония ва Юнон мухолифат доранд ва мегӯянд, он ба тарафи муқобил фоида меорад.

Юнон то ин замон узвияти Македония, давлати Югославияи собиқ ба Иттиҳоди Аврупоро масдуд мекард. Дар Афина ба ин назар буданд, ки агар ин давлат “Македония” боқӣ бимонад, дар оянда метавонад барои минтақаи ҳамном дар Юнон даъво кунад.

XS
SM
MD
LG