Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷараёни эътирозҳои Венесуэла дастикам 14 нафар кушта шуд


Эътирози ҷонибдорони мухолифин алайҳи президент Мадуро. 23 январ, 2019
Эътирози ҷонибдорони мухолифин алайҳи президент Мадуро. 23 январ, 2019

Биноба маълумоти ахир, дар ҷараёни эътирозҳои Венесуэла, ки чанд рӯз боз давом дорад, камаш 14 нафар ҷон бохт. Беш аз 200 нафар боздошт шуд. Президенти кишвар Николас Мадуро мухолифинро ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ муттаҳам кард. Рӯзи 23 январ садҳо ҳазор нафар ба кӯчаҳои Каракас баромад. Онҳо истеъфои Мадуроро талаб доранд.

Ҳамзамон бо эътирози зидди Мадуро тарафдорони ӯ низ даст ба тазоҳурот заданд. Аммо теъдоди онҳо зиёд набуд. Мадуро ИМА-ро ба даст доштан дар табаддулоти давлатӣ муттаҳам кард.

ИМА, Канада ва як қатор давлатҳои Амрикои Лотинӣ эълон карданд, ки раҳбари Ассамблеяи миллии Вэнесуела Хуан Гуайдоро раҳбари муваққатии ин кишвар эътироф мекунанд. Рӯзи гузашта ӯ масъалияти президентро бар дӯш гирифт ва ба ғасби ҳукумат аз ҷониби Мадуро хотима гузошт. Гуайдо таъсиси ҳукумати муваққатӣ ва интихоботи президентиро кафолат дод. Ӯ барои дарёфти пуштибонӣ ба артиши кишвар муроҷиат кард, аммо ҷавоби рад гирифт.

Русия, Туркия, Эрон, Мексика, Куба ва Боливия аз Мадуро пуштибонӣ карданд.

Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков таҳаввулоти Венесуэларо кӯшиши ғасби ҳукумат номид. Ба гуфтаи Песков, Мадуро аз Маскав кӯмаки молӣ ё низомӣ дархост накардааст.

Иттиҳоди Аврпуо аз Каракас даъват кард, ки ҳуқуқи шаҳрвандон ба эътирозҳои осоиштаро риоя кунад, аммо аз эътирофи Хуан Гуайдо ҳамчун раҳбари муваққатӣ худдорӣ кард. Брюссел аз Венесуэла даъват намуд, ки интихоботи демократӣ баргузор кунад.

Дафтари дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хостори пешбурди муколамаи сиёсӣ дар он кишвар шуд.

Николас Мадуро қудратро дар Венесуэла соли 2013 ба даст овард. Он замон ӯ дар интихоботе пирӯз шуд, ки баъди марги раҳбари пешини ин кишвар Уго Чавес сурат гирифт. Мадуро барои риоя накардани меъёрҳои демократӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон танқид мешавад.

Венесуэла ба буҳрони шадиди иқтисодӣ гирифтор аст. Соли 2018 нишондоди таварум дар кишвар аз хати миллион дар сад гузашт. Се миллион нафар кишварро тарк кард.

XS
SM
MD
LG