Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ленин зӯр буд..." Назари тоҷикон ба низоми сохтаи "доҳии пролетариат". ВИДЕО


Қолифурӯше дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ

Замоне пайкара ё тасвирҳои Владимир Ленин барои аксар сокинони Тоҷикистон ошно ва маҳбуб буд ва тақрибан дар ҳама гӯшаҳои кишвар мактабу хиёбонҳои бузург номи ӯро доштанд. Владимир Ленин, ки чун "доҳии пролетариатҳои ҷаҳон" дониста мешавад, дар асарҳо ва ашъор тавсиф мешуд.

Ҳоло доираҳои зиёде шахсияти Ленинро ба баҳс мекашанд ва таъсири амалкардҳояшро ба мардуми тоҷик баҳогузорӣ мекунанд. Ҳар нафар бо такя ба бардоштҳои худаш аз Ленин қисса мекунад.

Иддае репрессияи замони Шӯравиро натиҷаи таълимоти Ленин медонанд, ки ба хотири он одамони бисёре бегуноҳ бадарға ва дар ниҳоят қатл шуданд.

Ба гуфтаи яке аз ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ, "Ленин шахси бузург буд". Ҳамсӯҳбати дигари Радиои Озодӣ ҳам мегӯяд, "шубҳае нест, ки Владимир Ленин яе аз шахсиятҳои барҷастаи асри 20 ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд Маркс ва Энгелс пояи сотсиализмро гузоштанд, Ленин онро амалӣ кард."

Сиёсати муттаҳидкунандаи Ленинро бархе фоҷиаи миллат медонанд. Онҳо мегӯянд, ҳарчанд тоҷикон ба тамаддуни Аврупо баъд аз "инқилоби ленинӣ" наздик шуданд, аммо асли худро бохтанд. "Маҳз сиёсати ленинӣ решаи фарҳанги моро бурид. Барои мисол, муҳимтарин иштибоҳ дар ин роҳ, иваз кардани хатти форсӣ буд. Гузашта аз ин, мо аз марказҳои фарҳангии худ канда шудем",-мегӯяд ин сокини Душанбе

Аммо бархе ин аз худ буриданҳоро он қадар талафоти бузург намедонанд ва мегӯянд, ки ба беҳтар аз он расидем: "Оне, ки мо ба ин давлати абарқудрат дохил шудем, ин комилан дуруст буд. Миллати тоҷик пас аз Инқилоби Октябр таъриху тамаддуни худро бори дигар пойбарҷо намуд. Мо дар як арсае будем, ки тақрибан маданияти худро бой дода будем. Аммо тавассути ин давлати абарқудрат тавонистем як бори дигар побарҷо монем".

Назари тоҷикон ба низоми сохтаи Владимир Ленин
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:29 0:00

Сокинони оддии Тоҷикистон ҳанӯз аз Ленин бештар ба хубӣ ёд мекунанд. Мегӯянд, муҳим, гурусна ва луч набуданд. Як сокини ҷавони Душанбе дар ин робита гуфт, ки аз замони шӯравӣ бештар хубиҳояшро шунидааст ва ҳамаи шароит барои рӯзгор муҳайё будааст. Ӯ мегӯяд, ки дар муқоиса ба он замон, ҳоло қиматӣ дар ҳама ҷо ҳукмфармост.

"Бо роҳбарии Ленин мардум шӯриш бардошт, камбағалро соҳиби нон кард. Камбағал ҳафтод сол соҳиби нон буд. Соҳиби эҳтиром буд. Бойҳо мехостанд фақат худашон бошанд ва 10-20 нафари дигар ба ӯ хидматгор бошанд. Албатта, ҳамин одамҳо сар бароварданд, яроқ гирифтанд. Зидди ҳукумат, зидди халқ ҷангро сар карданд. Аммо инҳоро зад, саркӯб кард. То инҳоро саркӯб намекард, ҳукумат барпо намешуд",-гуфт як марди солманди сокини пойтахт.

Иддае дигар репрессияи замони Шӯравиро натиҷаи таълимоти Ленин медонанд, ки ба хотири он одамони бисёре бегуноҳ бадарға ва қатл шуданд. "Аз ин лиҳоз агар фикр кунем, ин хуб мебуд, ки Тоҷикистон худаш алоҳида ҳамчун давлат эътироф мешуд. Ин хубтар мебуд, аз он, ки дар ҳайати Шӯравӣ бошад",-гуфт яке аз ҳамсӯҳбатони дигари РО.

Аммо як ҳамсӯҳбати дигари мо бо муқоисаи ҷиҳатҳои мусбат ва манфии режими сохтаи Ленин гуфт, "аввалин коре, ки Шӯравии собиқ дар ҳудуди Осиёи Миёна анҷом дод ин маҳви бесаводӣ буд. "Барои ин кор ба онҳо мешавад сипос гуфт. Аммо беадолатӣ ва репрессия ҳам буд. Ба ҳар ҳол, тарафи мусбаташ нисбат ба манфӣ зиёдтар аст",-хулоса кард ин мусоҳиби мо.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG