Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи афсарони эҳтиётии Туркманистон аз кишвар мамнуъ шуд


Сарбозони артиши Туркманистон
Сарбозони артиши Туркманистон

Туркманистон берун рафтани сарбозони эҳтиётӣ ба хориҷи кишварро мамнуъ кард. Аз моҳи ноябр афсарони эҳтиётиро ба комиссариатҳои ҳарбӣ даъват ва аз онҳо талаб мекунанд, ки дар макони сабти номашон ҳозир бошанд. Дар ин бора бахши туркмании Радиои Озодӣ бо такя ба манбае дар ниҳоди низомии Туркманистон хабар медиҳад.

Комиссариатҳои низомӣ дастур гирифтаанд, ки мардҳои то 50 соларо ба манзури коршоям будани онҳо дар амалиёти низомӣ мавриди санҷиш қарор диҳанд,- гуфтааст ин манбаъ ба Радиои Озодӣ.

Қариб тамоми навоҳии наздимарзии Афғонистонро, ки бо Туркманистон марзи муштарак доранд, ҷангиёни мусаллаҳ, асосан Толибон назорат мекунанд, мегӯяд бахши Туркмании Радиои Озодӣ. Тӯли марзи байни Туркманистон ва Афғонистон 800 километр аст ва эҳтимоли даргириҳо дар марз мақомоти низомиро нигарон кардааст.

Манбаи низомӣ ба бахши туркмании Радиои Озодӣ дар бораи "вазъи ногувор"-и артиши Туркманистон хабар додааст. "Мо аз таҷрибаи пешбурди ҷанг бархурдор нестем. Фармондеҳӣ музокирот бо Толибон ва гурӯҳҳои дигар ва "харидан"-и онҳоро ягона илоҷи кор медонанд. Ҳамеша ҳамин тавр буд, ин шева аз замони раҳбарии Сафармурод Ниёзов амал мекард. Ӯ мегуфт, шумо кишварро ҳимоя накунед, ман худам ҳимоя мекунам, шумо равед пахта чинед ва ба кишоварзӣ машғул шавед", навиштааст бахши туркманӣ аз қавли ин манбаъ.

Аввали моҳи январи соли 2019 нашрияи "Хроника Туркменистана" низ аз оғози даъвати афсарони эҳтиётӣ ба комиссариатҳо хабар дод. Аз тамоми мардҳое, ки дар идораҳои давлатӣ ва муассисаҳо кор меунанд, талаб шуд, ки оҷилан билети ҳарбии худро ба бахши кадрҳо таслим кунанд.

XS
SM
MD
LG