Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси 100 акси Ратушенко. Додгоҳ ба нафъи аксбардор ҳукм кард. ВИДЕО


Геннадий Ратушенко, аксбардори маъруф.

Аксбардор Геннадий Ратушенко дар баҳси додгоҳӣ бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, баранда шудааст.

Ин аксбардори маъруфи Тоҷикистон аз Палатаи савдо ва саноат тақозо дошт, ки барои намоиши беиҷозати суратҳояш дар Маскав, 140 ҳазор сомонӣ (15 000 доллар) товон пардозад.

Геннадий Ратушенко солиёни зиёд раисҷумҳур Эмамолӣ Раҳмонро дар сафарҳояш ҳамроҳӣ ва ҷараёни сафарҳои кориву расмии ӯро дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он нашр кардааст.

Аз "Маркази мустақили ҳимоят аз ҳуқуқи инсони Тоҷикистон", ки дар баҳсҳои додгоҳӣ аз ҳуқуқҳои Ратушенко ҳимоят мекард, рӯзи 22-юми январ ба Радиои Озодӣ иттилоъ доданд, ки баъд аз даҳ моҳи баррасии парванда дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, қазия қисман ба нафъи ин аксбардори маъруфи тоҷик ҳал шуд.

Додгоҳ Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистонро муваззаф кард, ки ба Геннадий Ратушенко 41 ҳазору 820 сомонӣ пардохт намояд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Аккоси тоҷик дар баҳси додгоҳӣ бо Палатаи савдо пирӯз шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:55 0:00

Ба иттилои Шоира Давлатова, раиси "Маркази мустақили ҳимоят аз ҳуқуқи инсон", Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур дар ин баҳс Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистонро барои "нақзи ҳуқуқи муаллиф" гунаҳкор кардааст. Ҳукми додгоҳ дар ин робита рӯзи 14-уми декабри соли гузашта содир шудааст.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур.
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур.

Додгоҳ ҳамчунин Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки ба Ратушенко барои қарордоди муаллифӣ ҳудуди 40 ҳазору 820 сомонӣ ҳамчун зарари маънавӣ пардохт намояд. Айни ҳол, додгоҳ талаби Геннадий Ратушенкоро дар мавриди пардохти 49 ҳазор сомонӣ зарари боқимондаро ба таъхир гузоштааст.

Геннадий Ратушенко рӯзи 22-юми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз нашри хабар дар расонаҳо, як масъули Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо ӯ дар тамос шуда ва гуфтааст, аз рӯи ҳукми додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд.

Ба гуфтаи оқои Ратушенко, Палатаи савдо ва саноат ҳоло роҳи созишро бо ӯ ҷустуҷӯ дорад. Аммо ин аксбардори маъруф мегӯяд, ки талаби Палатаи савдо ва саноатро танҳо пас аз қабули шартҳояш, ки таъйини маоши собити 500-сомонӣ ва ҷудо кардани 1 метри мукааб ҷойи ройгон барои намоиши аксҳояш мебошад, хоҳад пазируфт. Геннадий Ратушенко афзуд, аммо бовар надорад, ки тарафи баҳс ин шартҳои ӯро қабул кунад.

Фирӯза Камолиддинова, вакили мудофеи Геннадий Ратушенко ҳам рӯзи 22-юми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон зоҳиран ба Ратушенко ин маблағро пардохт карданӣ нест ва роҳҳои созишро ҷустуҷӯ дорад.

Баҳс аз куҷо сар зад?

Ратушенкои 78-сола даъво дошт, ки Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон тобистони соли 2011 дар намоишгоҳи бахшида ба таъсиси СНГ сад акси ӯро истифода карда ва ҳаққи муаллифиашро нақз намуд.

Геннадий Ратушенко қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, дар гузашта бо Палатаи савдо ва саноат ҳамкорӣ дошт ва бо фармоиши онҳо акс мебардошту барои ин кор пул мегирифт. Ӯ гуфт, соли 2011 Лариса Кислякова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноат, хостааст, ки барои иштирок дар намоишгоҳи Маскав аксҳоро омода кунад.

"Кислякова аз ман расмҳои омодашударо гирифт ва ба Маскав фиристод. Дар намоиш расмҳо ва лавҳаҳои мавзӯии омоданамудаи ман ба намоиш гузошта шуданд. Вақте ҳаққи қаламро талаб кардам, гуфтанд, ки ин чорабинӣ ба мо дахл надорад", - афзуд ӯ.

Геннадий Ратушенко.
Геннадий Ратушенко.

​Ба гуфтаи Ратушенко, ӯ аксҳои худро дар як CD дар ихтиёри мақомоти Палатаи савдо гузошт ва онҳо бо истифода аз онҳо стенд ё намоишгоҳи марбут ба Тоҷикистонро омода карданд. Ин суратгир мегӯяд, дар даст шартномаи ҳамкории дуҷониба бо Палатаи савдо ва саноатро дорад, аммо ин санадро он замон раҳбари ин сохтор имзо накард.

"Бо назардошти инки қаблан ҳам бо ин муассиса ҳамкории хубе доштем, шартномаи фармоиши ҳаққи муаллифиро таҳия кардам. Аммо дар идора ҳамеша таъкид мекарданд, ки "ҳоло раис нест" ва ё "мо ҳатман маблағи шуморо медиҳем", "ками дигар сабр кунед"... Ҳамин тариқ маро мутмаин мекарданд, ки бояд сабр кунам", - мегӯяд Ратушенко.

Шарҳи дигаргунаи Палатаи савдо

Аммо мақомоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ин даъворо беасос номида ва шароити музокирот бо аксбардорро дигаргуна шарҳ дода буданд. Аз ҷумла, онҳо гуфта буданд, аксҳо "бо фармоиши Палатаи савдо ба намоишгоҳ пешниҳод нашудааст".

Аксбардори машҳур Геннадий Ратушенко солиёни зиёд раисҷумҳури Тоҷикистон Эмамолӣ Раҳмонро дар сафарҳояш ҳамроҳӣ ва ҷараёни сафарҳои кориву расмии ӯро дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он нашр кардааст. Мегӯяд, барои кораш аз дасти президент мукофотҳои зиёд гирифтааст. Ӯ ҳоло мустақилона кор карда, студияи аксбардории худро ҳам раҳбарӣ мекунад.

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG